Тамоми офаридаҳо мисли кӯҳ, дашту дарё дар замин, хуршеду моҳ ва ситорагон дар осмон нишонаи қудрати Худо аст, аммо дар миёни офаридаҳо дар баъзе хусусиятҳое ҳаст, масалан Худованд, ки инсонро офарид, чашми ӯро аз пеҳ сохт ва гӯши ӯро аз устухони нарм ва забони ӯро аз гӯшт. Чӣ қудрате метавонад аз пеҳ биноӣ ва аз устухон шунавоӣ ва аз гӯшт сухан гуфтан биёфаринад?
Бисёре аз сохтаҳои башар, пас аз чанд сол аз кор меафтад, вале аъзои бадани инсон як умр кор мекунад.
Дар тӯли таърих миллиардҳо башар офарида шудаанд, вале чеҳра ва хутути сарангушти ҳатто ду нафар яксон нест, дар ҳоле ки ҳар ҳунарманде беш аз чанд намуна, қудрати ҳунарнмоӣ надорад!
Инсон аз хок хишту сафол ва чанд намунаи дигар метавонад бисозад, вале Худованд аз ҳамин хок дар як боғ ҳам меваи ширин мисл хурмову тут ва ҳам меваи турш мисли лимон ва ҳам туршу ширин мисли анор меофаринад.
Дар Қуръон мехонем: «Дар замин қитъаҳое дар канори ҳам ҳастанд ва боғҳое аз анвоъи ангур ва киштзор ва дарахт хурмо (меваҳои) ҳамонанд ва ғайри ҳамонанд, ки ҳама бо як об обёрӣ мешаванд ва баъзе меваҳоро дар хӯрдан бар баъзе бартарӣ додем. Ҳамоно дар ин (таъму ранг ва маззаи гуногуни меваҳо) нишонаҳое аз қудрати Худованд аст барои касоне, ки меандешанд.» Сураи Раъд, ояти 4
Оре, бархе афрод меваро барои пур кардан шикам мехоҳанд, вале хирадмандон бо дидани ин ҳама зебоӣ ва шигифтӣ, рӯҳи имони худро тақвият мекунанд ва қудрати Худоро дар он мебинанд, зеро аз як обу хок, наметавон беш аз як таъму ранг ва мазза интизор дошт, вале қудрати Худованд ба гунҳае аст, ки анвоъи маззаҳо, рангҳо, таъмҳо ва шаклҳоро аз он берун меоварад.
Худованд ҳаким аст, яъне ҳамаи корҳои ӯ дуруст ва ҳадафдор аст ва кори беҳуда намекунад. Ҳатто дар мавориде, ки ба назари мо талху ногувор аст, далеле вуҷуд дорад. Масалан агар инсон дарду бемориро эҳсос намекард, якбора вуҷуди ӯ аз кор меафтод, вале дардҳо мисли чароғу аломат ва нишона навъе хатар аст.
Дардҳо ва бемориҳо афродеро ба сӯроғи кашфи доруҳо ва пешрафтҳои илмӣ мекашонад ва инсон қадри саломатиро ҳис мекунад.
Дардҳо эҳсосоти хешу таборро ба инсон латиф мекунад.
Бемориҳо такаббур ва ғурури инсонро поин меоварад ва робитаи инсонро бо Худованд зиёд мекунад ва дигаронро ба фикр водор мекунад то қадри саломатии худро бидонанд.
Якбори дигар ба ин ҷумлаҳо диққат кунед. Тамоми корҳои Худованд дар ҷои худ олимона аст ва саломатӣ ва бемориро дар ҷиҳати рушди мо қарор додааст.
Агар саломатӣ тавлидро бештар мекунд, беморӣ тараҳҳумро.
Агар саломатӣ василаи рушд аст, бемори василаи наздикӣ ба Худост.
Оре, Худованд қудрат дорад, аммо маънои қудрати ӯ ин нест, ки ҳар чиро мо меписандем ва ё мехоҳем, анҷом диҳад, балки ӯ қудраташро дар ҷое ба кор мебарад, ки олимона ва ҳакимона бошад.
Шумо қудрат доред, ки пироҳан худро пора кунед, аммо ин корро намекунед. Худованд қудрат дорад бе дарс хондан касеро донишманд кунад ва бе заҳмати деҳқон маҳсулотро ба вуҷуд овард ва бе пизишк ва дору беморро шифо диҳад, аммо ин корро намекунад чун ҳакимона нест. Чун сабаб рукуди фикрҳо ва талошҳо ва равобит мешавад.
Қудрат ва ҳикмати Худованд
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1835