Дар мавриди достони ҳазрати Одам(а) пурсишҳое матраҳ аст ки мо саъй мекунем то ҷое ки битавонем онҳоро дар ин мақола ҷавоб диҳем.
Худованд дар Қуръон мефармояд:
وَقُلْنَا یَا آدَمُ اسْكُنْ أَنتَ وَزَوْجُكَ الْجَنَّةَ وَكُلاَ مِنْهَا رَغَداً حَیْثُ شِئْتُمَا وَلاَ تَقْرَبَا هَـذِهِ الشَّجَرَةَ فَتَكُونَا مِنَ الْظَّالِمِینَ
Ва гуфтем: Эй Одам, худу ҳамсарат дар ин боғ сукунат гиред ва аз ҳар куҷои он хоҳед фаровон бихуред вале ба ин дарахт наздик нашавед, ки аз ситамкорон хоҳед буд.
Дар идома ба шарҳу баёни ояти 35 сураи Бақара мепардозем ва бо татаббуъ дар тафсирҳо ба саволҳои зер ҷавоб медиҳем.
Биҳиште ки ҳазрати Одам ва Ҳавво дар он сокин буданд, кадом биҳишт буд? Биҳишти мавъуд ё боғе аз боғҳои дунё?
Аз онҷо ки:
1.Биҳишти мавъуд неъмати ҷовидон аст ва берун рафтан аз он мумкин нест.
2.Иблиси беимонро дар он роҳе нахоҳад буд, баъд аз сарпечи ӯ аз саҷда кардан бар Одам, Худованд Шайтонро аз биҳишт ихроҷ кард ва фармуд: فَاخرُج مِنهَا فَإِنَّکَ رَجِیمٌ»
3.Биҳишт ҷои лағв ва гуноҳ нест. لَّا لَغْوٌ فِیهَا وَلَا تَأْثِیمٌ»
4.Биҳишт барои подош аст ва Одам ҳанӯз амали хайре накарда буд ки мустаҳаққи подошт дошта бошад.
5.Дар биҳишти мавъуд амру наҳй ва мамнуият ва таклиф вуҷуд надорад ва низ тибқи ривоятҳои Паёмбар(с) ва аҳли байт(а) тасреҳ шуда аст ки биҳишти Одам боғе аз боғҳои дунё буд ва манзур аз ҳубут ва нузули Одам ба замин, нузули мақоми аст на макони.
Асосан камолҳои инсон марбут ба инсонияти ӯст ва инсонияти инсон ба нафси ӯст.
Дарахти наҳй шуда чи дарахте буд?
Ва дар китоби Уюну ахбор ур Ризо(а), аз Абдуссаломи Ҳирави, ривояте омада ки гуфт: Ба ҳазрати Ризо(а) арза доштам: Ябан Расулаллоҳ, аз дарахте ки Одам ва Ҳавво аз он хурданд бароям бигу, то бубинам чи дарахте буд? Чун мардум дар бораи он ихтилоф доранд, баъзе ҳадисҳо мегуянд: Ки гандум буда баъзе дигар мегуянд ки дарасти ҳасад буда аст.
Ҳазрат фармуд: Ҳар ду дуруст аст, арза доштам: Бо инки ду маънои мутафовит дорад, чигуна мумкин аст ҳар ду дуруст бошад?
Фармуд: Эй Абосалт, як дарахти биҳишт метавонад чанд навъ бошад, масалан дарахти гандум метавонад ангур бидиҳад, чун дарахти биҳишт монанди дарахтҳои дунё нест ва Одам баъд аз онки Худои Таоло ба ӯ эҳтиром кард ва малоикаро во дошт то барои ӯ саҷда кунанд ва ӯро дохили биҳишт кард, дар дил бо худ гуфт: Оё Худо башаре гиромитар аз ман халқ када аст?
Худои азза ва ҷалл аз ончи дар дили ӯ гузашт, хабардор шуд, пас ӯро нидо дод: ки сари худро баланд кун ва ба арш бингар, то чи мебинӣ?
Одам сар ба сӯи арш баланд кард ва ба соқи арш нигарист ва дар он дид ки навишта шуда аст: لااله الا الله، و محمد رسول الله ....
Одам пурсид: Парвардигоро! Инон чи касоне ҳастанд? Худои азза ва ҷалл фармуд: Эй Одам инон зурияҳои ту ҳастанд ва аз ту ва аз ҳамаи халоиқи мен беҳтаранад ва агар инҳо набуданд ман туро ва биҳишту дузах ва осмону заминро халқ намекардам, пас зинҳор мабодо ба чашми ҳасад бар инон бингари, ки аз ҷавори ман берун хоҳи шуд.
Пас Одам ба чашми ҳасад бар онон назар афканд ва орзӯи мақому манзилати онон кард ва Худованд Шайтонро бар ӯ мусаллат сохт, то саранҷом аз он дарахте ки наҳй шуда бад хурд ва бар Ҳавво ҳам мусаллаташ кард, ӯ ҳам ба мақоме бо чашми ҳасад нигарист, то онки аз он дарахт хурд. Ҳамчунон ки Одам хурд ва дар натиҷа Худои Таоло ҳар дуро аз биҳишт берун кард, ба замин фиристод то дар ҷавори замин бошанд.
Бо таваҷҷуҳ ба инки паёбарон исмат дошта ва маъсум будаанд, чаро ҳазрати Одам муртакиби гуноҳ шуд?
