Нақд бар назарияи “ Ҷаҳонбини оянда” “7”
Оянда чист?
– Оянда ба инсоният тааллуқ дорад. Чаро ки чӣ будани ояндаро медонад ва эҳсос мекунад. Табиат чӣ будани ояндаро намедонад. Чаро ки ақлу хирад надорад. Ҳамеша дар ҷараён ва таҳаввулот аст. Ин таҳаввулоту таѓйиротро қонуниятҳои физикӣ ва кимиёӣ дар Кайҳон пиёда мекунанд. Кайҳон ва ҷаҳон чӣ будани гузашта, ҳозира ва ояндаро намедонад. Ҳаракати бардавоми онро таѓйироти миқдорӣ ва сифатии элементҳои кимиёӣ пайрезӣ менамоянд. Ин элементҳо ба худии худ ҳамеша дар таѓйироти зоҳирӣ ва ботинӣ (ҷавҳарӣ) мебошанд. Як шакли модда ва ё чиз ду бор такрор намешавад. Табиати ҷаҳон такрорро қабул надорад. Чаро ки то навбати такрор расидан аллакай таркиби элементҳо дигар мешавад ва барои такрор имкон боқӣ намегузорад.
– Олами вуҷуд нопайдоканор аст… Ҳадду ҳудуде надорад. Ҳаракатҳои кайҳонӣ ва ҷаҳонӣ спонтанӣ ё худ худҷўшанд. Аз ҳисоби таѓйироти ҷавҳарии элементҳои дохилаи худ ҳамеша дар ҷунбиш ва ҳаракатанд. Ягон қувваи берунӣ дар ҳаракати Ҷаҳон дахолате надорад. Чаро ки Ҷаҳон ба худии худ «берун»-е надорад. Худи Ҷаҳон ҳама «дарунҳо» ва «берунҳо»-ро фаро гирифтааст. Барои худоҳо дар Кайҳон ва Ҷаҳон ҷойе боқӣ намондааст, балки Ҷаҳон дар боби ҳаракат худмухтор аст. Худкифо аст. Мустақил аст. Аз ҳама гуна «ёрӣ»-ю «кўмак»-ҳо бениёз аст. Чаро ки табиати вуҷуди Ҷаҳон чунин сохта шудааст. Вуҷуди ҳар Худое сабаби ворид шудани халал дар низоми Олами вуҷуд мегардад. Ҷаҳон чунин дахолат ва «халал»-ро қатъиян қабул надорад. Воқеияти беохирӣ ва фазои беохири «азал»-у «абад» барои Ҷаҳон маҷоли онро додааст, ки ба таври мутлақ ҳаракату таҳаввулоти худро давом диҳад. Ба ҳукми густурдагӣ ва нопайдоканорӣ, Олами вуҷуд аввалу охир надорад. Агар касе хоста бошад ҳам, аввалу охири Ҷаҳонро пайдо карда наметавонад. Худоҳои сохта ва бофтаи мо – одамони рўи Замин ба ин фантазия ва хаёли бемори худ зарфияти онро надоранд, ки ин «Баҳри вуҷуд»-ро дар «Кўзаи танг»-и дини худ ѓунҷоиш диҳанд. Ин аст, ки Ҷаҳон ба як ҷаҳонбинии нав барои имрўз ва ояндаи худ ниёз дорад. Ҷаҳонбиние, ки ифодагари эҳтиёҷоти воқеии Инсони муосир бошад.
Нақд
1) Онҳо қабул доранд, ки Ҷаҳон ақл надорад ва на танҳо онҳо балки тамоми башар мушоҳида мекунанд ва қабул доранд, ки ин Ҷаҳон бо тамоми мавҷудоташ дар як назми хос монанди як корхона ҳаракат дорад.
Ҳоло суол ин аст, ки чӣ гуна мумкин аст инсон тасмим ба сохтани корхонаи мегирад ва барои сохт ва бо назм даровардани он солҳо ниёз ба фикру барномарезӣ дорад, аммо ин ҷаҳон бо ин ҳама назми ба ҳам пайваста ва судури мавҷудоти беназир, ниёз ба як Нозими Қодир ва Олими мутлақ надошта бошад? Ақли солим инсонро водор мекунад, ки ба вуҷуди нозим эътироф кунад ва ҳар андозае, ки назм дақиқ ва бузург бошад нишонаи баёнгари бузург будани илму қудрати Нозим аст ва ин Нозим Худованд аст.
2) Аз тарафе мегӯянд Худоро мо инсонҳо сохтем ва аз тарафи дигар мегӯянд вуҷуди Худо сабаби халал дар низоми Олам аст. Ба ӯ мегӯям: манзуратон аз ин таноқузгӯӣ чист? Агар Худо мафҳуме беш набошад, маъно надорад, ки мафҳум сабаби ба вуҷуд омадани халал дар Олам бишавад, яъне мафҳум модда нест то ки ҳангоми бархурд бо моддаи дигар, он модда аз ҷояш беҷо шавад, мисли ин ки ба куҳ садо кунам, куҳ аз ҷояш канда шавад. Ва агар Худо дорои вуҷуд бошад, бояд қабул кард, ки низоми оламро Ӯ офарида ва мегардонад.
Агар манзуратон аз халал дар Олам ин бошад, ки эътиқод ба вуҷуди Худо сабаби халал дар низоми олам аз сӯи диндорон мешавад бояд дид, ки ин диндорон буданд, ки сабаби зулм ва вайронӣ дар олам шуданд ё аз тарафи мулҳидон ва бединон. Ин ҷост, ки эътиқод ба Маъод ва рӯзи бозхост назди Худованд ва посух гуфтан назди Ӯ нақши асосии худро иҷро мекунад.
Дар Қуръони Карим Худованд мефармояд:
( يَوَدُّ الْمُجْرِمُ لَوْ يَفْتَدِي مِنْ عَذَابِ يَوْمِئِذٍ بِبَنِيهِ*وَصَاحِبَتِهِ وَأَخِيهِ*وَفَصِيلَتِهِ الَّتِي تُؤْويهِ* وَمَن فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا ثُمَّ يُنجِيهِ*كَلَّا إِنَّهَا لَظَى *نَزَّاعَةً لِّلشَّوَى)
Чунон аст, ки гунаҳкорон дӯст медоранд фарзандони худро дар баробари азоби он рӯз фидо кунанд ва ҳамсарон ва бародаронашонро ва қабилаашро, ки ҳамеша аз ӯ ҳимоят мекард ва ҳамаи мардуми рӯи заминро то мояи наҷоташ гарданд. Аммо ҳаргиз чунин нест (, ки бо инҳо битавонад наҷот ёфт, бале) шӯлаҳои сузони оташаст дасту пою пусти сарро меканад ва мебарад.[1]
Ҳангоме ки шахс бо ин оётҳои Қуръон этиқод дошта бошад ба худ иҷоза намедиҳад, ки халале дар Олам барпо кунад ва равшан аст, ки қудрат ба дасти одами мулҳид ва бедин биафтад эҳсоси масъулият дар баробари ӯ надорад ва ҳар кореро, ки хост анҷом медиҳад, монанди партоби бумбҳои атомӣ, ки боиси аз байн рафтани инсонҳо ва табиат мешаванд.
3) ин ки фармудед: Худоҳои сохта ва бофтаи мо – одамони рўи Замин ба ин фантазия ва хаёли бемори худ зарфияти онро надоранд, ки ин «Баҳри вуҷуд»-ро дар «Кўзаи танг»-и дини худ ѓунҷоиш диҳанд.
Шуморо бо як мисол ҷавоб медиҳам, ин ки як инсони пирараб ё ҳамон каси ки як корхонаи бузӯргро тароҳи мекунад ва месозад, ин корхона бузург аз мағзи он инсон аст, дар ҳоли ки дар мағзи он гунҷонда шудааст, ҳатто садҳо корхонаи дигар ҳам ҷо шудааст.
Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:
Бигӯ: «Агар дарё барои [навиштани] суханони Парвардигорам ҷавҳар шавад, ҳатман дарё пеш аз он ки суханони Парвардигорам поён ёбад, тамом мешавад; ва агар чи монанди онро ба мадад биёварем» сураи Каҳф ояти 109.
[1] - сураи Маъориҷ ояти 11 то 16.