Гуфта мешавад ҳазрати Мусо(а) паёмбари улулазм аст ва ҳазрати Хизр(а) низ паёмбари улулазм аст. Бо таваҷуҳ ба инки паёмбарони улулазм аз дараҷа ва мақоми болотар нисбат ба дигар анбиё қарор доранд ва бо таваҷҷуҳ ба достони муфассале ки аз иртибот ва сафари ҳазрати Мусо(а) ва ҳазрати Хизр(а) дар Қуръон ва ривоёт матраҳ шуда ба тавре ки дар ин сафар ҳазрати Мусо(а) ҳамроҳи ҳазрати Хизр(а) ва таҳти таълими ишон буданд.
Ин савол дар зеҳ шояд ба вуҷуд меояд ки чаро паёмбарони улулзам аъмоли паёмбари улулазмро намедонад ва тоқат намеоварад ки аз он бипурсад? Ва ҷитавр огоҳиаш нисбат ба шахси дигаре ки тибқи ривоятҳо ҳазрати Хизр(а) аст ва ишон ҳам аз паёбарони Худованд будаанд камтар аст?
Дар инҷо мехоҳем ба ин савол ҷавоб диҳем.
Паёмбари улуламр
Улуламр дар истилоҳи Қуръон ки дар сураи Нисо омада аст Паёмбари Ислом(с) ва аҳли байти ишон аст. Дар ривоёт фаровон нақл шуда аст ки мурод аз улуламр дар ояти шарифа ки мефармояд: " یا ایها الذین آمنوا أطیعوالله و أطیعوا الرسول و اولی الامر منکم Паёмбар(с) ва аҳли байти ишон аст.
Оёти поёни сураи Каҳф дар мавриди ҳазрати Хизр(а) аст ки дар ин оёт чунин таъбире дида намешавад. Сарфи назар аз инки таъбири улуламре ки дар савол ба кор рафта иштибоҳ аст. Инро медонем ки ҳазрати Мусо(а) аз паёмбарони улулазм буданд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ишон улулазм буданд ин савол матраҳ мешавад ки чи тавр чизҳоеро намедонад дар ҳоле ки мутобиқи ривоятҳо ҳамроҳи ишон ки ҳазрати Хизр(а) буданд медонистанд ва ҳазрати Мусо(а) ҳатто тавоноии инро надорад ки сабр бикунад то ба хуби аз фалсафаи корҳо огоҳ бишавад балки бесабри аз худ нишон медиҳад.
Дар мавриди ҳазрати Хизр(а) ва ҳазрати Мусо(а) нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст ки инҳо ду паёмбари илоҳӣ буданд бо ду маъмурияти мутафовит. Яке маъмурияти ташриъи дошт яке маъмурияти таквини. Табъан он ки маъмурияти таквини дошт илмаш ҳам дар ростои таквин буд ва он ки маъмурияти ташриъи дошт ҳам илмаш дар ростои ташриъ буд.
Маъмуриятҳои мутафовит
Инки чаро сабр намекард ва инки мо интизор дошта бошем ки Худованд ҳар илмеро ба ҳама бидиҳад чунин боваре хато аст. Ҳудҳуд ки як паранда аст ба паёмбари мурсали илоҳӣ мегуяд ки ман илме дорам ки ту надори, ман хабаре дорам ки ту надори. Рафтам фалон ҷо, фалон чизро дидам ва ба ҳазрати Сулаймон(а) хабар медиҳад, хабаре ки ҳазрати Сулаймон(а) хабар надошт. Ба ҳар ҳол паёмбарон ҳам илмашон маҳдуд аст.
Вақте ҳазрати Мусо(а) мавриде аз корҳои ҳазрати Хизр(а)ро мулоҳиза мекард, ки бар асоси илми таквини ва маъмурияти таквинаш буд ва онро бо ташриъ созгор намедид ба ишон эътироз мекард ки масалан чаро ин инсонри бегуноҳро куштед?
Дар ҳоле ки ба лиҳози таквини ӯ бояд ба хотири ҷулугири аз мафосиди дигар кушта мешуд.
Ҳазрати Хизр(а) бар асоси ботини таърих амал мекард ва натиҷа ҳам ҳамон шуд ки вақте ҳазрати Мусо(а) мулоҳиза мекард медид бо зоҳири ташриъ, бо шариат созгор нест.
Ҳар ду маъмурияти илоҳӣ доштанд ва ҳар ду ҳам илмашон аз Худо буд ва ҳар ду ҳам олим буданд ва дар маҳдудаи таклифи худ ҳеҷ камбуде надоштанд аммо чун қаламрави таклифҳои мутафовит буд яке маъмур ба ботин буд ки ҳазрати Хизр(а) бошад ва яке маъмур ба зоҳир буд ки ҳазрати Мусо(а) бошад.
Ҳазрати Хизр(а) бар асос ботини таърих амал мекард ва натиҷа ҳам ҳамон шуд ки вақте ҳазрати Мусо(а) мулоҳиза мекард медид бо зоҳири ташриъ, бо шариат созгор нест. Савол мекард ки шумо чаро ин корро карди ки баъд ҳам барояш тавзеҳ дод ки ҳикмати корҳое ки ман анҷом медодам чи буда аст?.

Натиҷа
Худованд ҳамаи илмҳоро шояд ба як паёбараш бидиҳад ва ё шояд надиҳад ва ба ҳар кадом бар асоси зарфият ва минтақаи замони ва ниёзи ҷомеа бидиҳад балки ба ҳар як бар асоси маъмурият ва таколифе ки дар он мақтаи замони хеш доштанд, он миқдор ки лозим буда то рисолати хешро ба саранҷом бирасонанд ато карда аст. Дар мавриди ин ду паёмбари илоҳӣ низ ҳамин тавр буда инҳо ду паёмбари илоҳӣ буданд бо ду маъмурияти тухталиф. Яке муъмурияти ташриъ дошт яке маъмурияти таквини пас илми яке аз онҳо нисбат ба як мавзӯи хосс сабаби бартарии ӯ нисбат ба дигаре нест.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст