Таҳия кунанда: Ҳабибуллоҳи Маннон
Ба зуди нишонаҳои Худро дар осмонҳо ва дар нафсҳояшон ба онон нишон медиҳем то рушан шавад, ки ӯ ҳақ аст. Оё кифоят намекунад, ки Худо бар ҳар чиз шоҳид аст.
سَنُرِيهِمْ آيَاتِنَا فِي الآفَاقِ وَفِي أَنفُسِهِمْ حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُ الْحَقُّ أَوَلَمْ يَكْفِ بِرَبِّكَ
أَنَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ
(Фуссилат,53)
Роҳҳои шинохти Худовандро донишмандон дар тақсимоти илмии худашон ба чанд даста тақсим кардаанд. Яке аз он роҳҳо тафаккур ва тадаббур дар олами ҳастӣ мебошад. Инсони оқил бо каме диққат дар ин ҳама мавҷудоте,ки дар олам аст, метавонад ба вуҷуди офаридагори олам пай бибарад. Дур наравем агар ба наҳваи сохтори худамон ба тафаккур бипардозем бедаранг ба қудрат ва илми холиқи худамон хоҳем расид. Дар ин навиштор ба баъзе аъзои инсон ва наҳваи хилқати ӯ ишора шудааст шояд, ки битавонем азамат ва қудрати Худои Мерубонро бишносем ва Ӯро онгуна, ки шоистаи ибодат аст, ибодат кунем.
Гушт аз оҳан ҳам сахттар аст
Оё бовар доред, ки гушт аз оҳан ҳам сахттар аст. Агар бовар надоред ду тика оҳанро як мудат кутоҳ дарҳам бикашед мебинед, ки оҳанҳо соида шудаанд. Мошинҳо, ҳавопаймоҳо, корхонаҳо, пас аз мудате аз кор уфтода ва дигар қобили истифода намебошанд. Ҳоло ба қалби солими инсонҳо бингаред мебинед, ки ба таври маъмул дар ҳар дақиқае ҳафтод бор ва дар ҳар соате 4200 бор ва дар ҳар шабонарӯз 100800 ва дар як сол 36792000 бор боз ва баста мешавад. Дар ҳар бор қалб хунро бо фишор берун медиҳад ва сипас онро мемакад ва ба сӯӣ худ боз мегардонад. Шаб ва рӯз кор мекунад ва даме осоиш надорад. Рузгори дароз бо ин равиш кори худро идома медиҳад ва андак хилале дар кораш роҳ намеёбад. Кадом оҳанеро суроғ доред, ки дар як сол 36 милёнбор бо ҳам бархурд кунад вале соида нашавад. Донишмандон ҳисоб кардаанд энержи ва неруе, ки дар давоздаҳ соат аз қалб ба даст меояд қодир аст як вазнаи 60 тониро аз замин баланд кунад. Қалб аз лиҳози суръат ҳайратангез аст. Ҷараёни хуне, ки аз қалб шуруъ мешавад 7500 километрро дар соат тай мекунад он ҳам роҳе, ки садҳо печу хам дорад то хун ба ҳама ҷо бирасад. Миқдори хуне, ки ба василаи тулумбачаи (насоси) қалб дар мудати як сол кашида мешавад тақрибан 2600000 литр аст, ки барои ҳамли он 81 мошини тонкердори бузург лозим аст. Агар ба моҳичаи қалб бингаред онро ҷисми заиф ва суст мебинед. Ин қудрати азим ва ин неруи хастагинопазирро чӣ касе ба ин моҳичаи кучак дода аст. Чӣ касе қалбро ба ин вазоифи сангин роҳнамои мекунад. Чаро қалб истироҳат намекунад агар истироҳат кунад инсон мемирад. Чӣ касе ба вай гуфтааст истироҳати ту барои соҳибат марг меоварад. Агар инсон каме бо фикри худаш тааммул кунад, аз аъмоқи ҷон фарёд хоҳад кашид, ки як қудрати бузурге ба номи Худо ин оламро халқ карда ва роҳнамоӣ мекунад.
Вазоифи гуш
Дар гуши мо чӣ қарор дода шудааст, ки садоҳои бепоёнро мешунавад. Садоҳое, ки аз ҳад аълои оҳистагӣ шуруъ шуда то ҳади аълои баландӣ ва фарёд мерасад. Ҳамаи ин садоҳоро гуш бе онки ниёзе ба кам кардан ё афзудани неруи шунавоӣ дошта бошад, мешунавад. Гуши инсон садои ҳар кас ро аз дигари ҷудо мекунад ва садои ҳар ҳайвонро мешиносад. Садои бодро аз садои об, таронаи булбулро бо бонги зоғ хато намекунад. Ҳамаи ин садоҳоро бо як неру ва бо як вазъ ва шароит мешунавад. Дар ҳоле ки агар як дастгоҳи сохтагии башар бихоҳад ҳар кадом аз ин садоҳоро дарк кунад ва хабар диҳад, бояд ҳар садоеро бо вазъи махсусе ба даст оварад, ки дар ҳамон вазъ садои дигареро наметавонад дарк кунад. Ва агар бихоҳад садои дигареро бишнавад бояд бо як таври дигар танзим шавад, ки битавонад он садоро дарк кунад ва хабар диҳад. Вале дар ин ҳолат аз шунидани садои аввал оҷиз мемонад магар инки ба ҳолати аввалаш баргардад то битавонад садои аввалро бишнавад. Ин неруи номаҳдудро чӣ касе ба гуши инсон додааст, ки садоҳои номаҳдудро мешунавад. Агар мо бо дидани як сохтумони бузург ба қудрат ва илми созандаи он пай мебарем, оё наметавонем ба вуҷуд ва қудрат ва илми бе поёни созандаи гуши инсон, ки Худои олам аст пай бибарем.
Мошини бушиносӣ
Дастгоҳе дуруст кардаанд, ки ба ҷои қувваи шомма(бӯёӣ) кор мекунад то газҳои заҳролуд дар ҳаво пахш шавад бо занг задан эълони хатар мекунад. Ин дастгоҳо дар корхонаҳои шимёӣ ва дар бисёре аз маъданҳо ба кор гузошта мешавад то коргаронро аз пахши газҳиои заҳролуд огоҳ кунад то онҳо зуд аз аз онҷо берун раванд. Ин дастгоҳ нишонаи тарақии дониш ва такомули фикри башар аст. Дар ҳоле ки қудрати дастгоҳ маҳдуд аст ва фақат як даста аз буҳоро метавонад идрок кунад. Дастгоҳи бӯ шиносии инсон ва бисёре аз ҳайвонотро бингаред, мебинед, ки қудрати бепоён дорад. Дасгоҳи бӯёии инсон ҳамаи бӯҳоро дар ҳамаи шароит метавонад дарк кунад. Пеш аз онки башар рушди ақлӣ ва илмӣ пайдо кунад ин дасгоҳ буда ва то башар ва ҷондорон дар ин ҷаҳон бошанд, ин дасгоҳ ба ҳамроҳи онҳо хоҳад буд. Диқате, ки дар сохтори ин дасгоҳ ба кор рафтааст ҳақиқатан муъҷизаосо мебошад. Ин дасгоҳе, ки дар бадани инсон аст бас кучак аст, ки сангинии он эҳсос намешавад. Аз чӣ маводе сохта шудааст, ки чунин неруи қаввии бӯёи дар он ҳаҷми кам қарор дода шудааст. Дар воқеъ ин дасгоҳ нишонаи созандаи бисёр доно ва бисёр тавоно, ки дорои дониши номаҳдуд ва қудрати бепоён асту бас.
Симҳои мухобирот
Симҳое, ки дар мухобирот ҳастанд нишонаи мухтарии бузург ва созандаи донишманд ва тавоно аст. Оё ба рагҳои асабии худ таваҷҷӯҳ кардаед, ба монанди симҳои мухобироти кишвари пайкари шумо ҳастанд. Ончиро ки агар ҳис кунанд дар камтар аз замон ба мағз хабар медиҳанд. Масалан агар гармӣ ва сардиро ҳис кунанд дар ҳамон лаҳза ба мағз хабар медиҳанд. Ҳамвора мағзро аз ҳолатҳое, ки дар бадан рух медиҳад огоҳ мекунанд. Ин дасгоҳи мухобиротии худкор ва дақиқро чӣ касе дуруст карда ва чӣ касе дар бадани мо ба кор гузоштааст. Ақл мегӯяд маҳол аст чунин дасгоҳи дақиқе худ ба худ ба вуҷуд омада бошад. Пас ки онро ба вуҷуд овардааст. Ҷавоби ин савол рушан аст, холиқи ин дасгоҳ Худои Ҳаким ва Доно ва Тавоно аст. (Баргирифта аз китоби нишонаҳои аз ӯ. Оятуллоҳ Саид ризо Садр)