Шак нест, ки инсони асри мо аз назари илм ва техналогия қадамҳои бузурге бардошта аст. Кураҳои осмониро фатҳ карда, мушакҳои қорапаймо сохта ва ҳазорон ихтироъ ва ибтикори нав ва тааҷҷубовари дигар арза карда аст. Аммо бо ҳамаи
инҳо башари имрӯз мавҷуди ҳайрон ва саргардон аст, эҳсоси пучӣ мекунад ва ба гӯфтаи яке аз донишмандони ғарбӣ, инсони имрӯз ёдгирифтааст, ки чигуна дар умқи дарёҳо ҳамчун моҳи ҳаракат кунад ва чигуна дар осмонҳо ҳамонанди парандагон ба парвоз дарояд, аммо ҳануз ёд нагирифта аст, ки дар рӯи замини худамон мисли одам роҳ биравад! Ва инчунин аст, ки дар асри фазо ва қарни кампиютер, ҳануз ва ҳарруз эҳсоси пучӣ ва таҳаюри инсонбаранги зуҳур мекунад ва макотаби пучгаройӣ ҳамчун ниҳилисм, ҳиписм, понкисм ва ... яке пас аз дигари ба саҳна меоянд.
Саргардонӣ ва ҳайрате, ки домангири инсони асри фазошуда танҳо дар масоили фардӣ ва шахсӣ маҳдуд намешавад, балки масоили иҷтимоиро низ дарбар гирифта, ба сурати системҳои мухталифи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ошкор шуда аст. Гуруҳе дам аз сетсиолист мезананд, баъзи парчами Капиталистро бадуш мекашанд ва ҳизбҳо ва дастаҷоти гуногуни сиёсӣ низ ҳар як иддаеро ба гирди худ ҷамъ мекунанд аммо ҳечяк натавонистаанд башарияти муосирро сероб сохта, ӯро аз ин фалокати маънавӣ ва таҳайюр ва изтироби равонӣ, раҳо созад.
Ба эътиқоди мо, иллати аслии саргардонии башарияти имрӯз, ҳалнашудани ҳамон саволҳои асоси аст, ки қаблан ишора кардем, яъне ин ки оввал ва охири олам ва одам чист ва дар ин миён роҳнамо кист?.
Ҷавоби ҳамаи ин саволҳо дар гирави тааққул ва андеша ва тааммулоти фалсафӣ аст. Ин масъалаҳо ҳамон саволоти аслии ҷаҳонбинӣ ҳастанд, ки виҷдони бедор ва фитрати огоҳи инсон, посухҳои қатъи ва қонеъкунанда барои онҳо меҷӯяд ва ҳам азинруст, ки донишмандони исломӣ, онҳоро “Усули дин” номидаанд: баҳси Худошиносӣ дар ҷовоби ин аст, ки “оғози ҳастӣ чист?” маодшиносӣ дар ҷавоби ин аст, ки “анҷоми кор чист?” ва ваҳй ва пайғамбаршиносӣ дар ҷавоби ин савол аст, ки “роҳи саодат чист ва роҳнамо кист?”.
Ба эътиқоди мо инзомҳои иҷтимоӣ бояд бар асоси огоҳи аз сохтори фитрии инсон ва ҳамаи буъдҳои вуҷудии ӯ ва бо таваҷҷӯҳ ба ҳадафи офариниш ва шинохти омилҳое, ки ӯро дар расидан ба ҳадафи ниҳойи кумак мекунанд, танзим шаванд ва ёфтани чунин формулаҳои печидае аз тавони мағзҳои инсонҳои оддӣ берун аст. Ончи аз андешаи башар метавон интизор дошт шинохтани масъалаҳои бунёди ва шолудаҳои куллии ин низомҳост, ки бояд ҳарчи муҳкамтар ва устувортар пайрези гардад, яъне: шинохти офаринандаи ҷаҳон ва инсон ва огоҳи нисбат ба ҳадафдории зиндагии башар ва шинохти роҳе ки холиқи ҳаким барои сайру ҳаракат ба сӯи ҳадафи ниҳойи пеши рӯи башар гушуда аст. Чароки ёфтани идиологияи саҳеҳ дар гирави доштани ҷаҳонбинии саҳеҳ аст ва то пояҳои ҷаҳонбини муҳкам накардад ва масъалаҳои бунёдии он басурати дуруст ҳал нашавад, наметавон ба ёфтани идиологияи матлуб умед баст. Аз сӯе ҳалли саҳеҳ ва қатъии масоили ҷаҳонбинӣ марҳуни андешаҳои ақлӣ ва фалсафӣ аст ва бадин тартиб ба аҳмият ва зарурати масъалаҳои фалсафи пай мебарем.[1]
[1] . Даромаде бар “Омузиши Фалсафа” муҳсин Ғаравиён.
Шак нест, ки инсони асри мо аз назари илм ва техналогия қадамҳои бузурге бардошта аст. Кураҳои осмониро фатҳ карда, мушакҳои қорапаймо сохта ва ҳазорон ихтироъ ва ибтикори нав ва тааҷҷубовари дигар арза карда аст. Аммо бо ҳамаи инҳо башари имрӯз мавҷуди ҳайрон ва саргардон аст, эҳсоси пучӣ мекунад ва ба гӯфтаи яке аз донишмандони ғарбӣ, инсони имрӯз ёдгирифтааст, ки чигуна дар умқи дарёҳо ҳамчун моҳи ҳаракат кунад ва чигуна дар осмонҳо ҳамонанди парандагон ба парвоз дарояд, аммо ҳануз ёд нагирифта аст, ки дар рӯи замини худамон мисли одам роҳ биравад! Ва инчунин аст, ки дар асри фазо ва қарни кампиютер, ҳануз ва ҳарруз эҳсоси пучӣ ва таҳаюри инсонбаранги зуҳур мекунад ва макотаби пучгаройӣ ҳамчун ниҳилисм, ҳиписм, понкисм ва ... яке пас аз дигари ба саҳна меоянд.