Яке дигар аз аркони ҷаҳонбинии исломӣ тақсими ҷаҳон бар ду дунё (дунё ва охират) аст. Агарчи аз як назар охират, ғайб ва дунё шаҳодат аст, вале назар ба ин ки ҷаҳони охират баъд аз ҷаҳони дунё аст, ки инсон ба сӯи он бармегардад, таҳти унвони мустақил қобили тавзеҳ аст. Ҷаҳони ғайб ҷаҳоне аст, ки аз онҷо омадаем ва ҷаҳони охират ҷаҳоне аст, ки ба онҷо меравем. Ин маънои сухани ҳазрати Алӣ (к) аст, ки фармудаанд: “Раҳмати ҳақ бар касе, ки бидонад аз куҷо омадааст ва дар куҷо аст ва ба куҷо меравад”.
Ҳазрати Алӣ(к) нафармуд: Худо раҳмат кунад касеро, ки бидонад аз чӣ ва дар чӣ ва аз чист. Агар чунин мегуфт, мегуфтем, ки мақсад ин аст, ки аз чӣ офарида шудаем? Аз хок. Дар чӣ хоҳем рафт? Дар хок. Боз аз чи бармехезем? Аз хок. Ин ишорае буд ба ояти Қуръони Карим, ки фармудааст: “Шуморо аз замин(хок) офаридем ва бар ҳамин(замин) бозмегардонем ва аз замин(хок) бори дигар берун меоварем”. (Тоҳо\55)
Аммо сухани ҳазрати Алӣ(а) дар ин ҷо нозир ба ояи дигаре аз Қурони Карим аст ва мафҳуми болотаре дорад ва он ин ки “аз чӣ ҷаҳоне омадаем ва дар чӣ ҷаҳоне ҳастем ва ба сӯи чӣ ҷаҳоне меравем”?
Дунё ва охират монанди ғайб ва шаҳодат дар ҷаҳонбинии исломӣ ду мафҳуми мутлақанд на нисбӣ, ва ба таъбири Қуръони Карим ҳар кадом нашъаи ҷудогона ҳастанд. Ончи нисбӣ аст кори дунё ва охират аст; яъне як кор агар ба қасди нафспарастӣ бошад кори дунёӣ аст ва гоҳе ҳамон кор агар барои Худо ва дар роҳу ризои Худо бошад кори охират яъне захираи охират мебошад.