Ahad

Худои Мутаол мисл, монанд ва шарик надорад. Асосан маҳол аст, ки Худованд мисл ва монанд дошта бошад ва дар натиҷа ба ҷои як Худо, ду худо ё бештар дошта бошем, зеро ду, се ва ё бештар будан аз вижагиҳои хосси мавҷудоти маҳдуди нисбӣ аст ва дар бораи мавҷуди номаҳдуд ва мутлақ, тааддуд ва касрат маънӣ надорад.

Масалан мо метавонем як фарзанд ё ду фарзанд дошта бошем, метавонем як ё ду ва ё бештар аз он дӯст дошта бошем, зеро фарзанд ва ё дӯст, ҳар кадом як мавҷуди маҳдуд аст ва мавҷуди маҳдуд метавонад дар мартабаи худ мислу монанде дошта бошад ва дар натиҷа тааддуд ва касрат бипазирад, аммо мавҷуди номаҳдуд, тааддудпазир нест. Мисоли зер ҳарчанд аз як назар кофӣ нест, вале барои тавзеҳи матлаб муфид аст.

Дар бораи абъоди ҷаҳони моддӣ ва маҳсус, яъне ҷаҳони аҷсом, ки машҳуд ва малмуси мост, донишмандон ду назар доранд; бархе муддаӣ ҳастанд, ки абъоди ҷаҳон маҳдуд аст, яъне ҷаҳони маҳсус ба ҷое мерасад, ки дар онҷо тамом мешавад, вале бархе дигар муддаӣ ҳастанд, ки абъоди ҷаҳони моддӣ номаҳдуд аст ва аз ҳеҷ тараф поён намепазирад. Ҷаҳони модда, аввалу мобайн ва охир надорад. Агар мо ҷаҳони модда ва ҷисмро маҳдуд бидонем саволе пеш меояд, ки оё ҷаҳони моддии ҷисмонӣ “якто” аст ё бештар? Ва агар ҷаҳон номаҳдуд бошад, дигар фарзи ҷаҳони ҷисмонии дигар ғайри ин ҷаҳон номаъқул аст. Ҳар чиро, ки ҷаҳони дигар фарз кунем айни ин ҷаҳон ё ҷузъе аз ин ҷаҳон аст. Ин масоил ба ҷаҳони аҷсом ва вуҷудҳои ҷисмонӣ марбут аст, ки маҳдуд, машрут ва махлуқ офарида шудаанд ва ҳеҷ кадом воқеияташон воқеияти мутлақ ва мустақил ва қоим ба зот нест.

Ҷаҳони моддӣ дар айни ин ки аз назари абъод номаҳдуд аст аз назари воқеият маҳдуд аст ва чун бино ба фарз аз назари абъод номаҳдуд аст барояш дувум фарз намешавад. Худои Мутол вуҷуди номаҳдуд ва воқеияти мутлақ ва бар ҳама ашё иҳота дорад ва ҳеҷ макону замоне аз ӯ холӣ нест ва аз раги гардани мо ба мо наздиктар аст. Пас маҳол аст, ки мисл ва монанде дошта бошад, балки мисл ва монанд барояш фарз ҳам намешавад.

Ба илова мо осори иноят, тадбир ва ҳикмати ӯро дар ҳамаи мавҷудот мебинем ва дар саросари ҷаҳон ирода, машият ва назми ягона мушоҳида мекунем ва ин худ нишон медиҳад, ки ҷаҳони мо “як конунӣ” аст на “ду конунӣ” ва “чанд конунӣ”.

Гузашта аз инҳо агар ду Худо ва ё бештар мебуд, ҳатман ду ирода ва ду машият ва ё бештар дахолат дошта ва ҳамаи он машиятҳо ба як андоза дар корҳо муассир мебуд ва ҳар мавҷуде, ки мебоист мавҷуд шавад бояд дар як лаҳза ду мавҷуд бошад то битавонад ба ду конун мунтасаб бошад ва боз ҳар як аз он ду мавҷуд низ ба навбаи худ ду мавҷуд бошанд ва дар натиҷа мавҷуде падид наояд ва ҷаҳон несту нобуд бошад. Аз ин рӯ Қуръони Карим мегӯяд: Агар Худоёни мутааддид ғайр аз зоти аҳадият вуҷуд медошт, осмону замин табоҳ шуда буданд. (Анбиё\22)

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст