Нисбати иродаи илоҳӣ бо ихтиёри инсон;
Дар бораи ин, ки вақте шайтон кореро анҷом медиҳад, яъне шайтон аз тарафи Худо маъмур аст, ки ин корро анҷом диҳад, пас метавонад аз Худо инро талаб кунад, ки ман ҳамон амри туро анҷом додам ва бигуяд; набояд ман азоб шавам.
Ва ҳамчунин агар фитнае, ки инсоҳо анҷом медиҳанд ё фитнае, ки шайтон анҷом медиҳад, ба Худо ҳам нисбат дода шавад, ин яъне баъзе шурур ба Худо нисбат дода шудааст. Мегӯем: ҳарчи кори хайр аст дар дасти Худо аст. Ва кори шар аз тарафи Ӯ нест.
Посухи шубҳаи аввал ин аст бо ин унвон, ки ҳокимияти тадбири куллии илоҳӣ нисбати ҳамаи ҳастӣ;
Фарз шавад, ки бояд шахсеро мулоқот кунед то ба шумо кумаке кунад. Вале фикр мекунед, ки ӯ дар шаҳри дигаре зиндагӣ мекунад ва бояд сафар кунед то ӯро бубинед. Субҳ аз хона берун меойед то масалан бо худруе ба донишгоҳ ё ба дунболи касбу коратон биравед. Яъне бо қасд ва иродаи худ барои анҷоми коре аз хона берун омадаед. Вақте савор мешавед иттифоқӣ мебинед он рафиқе, ки дунболаш ҳастед дар паҳлуи шумо нишастааст. Фикр мекардед бояд ранҷи сафарро таҳамул кунед ё чанд рӯз муаттал шавед то ӯро бубинед, аммо иттифоқан ӯро дидед.
Маъмулан мо ингуна иттифоқотро мегӯем ногаҳонӣ пеш омад. Аммо бо диди тавҳидӣ ҳечкадом аз инҳо иттифоқӣ нест ва албатта ҳечкадом ҷабрӣ ҳам нест.
Шумо, ки аз хона берун омадед бо ният ва иродаи худатон омадаед ва касе шуморо маҷбур накардааст. Он рафиқи шумо ҳам маҷбур набуд биёяд. Ӯ ҳам дар фикри худаш коре дошта ва ба хотири он ба ин шаҳр омадааст, қазия бо ҳам талоқӣ пайдо кардааст.
Омузаҳои динӣ мегӯяд ҳамаи ин ҳаводис зири як тадбири фавқонӣ мебошанд. Яъне шумо бо иродаи худатон аз хона берун меравед, ӯ ҳам бо иродаи худаш аз хона берун меравад ва аслан дар зеҳнаш набуд, ки шумо ҳам ҳастед ё бо ӯ коре доред. Вале инҷо тадбири илоҳӣ фавқи тадбири шумо ва ӯ вуҷуд дорад, ки шумо бояд ҳамдигрро мулоқот кунед ва ҳеч ҷабре дар кор нест. Шумо кори худро кардед, ӯ ҳам кори худашро кардааст. Аммо як чизе, ки хостаи шумост ва чи басо хостаи ӯ ҳам будааст вале ба он таваҷуҳ надоштааст амалӣ мешавад ва як натиҷаи сеюуме таҳақуқ меёбад. Омузаи динии қуронии мо ин аст, ки як нақшаи фавқони ҳамаи инсонҳо ва авомили дигаре, ки мо аслан аз вуҷадашон хабар надорем, мисли фариштагон ва ҷиниҷён таъсир ва таасуроти мутақобиле, ки байни инҳо ва байни авомиле табии астро бо ҳам танзим мекунад. Ин ки читавр ин ҳамоҳангӣ сурат мегирад, ақли мо намерасад. Он касе, ки чунин кореро мекунад, илми номутаноҳӣ дорад. Вақте мо бихоҳем умуреро бо ҳам танзим кунем бояд хеле фикр кунем. Аммо Ӯ еҳтиёҷ ба фикр надорад. Илми Ӯ номутаноҳӣ ва бар ҳама чиз иҳота дорад, дар як калима он чӣ аз оғози хилқат то поён воқеъ мешавад, барои Худо тақаддум ва таахур надорад, ҳамаро медонад ва иродаи Ӯ бар ҳама ҳоким аст. Вале бояд таваҷуҳ дошт, ки фаҳми ин матлаб хеле замон мехоҳад.
Яке шудани иродаи авлиёи илоҳӣ бо иродаи илоҳӣ
Дар ингуна маворид, ки ҳам иродаи як инсони солиҳ муассир аст ва ҳам иродаи Худо ва ин ду бо ҳам татобуқ доранд, як нуктаи маърифатии амиқе вуҷуд дорад. Шояд битавон гуфт: ин валии Худо ба ҳадде расида буд, ки аслан аз худ иродаи истиқлоли надошт ва ҳеч вақт аз назди худ чизе намехост. Дар ривоёт би ин ишора шудааст, ривоят қурби нофила, ки Худованд мефармояд: банда тадриҷан бо навофиле, ки барои ризои ман анҷом медиҳад, ба ҷое мерасад, ки ӯро дуст дорам. Вақте ӯро дуст доштам ҳарчи аз ман бихоҳад барояш анҷом медиҳам ба ҷое мерасад, ки ман мешавам дасти ӯ, чашми ӯ, гӯши ӯ, ман ба ҷои ӯ сухан мегӯям ва ба ҷои ӯ мешунавам ва ба ҷои ӯ ҳаракат анҷом медиҳам. Касе, ки худашро дар мақоми бандагӣ қарор диҳад ва ирода ва ихтиёрашро тобеи Худо кунад, ба ҷое мерасад, ки Худо ин лутфро дар ҳақаш анҷом медиҳад.
Аллома Мисбоҳи Яздӣ