Ончи дар бадви назар аз оёт зоҳир мешавад, ин аст ки он ҳазрат расман гуноҳ карда аст, монанди ҷумлаи «فَتَكُونَا مِنَ الْظَّالِمِینَ» ва низ ҷумлаи وَعَصَى آدَمُ رَبَّهُ فَغَوَى ва ингуна Одам Парвардигори худ исён варзид ва бероҳа рафт.
Ва низ монанди эътрофе ки худи он ҳазрат карда аст ва Қуръон онро ҳикоят намуда фармуда аст:
قَالاَ رَبَّنَا ظَلَمْنَا أَنفُسَنَا وَإِن لَّمْ تَغْفِرْ لَنَا وَتَرْحَمْنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِینَ»
Гуфтанд: Парвардигоро, мо бар хештан ситам кардем ва агар бар мо набахшои ва ба мо раҳм накуни, мусалламан аз зиёнкорон хоҳем буд.
Наҳйҳои Худованд ба чанд даста тақсим мешавад; аз ҷумла наҳйи мавлаи ва наҳйи иршоди.
Манзур аз наҳйи мавлави наҳй аст ки анҷоми он боиси иқоб мешавад, аммо наҳйи иршоди ё танзиҳи, танҳо ҳидоят кардани мукаллаф ба салоҳи ӯст ва иртикоби он гуноҳ нест.
Дар ин оят наҳйи Худованд иршоди ба он чи хайру маслиҳат дар он аст буда аст, лизо биҳиштро аз даст доданд аммо ҷазои мухолифат бо наҳйи мавлаи таклифи, танҳо бо тавбаи мақбул ва пазируфта шуда ва бар тараф мешавад, пас он ду тавба карданд ва тавбаи онҳо қабул шуд аммо ба биҳишт боз гардонда нашуданд ва ин нишон медиҳад ки наҳй, наҳйи иршоди буда аст ва ончи Одам муртакиб шуд “тарки авло” буд. Мисол намозеро ки мо мехонем қисмате аз он бо ҳузури қалб ва қисмате беҳузури калб мегузард, дар хури шаъни мо аст аммо ин намоз ҳаргиз дар хури мақоми шахсе ҳамчун Паёмбар(с) нест. Ӯ бояд саросар намозаш ғарқ дар ҳузар дар пешгоҳи Худованд бошад ва агар ғайри ин кунад, ҳароме муртакиб нашуда аммо тарки авло карда аст. Мисоли дигар шахсе ки шинохта шуда аст ва мардум ба ӯ таваҷҷуҳ доранд биёяд ва дар миёни бозор семичка бихарад ва бихурад. Ҳароме анҷом надода аст балки мардум мегуянд бояд ин корро анҷом нмедод. Зеро ба унвони як шахсият шинохта шуда аст.”
Дар ҳадисе аз имом Ризо(а) омада аст ки фармуд: Моҷарои лағзиши Одам, пеш аз расидан ба мақоми нубувват буда ва аз лағзишҳои кучаке буд ки қобили афв аст.
Агар наҳйи илоҳӣ, наҳйи иршоди буд чаро Худованд муҷозоти онро қарор гирифтан дар зумраи золимон қарор дод?
Аз ончи гузашт (иршоди будани наҳй) бармеояд ки мазлум дар ҷулмаи فَتَكُونَا مِنَ الْظَّالِمِینَ» худи Одам ва Ҳавво ҳастанд ва зулм дар ин ҷумла, зулм ба нафс аст на зулм ба Худованд ё дигарон, чун ончи адр иртиқоби наҳйҳои иршоди матраҳ аст ва хисорате аст ки насиби худи шахс мешавад; чунон ки агар шахси бемор ба амру наҳйи иршоди пизишк эътино накунад, ба худ зарар зада ва ситам карда аст; аз ин рӯ дар сураи Тоҳо дар иртибот бо ҳамин қисса ба ҷои инки пас аз наҳй ҷумлаи فَتَكُونَا مِنَ الْظَّالِمِینَ» зикр шавад, ҷумлаи فتشقی омада аст; чун шиқо ба маънои ранҷ аст ва ба ҳамин ҷиҳат дар сураи Тоҳо аз натиҷаи исён ба ғавоят таъбир шуда ки ба маънои раҳои ҳадаф аст не мағзубияте. وَعَصَى آدَمُ رَبَّهُ فَغَوَى залолат, роҳ гум кардан аст, дар ҳоле ки агар мурод зулму исёне ки дар зеҳни мо аст бошад, бояд мавриди ғазаб қарор гирад ва аз мағзуби алайҳим бошад на золин.
Одам дар бархе хитобҳои Худованд:
« یَا آدَمُ اسْكُنْ أَنتَ وَزَوْجُكَ الْجَنَّةَ » « فَقُلْنَا یَا آدَمُ إِنَّ...» чист?
Ҷавоб ин аст ки Ҳавво(а) таҳти тадбири Одам(а) буда аст ва Одам(а) бо қатъи назар аз завҷият, имом ва паёмбари ояндаи Ҳавво буд.
Аз ин рӯ агар Одам дар ин васваса осеб намедид, Ҳавво низ масун мемонд ва ба ҳар ҳол меҳвар ва асос чи аз ҷиҳати фазилат ва чи аз лиҳози васваса шудан ва хуруҷ аз биҳишт, Одам буд.
Ба ҳамин лиҳоз дар бисёре аз хитобҳо ва таъбирҳо Одам асл воқеъ шуда аст.