Як маслак ва фалсафаи зиндагӣ хоҳ-нохоҳ бар навъе эътиқод, биниш ва арзишёбӣ дар бораи ҳастӣ ва тафсиру таҳлил аз ҷаҳон вобаста аст.
Навъи бардошт ва тафаккуре, ки як мактаб дар бораи ҷаҳон ва ҳастӣ арза медорад, поя ва такягоҳи фикрии он мактаб мебошад, ки дар истилоҳ “ҷаҳонбинӣ” номида мешавад.
Ҳамаи дину оинҳо, мактабҳо ва фалсафаҳои иҷтимоӣ бар навъе ҷаҳонбинӣ вобаста ҳастанд. Ҳадафҳое, ки як мактаб арза мекунад ва ба таъқиби онҳо даъват ва роҳу равишҳое, ки таъйин мекунад ва бояду набоядҳое, ки иншо мекунад ва масъулиятҳое, ки ба вуҷуд меоварад, ҳама ба манзалаи натиҷаҳои зарурии ҷаҳонбиние аст, ки арза доштааст.
Ҳукамо ҳикматро ба ҳикмати илмӣ ва амалӣ тақсим мекунанд. “Ҳикмати илмӣ” дарёфти ҳастӣ ончунон, ки ҳаст ва “ҳикмати амалӣ” дарёфти роҳу равиши зиндагӣ аст ончунон ки бояд мебошад. Инчунин “бояд”-ҳо натиҷаи мантиқии “ҳаст”-ҳо аст, махсусан он “ҳаст”-ҳое, ки ҳикмати мобаъди табиӣ ӯҳдадори баёни онҳост.
Эҳсос ва шинохти ҷаҳон:
Бояд диққат кунем, ки мақсад аз калимаи “ҷаҳонбинӣ”, ки дидан дар он ба кор рафтааст “эҳсоси ҷаҳон” нест, балки ба маънои “ҷаҳоншиносӣ” ва ба масъалаи “шинохт” марбут аст. Инсон дар эҳсос бо дигар ҷондорон муштарак аст бархилофи шинохт, ки аз хусусиятҳои ӯ ва ба неруи тафаккур ва тааққули ӯ вобаста аст.
Бисёре аз ҳайвонот аз назари “эҳсоси ҷаҳон” ба хотири доштани баъзе аз қувваҳои ҳиссии хос ё ҳисси қавитар аз инсон пешрафтатаранд, мисли парандагон, ки аз навъи ҳиссии радаре (GPS) бархурдоранд ва биноии уқоб, шоммаи саг ё мурча ва ё шунавоии муш. Бартарии инсон аз дигар ҷондорон, дар шинохти ҷаҳон ва биниши амиқ дар бораи ҷаҳон аст. Ҳайвон ҷаҳонро фақат эҳсос мекунад, аммо инсон илова бар он, ҷаҳонро тафсир мекунад.
Шинохт чист? Чи робитае миёни эҳсос ва шинохт аст? Чи унсурҳое ғайр аз унсурҳои эҳсосӣ дар шинохт ворид мешаванд? Он унсурҳо аз куҷо ва чигуна вориди зеҳн мешавад? Механизми амалии шинохт чист? Меъёри шинохти саҳеҳ аз шинохти ғалат чист?
Ин масалаҳо дар ҳадди як рисолаи мустақил аст, ки мо даринҷо вориди баҳси онҳо намешавем.
Равшан аст, ки эҳсос, ғайр аз шинохт аст. Як саҳна ва намоишро ҳамаи афрод яксон мебинанд, аммо фақат афроди каме онро тафсир мекунанд ва эҳёнан тафсирҳои мухталиф мекунанд.