Ин назария мегӯяд, ки дин оянда надорад, чунки як умед ва орзуи бепоя аст ва Худои мавҳуме инсонҳоро баъди марги ҷисмониашон аз нав зинда мекардааст. Орзуи зинда шудан ва ба абадият расидан андешаи созанда ва воқеӣ аст. Аммо роҳи амалисозии ин орзу ба воситаи дин хато ва ботил аст. Инсонро илм зинда мекунад, на дин. Роҳи пешниҳодкардаи дин роҳи хаёлӣ ва хурофотӣ аст. Дар ин 10 ҳазор соли фарҳанги башарӣ, ҳеҷ яке аз ин чаҳор ҳазор дин натавонист пашшаеро зинда кунад. Ва ҳоло ҳам наметавонад. Дин бо умеду орзуҳои ҳақиқӣ ва воқеии Инсонҳо ҳуққабозӣ мекунад. Инсонҳои умедворро мефиребад. Аз роҳҳои ҳали воқеии ин масъала инсонҳоро ба дур меандозад. Пас, ояндаи дин чунин хоҳад шуд: Баъди ѓалабаи ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) қавму миллатҳои ҷаҳон ба озодиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, динӣ, мазҳабӣ ва ѓайра мерасанд. Ҳар миллат дар оянда ба дини аҷдодии худ бармегардад. Дин баъди ҷаҳонишавӣ симои фарҳангӣ ба худ мегирад… Таассуботи динӣ ва мазҳабӣ аз байн мераванд. Таърихи дин ба таърихи фарҳанги миллатҳо мубаддал мегардад. Таърихи дин ва фарҳанг, дар навбати худ, мавриди омўзиши илми инсоншиносӣ (антропология) қарор мегирад. Илми антропология дар оянда бо илми зистшиносӣ дар ҳамкории зич қарор мегирад. Ин силсилаи таҳаввулоти илму фарҳанг ба хотири он анҷом меёбад, ки барои аз нав зинда кардани инсонҳо ва мушаххас намудани шахсияти онҳо ёрӣ расонад. Дар ин раванд дин ҳам яке аз ҳалқаҳои асосии ин силсиларо ташкил медиҳад. Баъди ба абадият расидани Инсон аз назари ҷисмӣ ва фикрӣ, барои дин дар ҷомеа мақоме боқӣ намемонад.
Нақд
- Дине аз байн меравад, ки ваҳму хаёл бошад, зеро ваҳму хаёлро, ақлу таҷрибаи ҳиссӣ аз байн мебарад, аммо қатъан дине, ки пояҳои маҳками ақлонӣ, таҷрибӣ ва шуҳудӣ дорад оянда дорад ва ин дини Ислом ҳаст. Он чиро, ки дини Ислом дар 1400 сол пеш дар заминаҳои инсоншиносӣ ва ҷаҳоншиносӣ баён карда буд ба тозагӣ ва нав дар қарни 20 донишмандон бо пешрафти дасгоҳҳо ба он расидаанд ва ба онҳо яқин пайдо кардаанд. Ба унвони мисол донишманди бузург Дуктур Maurice Bucaille дар китобаш мегӯяд: Тавсифи Қуръон дар мавриди мароҳили хосси рушди ҷанин, комилан бо илми рӯз мутобиқат дорад ва дар Қуръон, ҳатто як ҷумлае, ки илм битавонад онро рад кунад вуҷуд надорад. Албатта дар муқобил ин сухан бояд гуфт: ин Қуръон нест ки бо илми руз мутобиқат дорад, балки ин донистаҳои башари аст ки рӯз ба рӯз ба ҳақиқати ҳастии ки дар Қурърн баён шудааст мерасад ва зара зара бо Он мутобиқат меёбад.[1]
Ва ё (Robert Gilham) ин донишманд яҳудӣ, ки раиси конуни таҳқиқоти Альберт Эйнштейн мебошад, бо мутолиаи оятҳои Қуръон дар робита бо иддаи зани талоқшуда ва муқоисаи он бо таҳқиқоти худ, ба ин натиҷа расидааст, ки дини Ислом комилтарин дин, маҳсуб мешавад. [2]
Ин донишмандон баъд аз таҳқиқоти худ ба ҳақонияти Ислом расиданд ва Ислом оварданд.
- Таъмим ва баробар донистани дини Ислом бо динҳои мунҳариф ва сохтаи дастии ҷоҳилон кори ғайри мантиқӣ ва дур аз инсоф аст. Зеро дигар динҳо пояи ақлони ва илми надоранд.
- Ин ки гуфтанд инсонро илм зинда мекунад, дуруст аст. Дини Ислом ҳам ҳаминро мегӯяд ва он илми Худоист, то инсонро ҳидоят кунад ва зинда шудан, ҳамон ҳидоят ҳаст.
Дар ҳадисе ҳазрати Алӣ (а) мефармояд:
(العلمحیاةُالقُلوبِونورُالبصارِمِنَالعمیوَقُوَّةُالبدانمِنَالضَّعفِ)
Илму дониш мояи ҳаёти дилҳо ва равшанкунандаи дидагони кур ва нирубахши баданҳои нотавон аст.[3]
[1]. http://www.hawzah.net/fa/magazine/magart/5248/6232/66724
[2]. http://www.hawzah.net/fa/magazine/magart/5248/6232/66724
[3].Туҳаф- ул Алъуқул, саҳ 28.