Агар тамоми табибони олам дар як саф биистанд ва ту аз онҳо бипурсӣ,ки оё чашмони инсон бо ҳикмату ҳадафе офарида шудаанд, ба яқин посухат медиҳанд, ки бале! Агар эшонро аз даҳону дандон, гӯшу бинӣ, дасту пой, дилу шуш ва аз ҳар рагчаи хурд ва ё ҳуҷайрае, ки дар бадани инсон аст, бипурсӣ: Оё ҳамаи ин аҷзо барои кадом ҳикмате офарида шудааст? Албатта ҳамагӣ мегӯянд, бале бидуни ҳикмат халк нашудаанд ин ҳама аҷзои бадани инсон. Агар онҳоро аз тафсилот пурсӣ, бигӯянд: Тафсилоти ин даҳҳо сол мехоҳад,то ки нозукиҳои офаринишро дар ҷисми инсон бидонем!

Чун аз онҳо суол кунӣ: Оё ҳикмати узве аз аъзои инсон ба тамоми вуҷуди ӯ иртибот дорад? Посух чунин хоҳад буд: Бале!

Ва аммо ҳикмат аз вуҷуди даҳон ин аст, ки барои парвариши тамоми аъзои дигар инсон тавассути он ғизо мехурад. Ҳикмати вуҷуди шуш ин аст, ки барои тамоми аъзои ҷисми инсон нафас мегирад ва ҳикмат аз вуҷуди дил ин аст, ки хунро ба тамоми аъзои ҷисм мефиристад ҳикмат аз вуҷуди пойҳо ин аст, ки инсон бо онҳо ҳаракат менамояд...

Ҳеҷ узве офарида нашудааст ҷуз ба хотири адои вазифае, ки ба тамоми вуҷуди инсон тааллук дорад. Вакте, ки ҳар ҷузъе дар ҷисмат барои матлабе офарида шуда бошад ва ҳама аъзои ту барои хидмат ба худат халк шуда бошад, пас оё андешидаем, ки худи мо низ бе ҳадафу ҳикмат халк нашудаем. Оё медонӣ ба чӣ хотир офарида шудаӣ? Тамоми мардум барои чӣ офарида шудаанд? Агар ту ҳадафи офариниши хешро дарнаёфтаӣ, аз коғазпорае беарзиштарӣ! Зеро коғазпораро матлабест, яъне рӯи он менависӣ. Аммо ба гумонат барои вуҷуди ту ҳеҷ матлабе нест? Пас дар бораи зоти худат андеша кун, ки чӣ гуна зиндагӣ менамоӣ, дар ҳоле, ки ҳадаф аз офариниши худро намедонӣ?

Бидон, ки фарде, ки ҳикмати офариниши ашёеро, ки ӯро иҳота кардааст, надонад, ӯ ғофилу тиҳимағзтарин мардумон аст ва касе, ки ҳикмат аз дӯхтани либосро надонад, сабукмағзтар аз ӯ нест. Ва шахсе,ки ҳикмат аз офариниши чашму даҳон,ё дасту пойҳояшро надонад, сабукмағзтари бузургтар аз дутои пешин аст. Валекин бузургтарин аҳмаку нодон дар рӯи замин касест, ки ҳикмати офариниши худро надонад. Ҳаёташ рӯ ба поён аст, аммо намедонад, ки барои чӣ зиндагӣ намуда. Ва намедонад, ки барои чӣ мемирад. Дар назараш ҳаёт камарзиштар аз кафшҳои ӯст. Зеро барои кафшҳояш ҳикматест. Аммо дар назари ӯ барои тамоми ҳаёташ ва барои ҳаёти тамоми бандагон ҳеҷ ҳикмате нест!

«Ва касоне,ки кофир шудаанд, фойида мегиранду мехӯранд,мисли чаҳорпоён. Оташи дузах ҷойгоҳи онҳост». (Сураи Муҳаммад,ояти 12)

Онҳо рӯз мегузаронанд мисле, ки шоире фармуда:

намедонам аз куҷо омадаам, валекин омадаам.

Пеши худ роҳе бидидам, пас равон шудам, чӣ гуна омадам?

Намедонам! Барои чӣ намедонам?... намедонам

Бале, агар гумроҳон ҳикмати вуҷудашонро надонанд, мо мусалмонон ин ҳикматро медонем, агарчӣ онҳо намедонанд,ки барои чӣ намедонанд.

Пас аз ин бармеояд,ки ҳикмати маснӯъ дар зоти созандааш пӯшида мемонад ва танҳо ба маърифату таълим аз ҷониби Ӯ дониста мешавад. Ҳикмати офариниши инсон аз назари фарди мусалмон дар зоти Офаридгор пинҳон аст, танҳо ба воситаи таълиме, ки аз ҷониби Ӯ меояд дониста мешавад. Аз ин рӯ инсон ҳикмати офариниш ва вуҷуди худро факат ба таълиме аз ҷониби Офаридгораш медонад. Модоме, ки инсон Офаридгорашро нашиносад, каромату обрӯяш дар назди нафсаш аз даст меравад. Дигар тафовуте барои ӯ бокӣ намемонад, ки худро ҷонвари сухангӯе ё ҳашароте бидонад. Ҳол он, ки Парвардигораш ӯро нидо мекунад: «Ба дурустӣ мо фарзанди одамро гиромӣ доштем». (Сураи Исро,ояти 70)

Инсон барои нафси худба ҷуз хушию сабукӣ намехоҳад.

Ба ин далел барои як инсони хокии оҷиз, аммо саркаш заруру воҷиб аст,ки Худову Паёмбарашро ба дурустӣ бишиносад.

Tojikon.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст