Мақолаи озод:

Ба ҷои муқаддима

Ахиран мақолае таҳти унвони “Плюрализм” дар сомонаи МИЛЛАТ бо қалами сиёсатшинос Аҷами Калонзод навишта шудааст, ки пурбор ва мутаносиб бо фазои ба истилоҳ “Тоҷикистони муосир” ва имрӯзист. Ҷо дорад аз ин донишманд ба хотири дарки фазои имрӯзии Тоҷикистон ва ба хотири ба фикри миллату ватан буданашон, камоли тақдиру ташаккурро дошта бошем, низ ба хотири нуктасаҷиҳое, ки дар таҳлилҳои худ дар бораи фазои имрӯзии кишвари азизамон Тоҷикисон доштаанд қадрдонӣ кунем. Ҳақиқатан имрӯз ҷомеаи мо ба ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ, бештар аз гузашта ниёз дорад. Бояд рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстии исломиро дар ҷомеа ривоҷ диҳем, то битавонем дар сояи як зиндагии мусолиматомез ва таҳаммулпазир бандагии Худои Мутаолро, ки ҳамон озодии воқеист дошта бошем, аммо бояд диққат дошта бошем, ки дар мавзеъгириҳои худ ҷониби иқтисод ва эътидолро риоят кунем, то дучори ифроту тафрит нашавем.

Чунон ки ёдовар шудем, мақолаи донишманди сиёсатшинос ҷаноби Аҷами Калонзод, дақиқ ва илмист, вале матолибе дар ин мақола зикр шудааст, ки ба баҳсу баррасӣ ва тааммули бештар ниёзманд аст. Матолибе ки дар инҷо қасди баёни онро дорем, баҳсои комилан илмӣ ва дар фазои табодули назарҳост ва мо умедворем чунон ки нависандаи муҳтарам, рӯшанфикр ва таҳаммулпазир ҳастанд ин баҳсро ба унвони фикре дар канори фикри худашон мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода ва ба таамул дар бораи он бипардозанд. Мо дар ин навишта қасд дорем ба тавзеҳи бештари бархе матолиби мубҳам, ки дар мақолаи мазкур вуҷуд дошт бипардозем.

Плюрализми динӣ

Плюрализм(Pluralism) дар луғат ба маънои касратгароӣ ё касратбоварӣ ё асолати касрат аст. Плюрализм ё касратгароӣ навъе руйкарди фалсафӣ ва маърифатшинохтист, ки мухолифи биниши ваҳдонӣ, дар ҳавзаи маърифатшиносӣ ва ҳастишиносӣ мебошад.

Дар хусуси “Плюрализми динӣ” бояд бигӯем, Плюрализми динӣ, таърифи мушаххасе надорад, аммо тарафдорони ин назария аксаран ин се таърифро дар мавриди он ба кор бурдаанд:

1. Ба маънои баҳрамандии яксони адён аз ҳақ ва ботил. Дар Плюрализми динӣ дар ин маъно мегӯянд, ки ҳамаи адён аз ҳақ ва ботили яксон баҳраманд ҳастанд. Бинобар ин дар ҳар дин ва оине ҳам ҳақ вуҷуд дорад ва ҳам ботил.

2. Ба маънои ин ки адён ҳамагӣ роҳҳое ба сӯи ҳақ ҳастанд. Тибқи ин маъно аз плюларизми динӣ, адён ҳамагӣ роҳҳое ба сӯи ҳақ ҳастанд ва аз ин назар фарқе бо ҳам надоранд.

3. Таърифи Плюрализми динӣ, бар асоси позитивизм. Ин руйкард бар пояи ин нигариши позитивистӣ бино шудааст, ки фазои ғайри таҷрибӣ ва ғайри ҳиссӣ ё яксара бе маъно ҳастанд ва ё агар бе маъно набошанд роҳе барои таҳқиқ дар дурустӣ ва нодурустии онҳо вуҷуд надорад. Бинобар ин, дар хусуси ҳамаи онҳо бояд бар пояи шаккокият ва нисбинигарӣ қазоват кард.

Ҷон Ҳик(John Harwood Hick)-и Амрикоӣ (м.1922)-ро метавон пур овозатарин намояндаи Плюрализми динӣ дар қарни бистум донист. “Ҳик ” муътақид аст, ки ҳар дине худро ба манзалаи марказ ва мабнои эътиқодӣ фарз карда ва ақоиди дигар адёнро бо он месанҷад, дар ҳоле ки ӯ муддаии як инқилоби копе́рникӣ (Nikolaus Kopernikus) дар илоҳиёт аст, ки бар пояи он аносири муштараки адён, яъне сирфи эътиқод ба вуҷуди Худованд марказ ва мабно фарз мегардад ва бақияи баҳсҳои эътиқодии адён умури оризӣ ва ҷанбӣ фарз мегардад. Ҳамин назарияро Абдулкарими Суруш дар Эрон таҳти унвони “зотӣ ва аразии адён” матарҳ кард, (Басти таҷрибаи набавӣ, Абдулкарими Суруш, муассисаи фарҳангии Сирот, чопи панҷум, Теҳрон, 1385 ш.) ва бисёре аз этиқодот ва аҳкоми исломиро ба унвони аразиёти дин матраҳ намуд. (Вожаномаи фарҳангӣ, сиёси, Шаҳриёр Заршинос, китоби субҳ, чопи аввал, Теҳрон, 1383 ш.)


Ислом ва Плюрализм

Ҳол бояд бубинем, ки Ислом бо ин назарияҳо чӣ гуна бархурд мекунад. Возеҳ аст, ки Ислом ҳеҷ як аз маъноҳои ёдшударо намепазирад, зеро Қуръон – ки аслитарин манбаъ барои баёни мабонии дини мубини Ислом аст – дини ҳақро яке медонад ва онро ба унвони дини Ислом муаррифӣ мекунад (Ҳақиқатан дин (и мавриди қабул) назди Худо Ислом аст. Сураи Оли Имрон, ояти 19) ва дар сураи моида ояти баъд аз такид ба ин ки дин илоҳи дар қолиби ислом ба камоли худ расидааст мефармояд дини мавриди ризои худо дини мубини ислом аст. Низ аз он ҷо ки дин иборат аст аз маҷмӯаи барномаҳои эътиқодӣ, ахлоқӣ ва аҳкоми амалӣ, барои расидан ба ҳақ ва ҳақиқат. Роҳи расидан ба ҳақ низ яке бештар нахоҳад буд. Ислом як роҳ муаррифӣ кардааст “роҳи мустақим” на “роҳҳои мустақим”.

Аммо нисбигароии Ҳик, аз реша ботил буда на бо ақл созгорӣ дорад ва на бо нақл, ки ин масъала дар китобҳои фалсафии исломӣ, ба рӯшанӣ баён шудааст ва ин ҷо ба далели ихтисор аз баёни муфассали он сарфи назар мешавад. Ин ҷо фақат ҳаминро ёдовар мешавем, ки ин назария худ мутаноқиз аст ва мунҷар ба иҷтимои нақизайн мегардад, ба ин маъно, ки нисбигароӣ, ки ба унвони як қоидаи куллӣ дар байни тарафдорони он матраҳ аст, худ як қоидаи нисбӣ хоҳад буд ва ин яъне гирифторӣ дар вартаи таноқуз, ки ботил будани он назди ақл рӯшан аст.

Плюрализме, ки Ҳик ба он муътақид аст низ дорои ишколоти фаровон аст ва рӯшантарини он ин аст, ки ба даст овардани нуқтаи муштарак дар миёни адён, ки ҳеҷ ихтилофе дар мавриди он набошад, бисёр душвор аст. Ҳамон эътиқод ба вуҷуди Худо, ки ба унвони марказ ва меҳвар фарз шудааст, мавриди ихтилофи шадид дар байни адён аст, ба гунае ки он эътиқодот тақрибан бо ҳам қобили ҷамъ нестанд. Яке ба вуҷуди худоён эътиқод дорад, дигарӣ ба вуҷуди Худои Воҳид ва севвумӣ ба таслис муътақид аст. Яке Ӯро мавҷуди модӣ медонад ва дигарӣ муҷаррад, ки ин навъ гароишҳо ҳаргиз қобили ҷамъ бо ҳам нестанд. Гузашта аз инҳо, мо чӣ кор ба Ҳик дорем?! Мо бояд бубинем назари дини худамон дар ин хусус чист? Оё онро мепазирад ё мардуд медонад? Ва чунон ки қаблан гуфтем аз назари Ислом, дини мавриди ризои Худо фақат дини Ислом ва амал бар тибқи омӯзаҳои он мебошад.

