Нақд бар назарияи “ Ҷаҳонбини оянда” “9”
Оё ҷон вуҷуд дорад?
– Не, ҷон вуҷуд надорад. Балки мафҳуми ҷон барои ифодаи функсияҳои физиологии ҷисми инсон истифода мешавад. Дар фарҳанги сомӣ ҷонро «нафас» мегўянд. Мо ҳам дар китобҳои гузаштаамон онро бо истилоҳи «нафс» ном мебурдем. Як китоби муҳими фалсафии Ибни Сино (980-1037) «Наҷоти нафс» ном дорад. Китоби дигарашро «Шифои нафс» номидааст. Дин ва фалсафаи гузашта «нафс»-ро абадӣ ва ҷовидонӣ ҳисоб мекарданд. Ба ин сабаб ки гўё ҷон ва ё нафси мо одамон порае аз нафси Худо будааст. Худо аз Осмон ба воситаи фариштае ин нафсро дар бадани Инсон ҷойгир кардааст. Барои ҳамин ҳам, дар ҳамаи динҳо мегўянд, ки баъди марги инсон ҷисмаш нест мешавад, вале нафсаш боз ба назди Парвардигор бармегардад. Чун худи Парвардигор абадӣ ва ҷовидонӣ аст, ба баракати рўҳи худоӣ рўҳ ва нафси инсонӣ ҳам абадӣ ва ҷовидонӣ гаштааст. Ин аст хулосаи абадияти ҷон, нафс ва рўҳи Инсон аз нигоҳи дин. Ин се калима бо ҳам муродиф ва ҳаммаъно мебошанд. Истилоҳи «ҷон» ба таври расмӣ 10 ҳазор сол пеш дар аввалин эътиқодот ва диёноти башарӣ сабт гардида буд. Аз он замон то имрўз бо шаклу намудҳои гуногун дар ҳамаи динҳо ва фалсафаҳои миллатҳои гуногун дучор меояд. Ҳамин ки илм ҷисми инсонро аз мурдан наҷот дод, мо ҳам аз истилоҳи «ҷон», «нафс» ва «рўҳ» наҷот меёбем. Ҷон то имрўз кафили абадияти шахсияти мо буд. Ва ҳоло ҳам барои навад дарсади мардуми олам кафили абадияти шахсияти ҷисмонӣ ва рўҳонии онҳо мебошад. Илми физиология, ки вазифаҳои аъзои бадани инсонро меомўзад, истилоҳеро бо номи «ҷон», «нафс» ва «рўҳ» қабул надорад ва эътироф намекунад.
Нақд
- Ин ки ҷон ё нафс ғайр аз бадан аст ё не, чизе ҳаст, ки инро худи инсон дар умқи вуҷудаш меёбад, ки бешак ҳаст. Илова бар ин ки дар худаш нафсро миёбад бо далели ақлӣ низ собит шудааст.
Барои мисол: ҳангоме ки мегӯем: ин китоби ман аст, дар инҷо ман ғайр аз китоб ҳастам, ҳамаон тавр мегӯем: ин дасти ман аст, ҳоло инҷо суол ки ман ки ҳастам то инки ин даст аз ман бошад. Ва ҳаминтавр тамоми аҷзои баданро мегуем, сари ман, пойи ман, чашми ман... .
Пас ман ҳамон нафс ва руҳ ё ҷон ҳастам ва ин бадан бо тамоми аҷзояш мутаъалиқ ба ман ҳастанд. Ва ҳамчунин
агар нафс набошад инсон мисли санг ва чуб ҳаракат намекард.
Ва ҳаминтавр хоб дидан ва корҳои ки муртозони ҳинди мекунанд ва эҳзори руҳ, ва... .
Инҳо ҳама далел ва исботи нафс аст.
2) Нафс мавҷуди моддӣ нест, ки битавон ӯро бо илми таҷрибӣ ва физикӣ (ки танҳо маҳсусотро дарк мекунад), қобили исбот бошад. Ҳарчанд бо таҷрубаи шахсӣ инсон ӯро меёбад. Мисли ин ки ҳангоме хоб меравад, дар ҳоли ки рӯи тахт баданаш хоб аст, вале нафсаш дар ҷойҳои дигар сайр мекунад.Аммо исботи нафсро барои дигарон аз роҳи далели ақлӣ бояд собит кард, бар ин асос иддаоҳое, ки онҳо карданд як фарзияи бедалелест ва инсони оқил илми қатъӣ ва бешакро канор намегузорад ва тарафи фарзияи бедалел бигирад.
3) дар ин ки кадом илм ва ё бо қадом роҳ, нафс ва ҷон ё руҳ ро мешавад шинохт ва дарк кард, бояд гӯфт роҳи шинохташ роҳи ақлу шуҳуди ботини ва ё ҳисси даруни аст на бо ҳавоси панҷгона (чашму гушу ламс ва шунидан ва чашидан) ва илми таҷрибии зоҳири ва ё ҳамон физиология. Ҳамонтавреки роҳи андозагири ва чен кардан, мутаносиб бо худи ҳамон чизе аст, ки бояд андоза ва чен кардашавад, мисол: андозаи обро бо литр ва андозаи хокро бо килаграм ва андозаи заминро бо метр ва ... месанҷан ва мешносанд. Лизо илми физиология бо моддиёт кор дорад ва тавони исбот ё рад кадани мавҷуди ғайри моддиро ки монанд наф ва фаришта ва ...ро надорад.
Бори ҳамин аст, ки илми физиология, ки вазифаҳои аъзои бадани инсонро меомўзад, истилоҳеро бо номи «ҷон», «нафс» ва «рўҳ» қабул надорад ва эътироф намекунад.