molik

Моликият чист?

Барои ин ки моҳият ва асоси моликиятро ба даст биёрем, бояд вазъ ва шароиту мушаххасоти онро бишносем. Аввалан мебинем, ки башар дар байни худ ва баъзе чизҳо робитаҳои хоссеро доранд, ки бо навъи дигар надоранд. Ин навъ робитаҳо бештар дар робита бо чизҳое аст, ки худаш тавлидаш намудааст ва ё аз табиат онро касб намуда бошад ва ё ҳатто онро пайдо карда бошад. Ин нисбат ӯро дар баробари дигарон болотар ва ҳақдортар ба он шайъ мегардонад ва барои худ ҳаққи моликият нисбати онро эҳсос мекунад. Инҷо ҷои баҳси фалсафӣ ва огоҳӣ ёфтан дар бораи маншаъ ва ҳақиқати ин тасаввур аст. Гуруҳе ба ҳамин миқдор, ки бидонанд моликият ва соҳибӣ як амри эътиборӣ ва қарордодӣ аст, кифоят мекунанд, аммо аз он сабаб, ки эътибор ба маънои ин аст, ки инсон тасаввуреро аз худ ихтироъ карда наметавонад. Пас бояд дид аввалан ба чӣ сабабе эътиборӣ аст, дуюман ҳақиқати эътибор чист ва севвуман моликият чи гуна эътибор шудааст? Аммо гуфта шавад, инсон бо қарордод моликиятро собит ва ё салб ё тағйир медиҳад, далел бар эътиборӣ будани он аст.

Вале ин ки эътибор чист? Бояд гуфт, умури эътиборӣ ҳамеша ҳамчун фарди иддиоии ҳақоиқ мебошад. Ва аммо ин ки моликият чи гуна эътибор шудааст, бояд дид, инсон дар табиат чӣ моликиятҳои ҳақиқӣ ва воқеиро дарёфтааст, то аз рӯи он, моликиятҳои эътибориро эътибор кардааст?.

Он чӣ инсон дар дунёи воқеъ аз лиҳози моликият дарёфтааст моликияте аст, ки байни худ ва афъолу қуваҳо ва аъзои худ ёфтааст. Инсон фикри хоссеро аз худ медонад, зеро ҳақиқатан вуҷуди он фикр муттакӣ ва вобаста ба ӯст. Агар ӯ набошад он фикр ҳам нест. Ҳамчунин аст робитае, ки байни худ ва аъзои худ дарк мекунад.

Инсон ин навъ иртиботро байни худаш бо маҳсулоти табиат ва ё маҳсули кору табиат ва ё маҳсули кору сармоя ва табиат бо ҳамдигар дорад, дар назар мегирад ва дар олами фарз ва эътибор вуҷуди худро васеъ мекунад ва бо қарордодҳои иҷтимоӣ онро муътабар мешуморад . Пас аз ин фарз ва ин қарордод, башар барои худаш нисбате бо баъзе сарватҳо дар назар мегирад, ки бовар дорад ин нисбат байни дигарон бо он сарват вуҷуд надорад. Бар ҳамин фарз ва сабаб худро соҳиб ва дорои шаъни тасарруфӣ нисбати он сарват медонад ва метавонад онро масраф кунад ва ё ба дигарон мунтақил намояд ва ё ҳатто онро нобуд ва маъдум кунад.

Моликият мумкин аст фардӣ ва ё шахсӣ бошад ва ё мумкин аст ҷамъӣ ва иштирокӣ бошад. Яъне метавон фарз ва тасаввур кард, ки фақат як нафар молики сарвате бошад ва фақат ӯ ҳақ дошта бошад аз он истифода бибарад ва ҳам мумкин аст гуруҳ ва ё ҳамаи афрод бо ширкати ҳамдигар молики сарвате бошанд ва бо широкат аз он баҳраманд гарданд.

Баҳс дар бораи иштироки моликиятӣ, суханро зиёд мекунад. Фақат ин пурсиш асосӣ аст, ки иштирок дар моликияти мол ба маънои миликияти ҳамаи афрод аст ё моликияти ҷомеа ва иҷтимоъ? Дар сурати аввал, ки моликияти ҳамаи афрод аст, бояд тасаввур шавад, ки бо мурдани ҳар нафар аз он ҷамъ молу сарвате, ки ҳаққи ӯ буд ба дигар инсонҳои шарик мерасад ва дар ҳақиқат ҳар шахсе ҳаққи баробар дар он сарвати бозмонда аз фарди мурда хоҳанд дошт. Аммо дар ҳолати дуюм, ки иҷтимоъ дар моликият широкат доштанд, то вақте он иҷтимои тасаввуршуда вуҷуд дорад, сарват ва он моли мавриди широкат боқӣ аст.