Он чи аз маънои плюларизм дар Ислом метаваон ёфт, ҳамон маъноест, ки ҷаноби Калонзод онро таҳаммулпазирӣ номидаанд; яъне ҳамзистии мусолиматомези адён дар канори ҳам. Ин мавзӯъ дар Ислом комилан рӯшан аст ва мушкиле бо он надорад, албатта Ислом ин ҷо низ ҳисобшуда амал кардааст ва бо он бархурдҳое ҳамоҳанг ва мувофиқ аст, ки бо арзишҳои динӣ дар тазод набошад ва муносиб бо ҷомеае, ки бештари мардуми он мусалмон ҳастанд, бошад. Маънои дигаре аз плюларизмро низ метавон мавриди қабули Ислом донист ва он плюларизми наҷот аст. Ба ин маъно, ки агар як инсони некӯкор дар сурате, ки ҳаққонияти дини ҳақ барои ӯ рӯшан нашуда бошад, агар тибқи одобу омӯзаҳои дин ё мазҳаби нодурусти худ амал кунад ва бо ин ҳол бимирад назди Худо маъзур ва ба истилоҳ ҷоҳили қосир буда ва аҳли наҷот хоҳад буд.

Ислом ва озодӣ

Дар мақолаи ёдшуда унвоне ба чашм мехурад, ки ба ин сурат баён шудааст “Дар Ислом инсон озод аст, дар зиндагӣ ғулом. Чаро?” манзури муаллиф аз ин баҳс хеле рӯшан нест, агар манзур ин аст, ки инсон аз назари Ислом таквинан озод аст, бале инсон таквинан озод офарида шудааст ва ҳаргиз бар қабул кардани ҳеҷ дин - чӣ илоҳӣ ё ғайри он - маҷбур нест. Ба ҳамин хотир на дар асли дин, таҳмил ва маҷбурсохтан дуруст аст – чунон ки Қуръони Карим мефармояд (Дар қабули дин ҳеҷ иҷборе нест. Бақара, ояти 256) ва на аҳкоми динӣ метавонад маҷбурӣ бошад, вале бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки инсон ташриан ва ба далели ин ки бандаи Худост ва ҳамаи ҳастияш аз они Худост, бояд дин ва аҳкоми илоҳиро қабул кунад.

Маҷбурӣ набудани аҳкоми динӣ, бар асосӣ ин асли мусаллами Худованд аст, ки Худои Мутаол вақте неъмате аз неъматҳои худро бар бандагонаш арзонӣ мекунанд, ки онҳо худро муҳайёи дарёфти он кунанд: ( Худованд сарнавишти ҳеҷ қавм (ва миллате)-ро тағйир намедиҳад, магар он ки онҳо он чиро дар худашон аст тағйир диҳанд. Раъд, ояти 11). Аз ин ҷиҳат, ҳоким будани аҳкоми илоҳӣ дар ҷомеа, ба алоқа ва омодагии ҷамъӣ, вобастагӣ дорад ва чунин ҷомеае на дар ташкил ва на дар давом, таҳмилӣ ва маҷбурӣ нест ва инҳо бо хост ва иродаи мардум шакл мегирад ва идома меёбад. Тасмими иҷро кардан ё иҷро накардани фармонҳо ва қонунҳои илоҳӣ дар ҷомеа, ба дасти мардум аст ва онҳо ҳастанд, ки иродаи худро барои ташкили ҷомеаи динӣ ва зиндагии илоҳӣ ошкор месозанд, то чунин ҷомеае эҷод шавад ва бо ҳимояти онҳо барқарор бимонад.

Бинобар ин асли мусаллами Ислом, дар дин иҷборе нест, вале ин ба ин маъно нест, ки аҳкоми илоҳи бе арзиш нишон дода шавад. Инсон дар асли қабули дин маҷбур нест ва аслан қабули дин маҷбуран имконпазир нест, чун имон амри қалбист ва бо иҷбор созгрӣ надорад, лекин вақте ки инсон дини Исломро дини дуруст ва ақлписанд ёфт ва онро пазируфт, баъд аз қабули дин бояд аҳкоми онро бипазирад ва бар тибқи онҳо амал кунад ва ин мунофоте бо озодӣ надорад. Ин масъала дар тамоми макотиби фикрӣ, аз ҷумла демократия, амри пазируфташудааст, ба ин маъно, ки демократия низ ба маънои озодии мутлақ ва ҳар чи дил бихоҳад нест, балки қавонин ва аҳкоме дорад, ки тахаллуф аз онҳо ҷурм маҳсуб мешавад ва мутахаллиф сарзаниш мегардад. Масалан агар дар як ҷомеаи демократик, як мард ба зене таарруз кунад ё вориди мағозае шуда ва бе он ки пуле пардох кунад чизе бардорад, давлати демократик бо ӯ бархурд мекунад ва ҳеҷ оқиле намегӯяд, кораш надошта бошед, демократия аст, бигзоред ҳар коре дилаш мехоҳад анҷом диҳад ва ё касе намегӯяд ин кор зидди озодист. Ислом низ ба унвони як мактаби комил дар айни таваҷҷӯҳ ба озодӣ, дорои қавонин ва барномаҳоест, ки тахаллуф аз онҳо гуноҳ маҳсуб мешавад ва чунон ки бар ҳамагон рӯшан аст, яке аз муҳимтарин ва бунёдитарин аҳкоми динӣ дар Ислом, вуҷуби иқомаи намоз бар ҳар мусалмоне мебошад ва маъно надорад касе иддиои мусалмон будан кунад, вале намоз нахонад ё намозро амри сода пиндорад, ё муқаяд будан ба намозро мухолифи озодӣ талақӣ кунад он ҳам ба баҳонаи ин ки дар дин иҷборе нест.

Бале набояд ба бенамоз бе эҳтиромӣ кард, махсусан агар падар ё модари инсон бошад ва бояд бо меҳру сиаи садр онҳоро бо намоз, ки зеботарин шакли иртиботи банда бо Худо ва молики хеш аст, ошно намуд. Аслан ин равиши Расули Худо(с) буд, ки бо мулоимат ва меҳрубонӣ инсонҳоро тарбият мекард, чунон ки Қуръон мефармояд (Агар хашин ва сангдил будӣ (мардум) аз атрофи ту пароканда мешуданд. Оли Имрон, ояти 159). Сира ва равиши анбиёву авлиёи илоҳӣ ҳам нишон медиҳад, ки ҳам намозхон ва ҳам бенамоз ва ҳатто ғайри мусулмон ҳам дар ҷомеаи исломӣ муҳтарам шумурда мешудааст ва ба амри дин бо онҳо рафтори инсонӣ мешудааст.

Аммо масъалаи ғулом будани мусалмонон, ин матлаб низ чандон рӯшан нест, агар манзур ин аст, ки мусалмонон султапазиранд, ин марбут ба худи мусалмонҳост, ки ин равиши зиндагиро инхоб кардаанд ва ин ҷо низ, Ислом бо ҳамон мантиқе ки қаблан баён кардем бо инсонҳо бархурд мекунад ( Худованд сарнавишти ҳеҷ қавм (ва миллате)-ро тағйир намедиҳад, магар он ки онҳо он чиро дар худашон аст тағйир диҳанд). Пас ин мусалмонон ҳастанд, ки бояд ҳиммат кунанд ва дар сояи амал ба аҳкоми илоҳӣ ва танзими равобити байналмилалӣ бар асоси ҳусни тафоҳум ва зиндагии мусолиматомез, ҳар гуна султагарӣ ва султапазириро аз ҷомеаи исломӣ дур созанд.

Ислом ва инсоният

Аз назари Ислом ва Қуръон, инсон ашрафи махлуқот аст ва нафси ӯ назди Худо муҳтарам ва қатлаш дар сурате ки муртакиби қатл ва фасод нашуда бошад, гуноҳи бузург ва қотили инсони бегуноҳ монанди касест, ки ҳамаи мардумро куштааст (Сураи Моида, ояти 32). Инсон метавонад дар асари иҷрои барномаҳои илоҳӣ аз ҳамаи мавҷудоти олам ва ҳатто малоик, бартар гардад. Дар нигоҳи амиқтар аз назари Қуръон инсони воқеӣ касест, ки илова бар таваҷҷӯҳ ба ҷанбаи модии худ, ба ҷанбаи маънавӣ ва рӯҳонии худ низ таваҷҷӯҳ дошта бошад. Тибқи ин нигоҳ аз назари Қуръон афроде, ки ба масоили маънавӣ ва рӯҳонӣ, ки ҳамон ахлоқиёт ва аҳкоми динист бе таваҷҷӯҳанд, инсон маҳсуб намешаванд, балки ба монанди чорпоён мемонанд, ки танҳо ба фикри шикам ва шаҳвати хешанд, Қуръони Карим мефармояд: (Онҳо ҳамчун чорпоёнанд, балки гумроҳтар, инҳо ҳамон ғофилонанд. Сураи Аъроф, ояти 179 ). Инҳо инсонҳое ҳастанд ки аз хасисаи инсонии худ, ки онҳоро аз дигар ҳайвонот мутамоиз мекунад, ғафлат кардаанд ва танҳо таваҷҷӯҳашон ба ҷанбаи ҳайвонӣ, ки дар он бо соири чорпоён муштараканд будааст. Қасди Қуръон бе адабӣ ва таҳқир нест, балки Қуръон дар баёни як воқеиятест, ки пушти парда қарор дорад ва афроди ба зоҳир инсони асири модиёт ва маҳсусот аз дарки он оҷизанд. Паст будани чунин инсоне аз ҳайвонот ба ин ҷиҳат аст, ки ӯ худро аз ҷойгоҳе ки дар ҳастӣ дорад таназзул додааст, дар сурате ки чорпо дар ҳамон ҷойгоҳе ки барои он таъйин шуда мондааст, яъне чорпоён танҳо дорои ғаризаи ҳайвонӣ ҳастанд ва дар паи ирзои он мегарданд, дар ҳоле ки инсон илова бар ҷанбаи ҳайвонӣ, дорои ақл ва рӯҳ аст, ки гароиш ба мо варои мода ва тақарруб ба Худо ва итоат аз ӯ дорад ва дар сурате метавонад аз чорпо фарқ дошта бошад ки ба ҳарду ҷиҳати вуҷудии худ таваҷҷӯҳ дошта бошад, вале бархе инсонҳо на танҳо ба ин масаъала диққат намекунанд, балки дар роҳи ирзои ғаризаи ҳайвонии худ аз чорпо низ пешӣ гирифтаанд чунон ки дар миёни инсонҳои Ғарбӣ ин масъала бештар ба чашм мехурад, онҳо ки барои пешрафти кишварҳои худ ва ҷазби манофеи милатҳо, ба ҷиноятҳое монанди дуздиҳои мудерн ва қатли омми инсонҳои бегуноҳ ва даридани зану кӯдак, аз ҳар ҳайвоне ҳайвонтаранд.

Масъалаи қобили таваҷҷӯҳи дигар ин аст ки бояд диққат дошта бошем, танҳо роҳи расидан ба қурби илоҳӣ, итоат аз Ӯ ва амал бар тибқи аҳкоми худи Худои Мутаол аст, ки аз ҷумлаи онҳо ва муҳимтарини онҳо намоз аст. Инсон дар партави амал ба ин аҳкоми илоҳӣ метавонад ҳам дунёи худро обод кунад ва ҳам аз назари камолот аз малоик бартар гардад ва мояи таассуф аст, ки мо инсонҳо ба ин масъала таваҷҷӯҳ надорем!!

Мо зи фалак бартарем ваз малак афзунтарем

Зин ду чаро нагзарем манзили мо кибриёст

Рӯҳоният ва ҷомеа

Шакке нест, ки рӯҳоният дар ҳидоят ва тарбияти ҷомеа нақши асосӣ доранд ва бояд дар ин роҳ содиқона ва бо ишқу меҳрварзӣ ба мардум, ба ҳидояти онҳо бипардозанд ва саъй кунанд мисли Пайғамбар(с) бо рафтор ва сулуки хеш ҷомеаро ҷазби масоили ахлоқӣ ва илоҳӣ кунанд. Онҳо бояд ғамхори ҳамаи ақшори ҷомеа бошанд, чи касоне, ки бар тибқи аҳкоми исломӣ амал мекунанд ва чи онҳо ки бар ин масоил бетаваҷҷӯҳанд. Рӯҳоният бояд ба ин қишр аз ҷомеа низ таваҷҷӯҳ кунанд ва дилсӯзи онҳо бошанд ва бо рафтори тунду тез ва бархурди нодуруст, онҳоро ба рӯҳоният ва дин бадбин накунанд. Бештар саъй кунанд ҳикмати масоили ибодӣ ва фоидаҳои инкор нопазири онҳоро барои ҷавонон рӯшан кунанд, зеро Ислом ва аҳкоми исломӣ, бо фитарти инсонҳо созгор аст ва холиқи инсон дар ин дини ҷовидон ва комили худ, беҳтарин барномаҳоро барои рушду тараққии инсон қарор додааст ва агар инсонҳо махсусан ҷавонон бо ин ҳақоиқ ошно шаванд, бо ҷону дил онҳоро мепазиранд ва соатҳо гуш додани ҷавонон ба суҳбатҳои рӯҳониён, худ далел бар ин мудаост.

Аммо мушкили бе таваҷҷӯҳии ҷавонон ба дарсҳои мактабро бояд ҷои дигар ҷӯст. Ба назар мересад гушдодан ба мавизаҳои рӯҳониҳо ва рафтан ба масҷиду маҷолиси динӣ, на танҳо монеи дарси мактаббачаҳо нест, балки дар ёдгирӣ ва ташвиқи онҳо ба дарс хондан, нақши асосӣ дорад, махсусан ин ки Ислом ҷойгоҳи олимро бисёр гириомӣ медорад ва мефармояд: (Оё онҳое, ки олиманд ва онҳое, ки олим нестанд яксонанд?! Танҳо хирадмандон мутазаккир мешаванд. Сураи Зумар ояти 9).

Инсони ситорашинос, физикдон, заминшинос ва ғайра агар фитрати ҳақиқатҷӯи худро дар зери хоки ғафлат дафн накарда бошад, бо огоҳӣ аз асрори ҳастӣ, ба хилқати олам бештар меандешанд ва Холиқи Қодиру Ҳакимро мешиносанд ва ин бисёр арзишманд аст.

Ислом дар барномаҳои комили худ ба баёни кӯчактарин ниёзи инсон монанди ҷоиз будан ё набудани вузӯ бо оби “бақлашка” – ки ин мунфоте бо пешрафт ё пасрафти ҷомеа ва илм надорад - ва бузургтарин масоили мавриди ниёзи ӯ монанди расидан ба растагорӣ ва абадият, пардохтааст. Низ Ислом, мусалмононро ба кашфи асрори хилқат ва пешрафт дар улуми таҷрубӣ роҳнамоӣ кардааст, ҳол мусалмонони бархе кишварҳо, ки ба ин масоил таваҷҷӯҳ надоранд ин як масъалаи дигар аст. – Бархе кишварҳои исломӣ монанди Эрон дар айни амал ба аҳкоми илоҳӣ ва баррасии ҷавоз ё адами ҷавози таҳорат бо чӣ навъ обе, ба пешрафтҳои чашмгири илмӣ ноил шудаанд ва ба суръат дар ҳоли пешрафтанд - .

Пас мушкили бе таваҷҷӯҳии ҷавонон ба гӯш надодан ба дарси муаллимон, аз ҷои дигар аст. Ба назар мерасад мушкили асосӣ, бе таваҷҷӯҳии ҷомеа ба дарсу баҳси мактаббачагон аст, яаъне ҷомеаи Тоҷикистон ба хотири мавонее ба ин масоил бе таваҷҷӯҳ шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо, фақри фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеа мебошад. Ҷавоне, ки ба нуни шабаш муҳтоҷ аст, дигар ҳоли чандоне барои дарс хондан надорад ва падаре, ки барои чархондани зиндагии бисёр содаи худ, маҷбур ба муҳоҷират ба кишвари дигар – ки бо мушкилоти фаровоне ҳамроҳ аст – мешавад, табиист, ки ҷавони бесарпасти ӯ, ба дарсу мактаб бе таваҷҷӯҳ мегардад. Яъсу ноумедии ҷавонон аз ояндаро низ метавон яке дигар аз мавонеъ баршумурд. Ба ин маъно, ки ҷавононе, ки дар табақаи поёнтар аз сарватмандон қарор доранд –ва аксари ҷомеа низ афроди фақиранд – умедие ба пайдо кардани кори хуб дар оянда надоранд ва ба истилоҳ агар ҳам дарс бихонанд диплом бигиранд бояд онро дар зери болиш бигузоранд. Табъиз ва инҳисори манофеи кишвар дар дасти афроди маҳдуд низ омили дигар бар адами пешрафти ҷовонон шудааст. Бинобар ин бояд ба ҷои тарҳи масоили номарбут, ин мавонеъро рафъ кунем, то як ҷомеаи бо савод ва пешрафта дошта бошем.

Албатта олимону рӯҳониёни динӣ ҳам бояд худро бо равишҳои нави таблиғӣ ва хатибӣ, барои тафсири Қуръон ва табйини аҳодис таҷҳиз намоянд, то ҳақоиқи диниро бо услубҳои таъсиргузор ва мутаносиб бо ҷомеаи имрӯзӣ шарҳу нашр кунанд.

Алӣ Муҳаммадраҷаб

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст