Имом Алӣ (к) фармуд: «Адл яъне қарор додани ҳар чизе дар ҷои худаш ва анҷоми ҳар коре ба шакле шоиста аст». Наҳҷулбалоға, ҳикмати 437.
Албатта ончӣ муҳим аст бидонем ин аст, ки адл ҳама ҷо ба маънои баробарӣ нест. Муаллими одил касе нест, ки ба ҳамаи бачаҳо баҳои яксон бидиҳад, балки муаллиме одил аст, ки ҳаққи ҳар донишомӯзро бидиҳад.
Пизишки одил касе нест, ки ба ҳамаи беморон як нусха ва дору бидиҳад, балки пизишке одил аст, ки ба ҳар беморе доруи муносиби ӯро бидиҳад.
Худованд одили ҳаким аст, яъне адли ӯ бар асоси ҳикмат аст.
Адли Худо яъне Худованд ҳаққи ҳеҷ мавҷудеро поймол намекунад. Бигзарем, ки ҳеҷ мавҷуде аз оғоз ҳаққе бар Худо надорад то поймол шавад. Мо қаблан набудаем ва аз худ чизе надоштаем то агар аз мо гирифта шуд, ба мо зулм шуда бошад.
Барои тавзеҳи бештар ба як мисол диққат кунед: дар калимаи «адаб» ҳарфи «алиф» истода ва «дол» хамида ва «б» хобида аст.
Оё агар ин ҳуруф ақлу шуур доштанд, ҳаққи шикоят ба нависандаро доштанд? Оё «алиф» ҳақ дошт бигӯяд, ки чаро маро рӯи по нигаҳ доштӣ ё дол бигӯяд, ки чаро камар маро хам кардаӣ ё «б» бигӯяд чаро маро хобондӣ? Ҳаргиз! Чун ин ҳуруф қаблан набуданд ва аз мо талаб надоштанд. Нависандаи оқил бо ҳадафи равшан, ин се ҳарфро дар канори ҳам гузоштааст ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳар ҳарф садои хоссе дорад, ки таркиб ин садоҳо адаб мешавад.
Дар офариниш ҳам яке ҷимод, яке набот, яке ҳайвон ва яке инсон аст ва ҳар чаҳор даста садҳо намуна, шакл, ранг ва асари хоссе доранд. Худои ҳаким ва доно ин офаридаҳоро офарид ва барои ҳадафи бузург дар канори ҳам гузошт. (Мисли ҳарфҳои калимаи «адаб») ва чун ҳеҷ кадом аз пеш набуданд, ҳаққи эътироз ва шикоят надоранд.
Мисоли дигар. Агар қолини бузургеро бо қайчӣ қитъа-қитъа кунем, ба қолӣ ва соҳиби он зулм шудааст, чун ин қолӣ аз худ бузургӣ дошт. Вале агар қолибоф аз аввал қолии кӯчаке бофт, зулме сурат нагирифтааст. Зеро ин қолича аз худ бузургӣ надошт то бузургии ӯро гирифта бошем. Ба илова зулм дар сурате аст, ки таваққӯъи мо аз қолии бузург ва кӯчак яке бошад, вале агар аз ҳар чизе ба миқдори худаш таваққӯъ доштем зулме сурат нагирифтааст. Масалан агар ба шахсе ҳазор сомонӣ ва ба дигаре даҳ ҳазор сомонӣ додем ва гуфтем, шакар бихаранд ва ин ду нафар ончи доштанд шакар хариданд. Дар ин ҷо подоши ҳар ду яксон аст, зеро ҳар ду яксон ба вазифа амал кардаанд. Агар касе нисбат ба дигарӣ шакар камтаре овард, кутоҳӣ накарда, чун пули ӯ камтар будааст.
Бо ин мисолҳо мефҳмем, ки маънои адолати Худованд он нест, ки ҳамаи инсонҳо мисли чӯби гугирд ва қолаби собун яксон бошанд, балки ҳамин ки Худованд чизҳои мутафовите халқ кунад, вале аз ҳар кадом таваққӯъи муносибе дошта бошад, одил аст. Ҳамонгуна ки дар мисоли калима «адаб» ва хариди шакар ва қолии бофташуда баён кардем.
Ҳар кас баҳраи бештаре дорад, масъулияти бештаре низ дорад. Ҳамонгуна ки агар дар мошине бензини бештаре рехтем, аз ӯ паймудани роҳ бештар ё ҳамли бори бештареро интизор дорем.
Худованд тамоми мавҷудотро бо тафовутҳои ҳакимона офарида ва барои ҳар мавҷуде роҳи муносиб барои расидан ба камол қарор додааст ва барои ҳар дастур ва фармон ё подош ва кайфаре, ки медиҳад, миёни нажоде бо нажоди дигар ё қавме бо қавми дигар ё фарде бо фарди дигар ҳеҷ табъизе қарор надодааст.
Ҳар муҳандисе дар сохтмон оҳани табақаҳои поинро ғафстар мегузорад, вале ин зулм нест.
Ҳар муаллиме бар асоси маҳорат ва посухи шогирдон, баҳои гунонгун медиҳад, вале ин зулм нест.
Дар корхонаи мошинсозӣ ҳам печу муҳраи кӯчак сохта мешавад ҳам чарху балони бузург ва аз ҳар кадом таваққӯъе аст, вале ҳеҷ кас масъули корхонаро золим намедонад.
Тафовутҳое, ки дар ҳастӣ мебинем, нишонаи қудрати Худост. Чунонки Худованд дар Қуръон мефармояд: Ва аз оёти ӯ офариниши осмонҳо ва замин ва тафовути забонҳо ва рангҳои шумост. Сураи Рум, ояти 22.
Адли Илоҳӣ
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1864