Ихтиёри малоика аз тариқи оёт ва ривоёт қобили исбот аст; мо малоикаро мавҷудоте бурун аз ҳисс ва дорои вуҷуд ва шуур ва иродаи мустақл медонем, ки ақли маҳзанд (ҳеҷ гуна тааллуқе ба моддиёт надоранд,) лизо аз амёри нафсони тиҳи ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ исёни Худо намекунанд, вале бо ин ҳол дорои имон буда, аъмол ва рафторашон аз сари шуур ва иродаи таҳаққуқ меёбад.
Худованд дар сураи Ғофир, ояти 7 мефармояд:
«الَّذِینَ یَحْمِلُونَ الْعَرْشَ وَمَنْ حَوْلَهُ یُسَبِّحُونَ بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَیُۆْمِنُونَ بِهِ وَیَسْتَغْفِرُونَ لِلَّذِینَ آمَنُوا
“Касоне ки арши (Худо)ро ҳамл мекунанд ва онҳо ки пиромуни онанд, ба сипоси Парвардигорашон тасбеҳ мегуянд ва ба ӯ имон доранд ва барои касоне ки гаравидаанд талаби омурзиш мекунанд.”
Далолати ин оят ба ин ки малоика, мавҷудоти мустақил ва дорои шуур ва ирода мебошанд, равшан аст; зеро авсофе, ки барои онон зикр шуда ( монанди имон ба Худо ва талаби мағфират барои дигарон) ҷуз бо вуҷуди мустақил ва соҳиби шуур ва ирода созгор нест.
Ҳамчунин Худованд дар бораи малоика дар сураи Нисо, оёти 172 ва 173 мефармояд:
“Масеҳ ҳаргиз аз бандаги Худо худдори ва сарпечи намекунад. Малоикаи муқаррабин ва ҳар ки аз бандаги ӯ српечи ва гардангкаши кунад, ҳамаи ишонро ба сӯи худ ҷамъовари хоҳад кард .... аммо касоне ки сарпечи ва гарданкаши карданд, ононро бо азобе дарднок азоб хоҳад кард. Ҷуз Худо барои худ сарпараст ва ёваре нахоҳанд ёфт.”
Масеҳ ва малоикаи муқаррабин агарчи маъсият намекунанд, вале дар сурати маъсият ва сарпечи аз бандаги, бо азоби рӯзи қиёмат дар ин оят таҳдид шудаанд.
Таҳдид бо азоби рӯзи қимёмат, ки фаръ бар тарки таклиф аст, ҷуз бо истиқлоли вуҷуд ва шуур ва ирода дуруст намебошад; дар натиҷа метавон асли ихтиёри ишонро собит донист.
Муфассирон дар поёни ояти 6 сураи Таҳрим ба ин баҳси муҳимм пардохтанд:
«یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا قُوا أَنفُسَكُمْ وَأَهْلِیكُمْ نَارًا وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ عَلَیْهَا مَلَائِكَةٌ غِلَاظٌ شِدَادٌ لَا یَعْصُونَ اللَّهَ مَا أَمَرَهُمْ وَیَفْعَلُونَ مَا یُۆْمَرُونَ
“Эй касоне ки имон овардаед, худатон ва касонатонро аз оташе ки сухти он, мардум ва сангҳост ҳифз кунед: бар он (оташ) фариштагони хашин (ва) сахтгир (гуморида шуда)анд. Аз ончи Худо ба онон дастур дода сарпечи намекунанд ва ончиро ки маъмуранд анҷом медиҳанд.”
Дар мавриди таклифи малоика ва ихтиёр ва иродаи ишон баҳсҳои муфассале матраҳ шуда аст. Фахри Розӣ дар тафсири Кабири худ дар зейли ояти шарифа мавриди баҳс гуфта аст:
Дар ин оят ишорае аст ба инки малоика дар охират мукаллаф ба таклифҳо мешаванд (ҳамонтавре ки мо инсонҳо дар дунё мукаллаф ҳастем), онҳо дар охират мавриди таклиф ва авомир ва навоҳии дар ин оят ишорае аст ба инки малоика дар охират ба таклиф мешаванд (ҳамонтавре ки мо инсонҳо дар дунё мукаллаф ҳастем), онҳо дар охират мавриди таклифҳо ва авомир ва навоҳи мегарданд ва исёни малоика ба ҳамин аст ки бо амру наҳйи Худо мухолифат мекунанд.
Дар тафсири Алмизон чунин омада аст:
Ин ҳарф дуруст нест, чун дар оят чунин ишорае вуҷуд надорад. Ояти шарифа танҳо мехоҳад бифармояд: Малоика маҳз итоатанд ва дар онҳо маъсият нест ва ба итлоқаш шомили дунё ва охират ҳар ду мешавад, пас малоика на дар дунё исён доранд ва на дар охират, пас ҳеҷ ваҷҳе надорад, ки таклифи малоикаро мухтасс ба охират бидонад.
Сипас алома Таботабои, назари таҳқиқи худро ки баргирифта аз ҳиктмаи мутолияи Мулло Садро аст баён фармуданд:
Ва низ таклифи малоика аз синхи таклифи маъҳуд дар муҷтамаи башари мо нест, чун дар байни мо инсонҳо иҷтимоъи таклиф, иборат аз ин аст ки таклифкунанда иродаи худро муаллақ ба феъли мукаллаф кунад ва ин тааллуқ амре аст эътибори ки дунболаш пойи савоб ва иқоб ба миён меояд яъне агар мукаллаф мавҷуде дорои ихтиёр бошад ва ба ихтиёри худ иродаи таклиф кунандаро анҷом бидиҳад, мустаҳаққи подош мешавад ва агар надиҳад сазовори иқоб мегардад ва дар чунин зарфе яъне зарфи иҷтимоъ ва нисбат ба чунин тааллуқе яъне тааллуқи эътибори албатта, ҳам фарзи итоат ҳаст ва ҳам фарзи маъсият, ҳам мумкин аст мукаллаф феъли мавриди иродаи таклифкунандаро биёварад ва ҳам мумкин аст наёварад.
Аммо дар ғайри зарф иҷтимоъ масалан дар байни малоик ки зиндагиашон иҷтимоъ нест ва эътибор дар он роҳ надорад, то фарзи итоат ва маъсият ҳар ду дар он роҳ дошта бошад, таклиф ҳам маънои дигаре дорад.
Бале малоика халқе аз махлуқоти Худоянд, дорои завоти тоҳира ва нурия, ки ирода намекунанд. Магар ончи Худо ироад карда бошад ва анҷом надиҳанд магар ончи ӯ маъмурашон карда бошад, ҳамчунон ки фармуд: بَلْ عِبَادٌ مُّكْرَمُونَ * لَا یَسْبِقُونَهُ بِالْقَوْلِ وَهُم بِأَمْرِهِ یَعْمَلُونَ " сураи Анбиё, оёти 26 – 27 ва ба ҳамин ҷиҳат дар олами фариштагон ҷуз ва подоше нест, на савобе ва на иқобе ва дар ҳақиқат малоика мукаллаф ба таклифҳои таквинианд, на амру наҳйҳои ташриъи ва таклифҳои таквиниашон ҳам ба хоири ихтилофе ки дар дараҷоти онон ҳаст мухталиф аст, ҳамчунон ки дар ҷои дигари Қуръон омада аст: وَمَا مِنَّا إِلَّا لَهُ مَقَامٌ مَّعْلُومٌ ва низ аз худи малоика нақл карда ки мегуянд:
وَمَا نَتَنَزَّلُ إِلَّا بِأَمْرِ رَبِّكَ لَهُ مَا بَیْنَ أَیْدِینَا وَمَا خَلْفَنَا". [
Дар тавзеҳи каломи Аллома бояд изофа кунем:
Фариштагон бар асоси мутуни исломи ва оёти Қуръон, наметавонанд бар хилофи вазифае, ки доранд иқдом кунанд. Бинобар ин ихтиёр ба маънои истилоҳи дар байни мо инсонҳо, дар мавриди онҳо матраҳ нест, чун инсон мухайяр аст; яъне метавонад анҷом диҳад ва метавонад анҷом надиҳад.
Аз тарафе ҷабр низ ба маънои салби ихтиёр аз мавҷуде аст, ки шаъни ихтиёрро дошта бошад; масалан агар инсонеро водор кунанд ки коре бар хилофи майли худаш анҷом диҳад, ӯро маҷбур сохтаанд бинобар ин дар фариштагон ҷабр ҳам матраҳ нест.
Албатта барои ихтиёр маънои дигаре низ ҳаст ки фариштагонро ҳам шомил мешавад ва он ин ки кореро ки анҷом медиҳанд, аз руи майл ва рағбат аст; бидуни онки аз сӯи омили дигаре таҳти фишор қарор бигиранд. Бинобар ин тасбеҳ ва тақдиси фариштагон ихтиёри аст ва ончиро ки мекунанд, дар камоли майл ва рағбат анҷом медиҳанд.