Авлавият ва ҳаққе, ки инсон ба худ нисбат ба шайъ ва моле бовар кардааст, аз ғариза ва хостаҳои ғайри зотии инсон аст. Баъзе аз ҳайвонот ҳамчун инсон, чунин тасаввур ва бовареро ба ҳамон ғаризаи худаш дарк мекунанд. Ҳайвоноте, ки ҷуфт ва ба сурати нару мода ҳаёт доранд, ин робитаи хуби онҳо нисбати ҷуфти худ ва рафтори бад нисбати ҷуфти дигар ғаризӣ ва бардошти ӯст. Кӯдакон ҳам нисбати худ ва дигар чизҳо ҳамчун бозича ва асбобҳое, ки атрофаш аст ин гуна боварро аз рӯи ғариза доро мебошанд. Аммо касе намегӯяд ҳайвонот нисбати он чӣ тааллуқ пайдо кардаастро эътибор карда ва қарордоде барқарор кардааст. Дар ҳақиқат қарордод ва эътибор аз хосият ва мухтассоти инсонӣ аст. Ғайр аз инсонҳо дигар ҳайвонот тасаввури хоссе аз эътибор надоранд, балки ба сурати ғаризӣ баъзе аз тааллуқотеро, ки доранд касб мекунанд, вале қародод ва эътиборе тасаввур нагаштааст.

То он ҷое, ки моликият маҳдуд ба ашёе аст, ки инсон худ онро сохтааст ва ё аз табиат ба даст овардааст сухане нест, вале инсон мавҷуди иҷтимоӣ аст, ин мавҷуди иҷтимоӣ аз тарафе эҳтиёҷ ва ниёз ба мубодила ва доду ситад дорад. Ашёъ ва милкҳо ба якдигар мубодила мешавад. Аз тарафи дигар дар табиат маводи қобили истифода зиёд аст ва агар фарзан дар ибтидо ба воситаи камии ҷамъият ва вуфур ва зиёдии ин ашёъ эҳтиёҷ ба тамаллуки шахсӣ мисли замин нест, баъдҳо таҳти инҳисор қарор додани ин умур ба миён меояд. Бар ҳамин асос тасоҳуб ва соҳибии сармояҳо ва ҳамчунин доду ситади лозим муқарраротеро талаб дорад, ки вазоифи ашхосро дар заминаҳои моликияти васоили омма ва маош ва дар заминаи мубодилаҳо равшан кунад. Инҷост, ки пои ҳуқуқи қарордодӣ ва лозимаҳои моликият ба миён меояд. Дар аввали кор ҳаққи моликият ҳамон ҳаққи табиӣ ва ғаризӣ аст ва сабаби он ҳам ҳамон мувҷиботи табиӣ ва ғаризӣ аст. Ба бовари мо, сабаби табиӣ ва ғаризии моликият, ду амр аст: яке кору эҷод, ба дигар маъно иртиботи фоилӣ аст ва дуюм тамлик ва бахшиш, ба иборати дигар иртиботи ғоӣ ва ҳадафнок. Вале иҷтимои башарӣ, ки ба қавле инсони маданий биттабъ аст, як силсила муқаррароти қарор додиро талаб мекунад. Зеро барои ташхис ва таъйини ҳуқуқи инсон ғариза ва табиат кофӣ нест. Ҳамонтавр, ки дар бахши нуҳум гуфтаем маънои мадантй биттабъ будани инсон ин нест, ки роҳи зиндагии иҷтимоиро бо ҳукми ғариза бидонад. Аз ин рӯ моликиятҳо ҳамчун бисёре аз дигар масъалаҳои марбут ба зиндагии иҷтимоӣ бояд бо қонун таъйин шавад. Дар ҳақиқат, қонун бояд сабаби эҷодии он бошад. Акнун бояд дид қонуне, ки сабаби асосӣ ва эҷодӣ аст тобеи чӣ миқёс ва маншае аст? Инсон бояд тобеъ ва пайрави қонун бошад ва қонун бояд тобеи чӣ бошад? Қонун бояд тобеи адолат бошад. Ҳоло бояд бидонем адолат чист? Оё мақсад маслиҳати иҷтимоӣ ва он чизе аст, ки таодули иҷтимоъро ҳифз кунад? Ё иборат аст аз баробарӣ ва мусовот, ё ба иборати маъруф эътоу кулли зи-ҳаққин ҳаққаҳ? Инҳо матлабҳое аст, ки дар баҳси адл ва адолат рӯи он сухан гуфта шудааст.

Гуфтем, ки мумкинаст дар тавлиди сарват се омилу сабаб дахолат дошта бошад, яке аз онҳо табиат аст. Табиат яъне замин, дарё, абр, борон, ҳаво, офтоб ва... . Акнун бояд дид, он даста ва гуруҳе аз маҳсулоти табиат, ки коре рӯи онҳо анҷом нашудааст, монанди моҳиҳо, ҷавоҳир ва алафҳои кӯҳӣ ва ҷангалҳо ва маъданҳо, чашмаҳо ва ҳар он чизе, ки хориҷ аз тасаррӯфи фоилии инсон бошад, оё қобилият ва шароити қарор гирифтан дар милкиятро доранд? Табиатан чизе нест, ки сабаб шавад инсонҳо бар онҳо моликият ёбанд, чунон ки дар ҷое гуфтаем мувҷиб ва сабаби моликият ё бояд фоилият бошад ё ғоят. Яъне, ё бояд шайъи мамлук аз он ҷиҳат мамлук бошад, ки феъл ва асари шахс аст ва ба дигар сухан натиҷаи тавлидгарӣ ва кори инсон бошад ва ё аз он ҷиҳат, ки худи табиат онро эҷод намудааст ва ё инсоне, ки он шайъро ба вуҷуд овардааст ҳадафаш ин буда, ки ин сарват ба фалон шахси муайян тааллуқ дошта бошад.

Умур ва масъалаҳои болоро табиат ба вуҷуд оварда на инсон. Табиат аз назари баъзе мактабҳои фалсафӣ ҳадафе надорад, зеро аз назари баъзе дигар ҳадаф дорад, аммо ҳадафаш ҳамаи иснонҳо аст, на шахси муайян. Пас ба ҳар ҳол зарурат надорад, ки умури фавқ милки фард бошад. Агар қарор бошад милк бошад, бояд милки ҷамъ бошад, яъне бояд милк ҳамон чизе бошад, ки табиат барои ҳамон он чизро ба вуҷуд овардааст.

Аз назари Ислом, ки барои хилқат ҳадаф қоил аст ва баёнкунандаи асли Вал арза вазааҳо лил аном (заминро барои оромиш қарор дод) ва ҳамчунин асли Халақа лакум мо фил арзи ҷамиан (ҳарчӣ дар замин аст барои шумо аст), маҳсулоти табиат қабл аз ин ки коре рӯи онҳо сурат гирифта бошад, ба ҳамаи башар тааллуқ дорад, вале пас аз он ки коре рӯи онҳо анҷом гирад ҳамчун замине, ки ба василаи ободӣ ё кишту кор ва маъдане, ки истихроҷ мешавад ва..., ҳукми дигар пайдо мекунад.

Аммо он чизҳое, ки табиат ва кор онро ба вуҷуд овардаанд, бе шак маводи табиӣ қабл аз анҷоми кор рӯи он вуҷуд доштааст ва билқувва барои башар нофеъ будааст ва аз он ҷиҳат, ки маводи хоми аввалӣ қабл аз анҷоми кор ба ҳамаи афрод тааллуқ доштааст, наметавон иддао кард, ки пас аз анҷоми кор тааллуқаш ба дигарон салб ва нобуд мегардад. Аммо бидуни шак коре, ки шахс рӯи он анҷом дода сабаб мешавад, ки ҳақро дорад истифодаи машруъ аз он бибарад, яъне истифодае, ки бо ҳадафҳои табиат ва фитрат ҳамоҳангӣ дорад. Аммо ҳақ надорад, ки онро маъдум кунад ва аз байн бибарад ва ё онро ба масрафи номашруе бирасонад. Чун дар айни ҳол ин мол ба ҷомеа тааллуқ дорад. Аз ин рӯ исроф ва табзир ва ҳар гуна истифодаи номашруъ аз мол мамнуъ аст, на танҳо аз он ҷиҳат ва сабаб, ки навъи амале рӯи он мол анҷом мегирад, ки ҳаром аст, балки аз он ҷиҳат, ки сарвати умумӣ аст, манъ мебошад.

Бале, агар инсон бар фарзи баид ва маҳол, битавонад бо нерӯи кор ва бе таъсири табиат маҳсулеро тавлид кунад, он вақт мешавад гуфт; ки соҳиби он чиз ва тавлидкунандаи он, танҳоӣ ва фаъолун мо яшоъ (ҳар коре бихоҳад метавонад бикунад) аст. Аммо равшан аст, ки интавр нест. Ҳеҷ кас ба танҳои холиқу тавлидкунандаи чизе наметавонад бошад, балки бо фарзи онҳам, бояд бидонем, ки бар асоси шаръ ҳаққи табзиру исрофро надорад. Инсон худаш аз махлуқоте аст ҳамнавъи дигар мавҷудот ва қоим бар зоти худаш нест, балки зоти воҷибалвуҷуде бар ӯ молик ва ҳоким аст. Пас ин тавлидгар, фарзи ин ки танҳои бошад фақат дар моддаи он таъсироте доштааст, вале руҳу ҳастии он аз холиқи ҳастӣ нашъат мегирад ва ӯ ҳатто таъсиргузор нест. Дар ҳақиқат, ҳатто иҷтимоъ дар қувваҳое, ки инсон дар тавлиди мафрӯз ба кор гирифтааст ҳаққе дорад, ба он ҷиҳат, ки онҳо дар ташкилдиҳии он иҷтимоъ саҳм доштаанд.

Ҳамонтавр, ки ҳеҷ шахсе ҳақ надорад бигӯяд; ман худамро мекушам ва ба қатл мерасонам, чун ҷони ӯ як ҷанбааш ҳақиқӣ бошад ҷанбаи дигараш ҳуқуқӣ аст ва ҷомеа бар он ҳаққе дорад, ки шахсро аз зараррасонӣ ба ҷонаш манъ мекунад. Иҷтимоъ метавонад аз он шахс ин хостаро дошта бошад, ки ту ҳамчун яке аз нафароти ин ҷомеа вазифадорӣ саҳмеро, ки нафароти иҷтимоъ дар сохтори ҷисмӣ ва ҷонии ту доранд адо кунӣ ва бо фикру кор ва ҳузури иҷтимоии худ, дигаронро ёрӣ расонӣ, пас ҳақ надорӣ худро бо қатл (худкушӣ) аз ҷомеа ҷудо кунӣ. Ин аз назари иҷтимоъ фарз шуд, аммо аз назари илоҳӣ ҳатто баъд аз хОдомоту анҷоми ҳаргуна коре барои ҷомеа, боз ҳам касе ҳақ надорад ҷони худро бо қатли нафс бигирад ва аз ҷомеа ҷудо шавад. Ҳатто агар иҷтимоъ аз ин ҳаққи худ бо хидматҳояш ва ё сабабҳои дигар ҳамчун иҷозати худкушӣ гузашт кунад, соҳибҳаққе болотар вуҷуд дорад, ки он ҳаққи молик ва холиқи асосии он ҷону нафс аст ва бар асоси шариаташ ба ҳеҷкас ин иҷозат ва ҳақро надодааст, то битавонад ҷони худро бо қатли нафс аз баданаш берун кунад. Албатта наметавон гуфт холиқаш дар ҷисму нафсаш соҳиб манфиат аст, балки ба сабаби ин ки моликаш аст ва соҳибназар, ки матлабе дигар ва решаҳои дигаре дорад.

Широкат ва ҳамроҳии иҷтимоъ дар маҳсуле, ки сохтаи табиат ва кори шахсӣ аст, беш аз ҳамин андозае, ки тавзеҳ дода шуд наметавонад бошад. Дигаронро ҳам наметавон дар натиҷаи заҳмати ӯ, ки бо табиат ба тавлид расидааст, на бо широкати дигар ҳамнавъонаш шарик намоем, ки ин кор хилоф ва зидди адолат ва баробарӣ аст ва истисмор гуфта мешавад, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам ин кор ғайри одилона ва зулм бар дигарон дониста мешавад. Дар канори ин, агар шахс ва ашхосро маҷбур кунанд, ки баробари ҳамдигар кор кунанд, то саҳми баробар дошта бошанд боз ҳам зулм аст, ҳам ба тавонотаринҳо ва ҳам ба нотавонтаринҳо, ки маҷбуранд ё сахткорӣ кунанд ё камкорӣ ва ин бо адолат ва баробарӣ мухолиф аст. Он чи саҳеҳ аст, ин ки бояд ҳар инсон озоду мухтор бошад, то дар ҳадди тавон ва қудраташ ҳаракату кор ва талош кунад ва тавлиди худро баробар бо қудраташ идора кунад. Албатта бояд бар ҳамон миқдоре, ки тавлид кардааст ҳаққу саҳм дарёфт кунад ва касе дар он бе иҷозат шарик нашавад ва тасарруф накунад. Агар ин асос риоят нагардад, гуруҳе аз фурсат истифода ва бо камкорӣ ва ё зарангӣ ва фиреб дар кору тавлид камтар таъсиргузор ва дар саҳму истифода аз манофеаш баробар бо дигарон хоҳанд буд. Дар ҳақиқат бо ин дид, дигар зулму истисморро наметавон фақат дар тасарруфу гирифтани молу тавлиди дигарон ба ноҳақ ва бо зӯр донист, балки широкате, ки ҳаққе дар он надоранд ва ё манъи касе аз тавлиди бештар ва ё камтар ҳам зулму истисмор гуфта мешавад. Ва албатта ин кор ғайр аз зулме, ки дар ҳаққи камкору зиёдкорҳо зулм аст, дар ҷойҳои зиёде монеъ аз пешрафт ва рушди ҷомеа хоҳад буд. Дар ҳаминҷост, ки гуруҳе, ки бо доро будани қудрат ва ё ҳаққе, дигаронро аз тавлиди зиёдтар манъ мекунанд ва дар ҳақиқат бо ин кор саҳми худро, ки шояд камкортар бошанд дар тавлид зиёд мекунанд, ҳамон зулму истисморро анҷом дода ва аз рушду пешрафти ҷомеа пешгирӣ кардаанд. Дар режим ва низоми сармоядорӣ, ки гуруҳе бо қудрати молӣ ва идории худ тавлидро дар даст мегиранд, ҳар рӯз фарбеҳтар аз рӯзи гузашта мешаванд ва заифтарҳоро бо монеаҳое, ки худ танзим ва ҳатто қарорӯ қонун гузоштаанд аз пешрафт манъ мекунанд. Ин низом бар хилофи зоҳирсозӣ ва таблиғоташ монеъ аз мусобиқа ва талоши ҷомеа барои рушду пешрафти тавлидот мегарданд, ки аз усули низоми иштирокӣ буд. Албатта дар низоми аввал ва ё ҳамон сармоядорӣ, аз он ҷиҳат, ки мушаввиқу муҳаррикҳоеро, ки сабаби талоши ҷомеа мешавад бо монеаҳои хоссе аз байн мебаранд ва дар низоми дуюум, ки монеи фаолияти гуруҳи пурқудрат дар баробари нотавонҳо мешаванд.

Аммо масъалае, ки гуфта мешавад; замин бояд аз сарватҳои умумӣ бошад ва чунон ки собит хоҳем кард, мошин аз он ҷиҳат, ки мазҳарӯ намоди тараққии башар аст ва маҳсули мошинро наметавон маҳсули ғайри мустақими сармоядор донист, балки маҳсули ғайри мустақими шуурӯ нубуғ ва тафаккури мухтареъ ва тавлидгар аст ва осори фикрӯ шуур ва нубуғ наметаванад молики шахсӣ дошта бошад, пас мошинҳои тавлид наметавонад моли ашхос бошанд. Инҳо ба маънои нафй ва радди моликиятҳои фардӣ нест ва намехоҳад моликияти хусусиро аз байн бибарад, балки моликияти иштирокӣ дар мавридҳои хоссе вуҷуд дорад, ки тақозо мекунад моликиятҳо иштирокӣ бошанд на хусусӣ.

Дар Ислом масъалаи Анфол, ки аз сарватҳои умумии мардум аст ва дар ҷои худ боз моликияти хусусӣ ва фардиро ҳам қабул ва ташриъ намудааст, аммо анфолро ҳам дар ташриъ қарор додааст. Дар ҳақиқат ҳарҷо кори омма таъсиргузор аст ва рабт ба умуми мардум дорад, дин ташриаш бар ҳамон асос аст ва зулме бар касе раво надида, вале ҳарҷо кори шахсӣ ва фардӣ аст моликиятро бар ӯ ташриъ ва онро ҳаққи он фарди тавлидгар донистааст.

Дар кул метавон гуфт, аз назари Ислом бо ин ки моликияти мавридҳое ҳамчун Анфолро барои омма дониста ва навъе аз иштирокиятро дар ин маврид дорад, аммо моликиятро дар сурати куллӣ ба маънои иштирокии он напазируфтааст ва онро ба он маъно (ҳар шахсе дар кору сарвати дигарон саҳме баробар дошта бошад) зидди адлу адолат ва баробарӣ медонад ва ба ғайр аз роҳи касби ризоияти моликаш тасаррӯф дар онро ҳаром медонад.

Ин аст назари Ислом дар байни ду назарияи сармоядорон ва сотсиалистгароён, ки яке моликияти хусусӣ ва дар натиҷа истифодаи гуруҳи хоссе аз сарватро роиҷ кардааст ва дигарӣ бо манъи моликияти хусусӣ ҳамаро дар сарватҳои якдигар саҳмдор донистааст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст