Нақд бар назарияи “ Ҷаҳонбини оянда”

“1”

Феҳристи матолиб

Ҷаҳонбинии оянда чист?

Кайҳон чист?

Инсон кист?

Худо кист?

Чаро ҷаҳон вуҷуд дорад?

Ҳадафи ҷаҳон чист?

Ҳадафи Инсон чист?

Марг ва мурдан чист?

Оянда чист?

Оё инсон озод аст?

Оё дин оянда дорад?

Оё ҷон вуҷуд дорад?

Оё барои Инсон болотар аз марг мушкилоти дигаре вуҷуд дорад?

Оё марг ва мурданро барҳам задан имкон дорад?

Сароғоз

Ҳамонтавре ки мо медонем андешмандон аз аввал то ба имрӯз дар заминаҳои мухталиф назароти худро доштаанд ва ба андозаи ки илм пешрафт мекард, назароти пешин ё рад мешуданд ё нуқсонҳояшон бартарф мешуд. дар асри ҳозир бо таваҷуҳ ба пешрафти илми таҷриби бештар, назароти қаблиро рад ё комил мекунанд ва ҳамҷунин фарзияҳои ки бар асоси илми таҷриби ироа мекунанд, ки гоҳи этиқодоти мардумро суст мекунад ва бояд ҳар фирқаи барои қабул ё рад кардани ин назарот ва побарҷо мондани дар этиқододи худ, далел ироа кунад ва роҳи мунсифонаҳам ҳамин аст. Китоби Ҷаҳонбинии оянде яки аз ин назарот аст ва нақди ки мо бар ин китоб дорем бештар дар натиҷагириҳоест, ки соҳиби китоб Комил Бекзода ба ҳақиқат надоштани вуҷуди Худо ва дин гирифтааст.

Бо баррасиҳое, ки дар ин китоб анҷом шуда дар заминаи иддаоҳое, ки аз тарафи ӯ матраҳ шуда буд натиҷаҳое ба даст омад, ки аз чанд ҷиҳат беарзиш будани иддаоҳои ӯро собит мекунад.

1) Аксарияти иддаоҳо далели илмӣ ва ақлӣ надоранд.

2) Муқоисае, ки дар миёни адиён кардаанд, берабт ва нобаҷо ва таъмими ғайри мантиқӣ бо муддао ҳаст.

3) Эътироф ба нотавонӣ дар баробари қавоид ва қавонини тағйирнопазир, монанд ақлу марг.

4) Бадаст овардани натоиҷи иштибоҳ, монанди ин ки баъзе назарот ва фарзияҳо дар такомул, мунофот бо худошинисӣ ва дини Ислом дорад, дарҳоле ки мунофот надорад.

(Фарзия такомул агар фарзан ҳам собит шавад, шакли як қонуни илмӣ, ки аз рӯи иллат ва маълули табиӣ парда бар медорад ба худ хоҳад гирифт ва фарқи миёни робитаи иллат ва маълул дар олами ҷондорон ва дигар мавҷудот нест, оё кашфи иллати борон ва ҷазру мадди дарёҳо ва зилзилаҳо ва монанди он монеъ бар сари худошиносӣ хоҳад буд? Бешак на, бинобар ин кашфи як робитаи такомулӣ дар миёни анвои мавҷудот низ ҳеҷ монее дар масири шинохти Худованд эҷод намекунад. Танҳо касоне ки тасаввур мекунанд кашфи илали табиӣ бо қабули вуҷуди Худо мунофот ва носозгор аст метавонанд чунин суханеро бигӯянд, вале мо имрӯз ба хуби медонем, ки танҳо кашф ин илал зараре ба тавҳид намезанад, балки худи далоил навъе аз низоми офариниш барои исботи вуҷуди Худованд пеши пой мо мегузоранд).[1]

Ҷаҳонбинии оянда чист?

Ҷаҳонбинии оянда натиҷаи мушоҳидаҳои илмӣ ва амалии наслҳои пешинаи башар аст. Мо ворисони онҳо ин таҷрибаро дар ибтидои асри XXI давом медиҳем.

Сабаб ин аст, ки ҷаҳонбиниҳои пешина арзиши маънавии худро аз даст додаанд.

Имрўзҳо (асри XXI) башар ба ҷаҳонбинии сифатан нав эҳтиёҷ дорад.

Ба ин ҷаҳонбиние, ки дар мақола омада, гурўҳе аз равшанфикрони муқими шаҳри Душанбе ҳамфикр ҳастанд. Аксарияти онҳо устодони илми фалсафаи Донишгоҳҳои пойтахт мебошанд. Аз ин қарор: Комил Бекзода, Нозим Нурзода, Ҳафиз Холиқзода, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, Шодӣ Атоӣ, Усмон Камолиён, Номвар Қурбон, Исомуддин Шарифзода, Нуриддин Шаҳобиддин ва Файзи Олӣ.

Нақд

Ҷаҳонбиние, ки дини Ислом пешкаш кард ҳаргиз арзиши худро аз даст намедиҳад, балки бо пешрафти илм бар арзишҳояш афзуда мешавад, монанди баён дар бораи (ҳаракати замин) ки Худованд дар Қуръони Каримаш мефармояд:

)وَتَرَى الْجِبَالَ تَحْسَبُهَا جَامِدَةً وَهِىَ تَمُرُّ مَرَّ السَّحَابِ .... (

Кӯҳҳоро мебинӣ ва онҳоро сокин ва ҷомид мепиндорӣ дар ҳоле ки монанди абр дар ҳаракатанд.[2]

Ин яке аз матолиби илмӣ ҳақ ва содиқ аст, ки бар хилофи назари машҳуре буд, ки мегуфтанд: Замин собит аст. Ва ҳудуди нуҳ қарн бад аз Ислом тавассути Куперник ба исбот расид, ки замин ҳаракат мекунад.

Албата назаряи ҳаракити заминро қабл аз Ислом касоне монанди Фисоғурис ва Флутин матраҳ карда буданд, аммо назарияи машҳур ва ҳоким дар он замон ҳамон буд, ки замин собит аст ва Қуръон он чиро, ки содиқ ва дуруст аст баён мекунад, зеро Қуръон китоби ҳидоят аст.[3]

Кайҳон чист?

Ҷирмҳои моддии беаввалу беохире, ки моро иҳота кардаанд, Кайҳон ном дорад. Масалан: Офтоб, Моҳтоб, ситораҳо, сайёраҳо, галактикаҳо.

Ин ҷирмҳои моддӣ ба сабаби таѓйирот ва табаддулоте, ки дар дохили унсурҳои физикӣ ва химиявии онҳо рўй медиҳад, ҳамеша дар ҷунбишу ҳаракат мебошанд. Дар раванд (процесс)-и ин ҳаракати бардавом унсурҳо (элементҳо)-и нав ба нави кимиёӣ пайдо мешаванд ва унсурҳои пешина дучори таѓйироти миқдорӣ ва сифатӣ мегарданд.

Қувваҳои ҳаракатдиҳандаи ботинӣ ва зоҳирии ин унсурҳои кайҳонӣ – вазн, суръат, ҷунбиш, миқдор, сифат, таносуб, вақт, фазо, пайдоиши унсурҳои нав, таѓйири робитаҳо ва таносубҳои пешин ва ҳазорҳо омилу сабабҳои дигар мебошанд. Омили ин таѓйироту дигаргуниҳо дар ботини худи ин унсурҳои моддӣ ниҳода шудааст.

Нақд

Инки дар дохили аносирҳо ҳаракат аст амри ғайр қобил инкор аст, аммо натиҷа гирифтан бар набуди омили хориҷӣ дуруст нест, зеро ин суол ба вуҷуд меоёд, ки маншаи ин ҳаракат чист? Ё ҷисм аст ё хориҷ аз ҷисм. Ҷисм аз худ ҳаракат надорат, зеро агар чунин буд бояд ҳамаи ҷисмҳо ҳаракат мекарданд, дар ҳоле ки ҳамаи ҷисмҳо ҳаракат намекунанд, монанди санг ва чуб. Пас як муҳаррики хориҷӣ лозим дорад, ки он Худост.


[1].Макорими Шерози( тафсир намуна) ҷилд 11.

[2]. сураи Намл ояти 88

[3]. Муҳаммад Ризоий Исфаҳони(эҷозиҳо вашигифтиҳои илми Қуръони Карим) интишороти: тафсир ва улуми Қурони, чоп дуввум, сол 1389 шамси. Саҳ 102.

.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст