Шак надорем, ки яке аз мазоҳири камоли инсон, тарзи рӯ ба рӯ шудани ӯ бо марг аст, чун тарси аз марг як нуқтаи заъфи бузург дар инсон аст ва бисёре аз бадбахтиҳои башар ношӣ аз тарси аз марг аст, монанди тан ба пастиҳо додан ва ҳазорон бадбахтии дигар. Агар касе аз марг натарсад, саросари зиндагиаш дигаргун мешавад. Инсонҳои хеле бузург, он инсонҳое ҳастанд, ки дар рӯ ба рӯ шудани бо марг, дар ниҳояти шаҳомат ва шуҷоат бо лабханду хушрӯӣ ба суроғи марг рафтаанд[1]. Агар марг дар роҳи анҷоми масъулият фаро расад, барои инсон саодат аст:

انی لا اری الموت الا السعادة و لا الحیاة مع الظالمین الا برما[2]

Мувоҷиҳаи бо марг ба ин шаклро касе наметавонад иддио кунад, ҷуз авлиёи ҳақ; онҳо ки марг барояшон ҷуз интиқол аз хонае ба хонаи дигар ва ё ба таъбири Имом Ҳусейн (рз) субҳи Ошӯро ба асҳобаш фармуд:

ما الموت الا قنطرة تعبر بکم عن البوس و الضرائ الی الجنان[3]

"Марг ҷуз як гузаргоҳ чизи дигаре нест ки аз он бахотир наҷот аз дару ғам ба Ҷаннат мегузаред;

Мо як гузаргоҳе пеши рӯй дорем, ки бояд аз рӯи он убур кунем, ин пул номаш марг аст; аз ин гузаргоҳ ки, убур кардем, мерасем ба онҷое ки қобили тавсиф нест. Лаҳза ба лаҳза ки марг наздиктар мешавад, чеҳраи Абӯабдуллоҳил Ҳусейн (а) хандонтару мутабассимтар мегардад.

Яке аз касоне ки ҳамроҳи Умари Саъд буд, дар лаҳазоти охири ҳаёти Имом Ҳусейн (а) ки дигар ҷангҳо тамом шуда буд ва эшон дар ҳамон гудоли қатлгоҳ, беҳол афтода буданд, барои ин ки савобе карда бошад, рафт назди Умари Саъд[4] ва гуфт: иҷоза бидеҳ ман як ҷуръа об барои Ҳусейн ибни Алӣ (к) бибарам, чун ӯ ба ҳар ҳол рафтанӣ аст ӯ бихӯрад ё нахӯрад, барои ту таъсире надорад. Умари Саъд иҷоза дод, вале вақте ин мард рафт, он лаини азалу абад (Шимр) дошт бар мегашт, дар ҳоле ки сари муқаддасро ҳамроҳ дошт. Ҳамин марде, ки барои Имом об бурда буд, мегӯяд:

والله لقد شغلنی نور وجهه عن الفکره فی قتله

"Нуронияти чеҳрааш нагузошт, ки аслан дар бораи кушта шуданаш фикр кунам"; яъне дар ҳоле ки сари Имом Ҳусейн (рз) бурида мешуд, лабаш хандон буда аст.

Инсони комил , инсонест ки, ҳаводис рӯи асар Ӯ намегузорад... Ҳазрати Алӣ (к) он касе аст, ки мароҳилу маротиби иҷтимоиро аз поинтарин шуғл аз ҷанбаи иқтисодӣ мисли коргарӣ[5] то олитарин маносиби иҷтимоие ки зимомдорӣ ва хилофат аст тай карда аст. "Алӣ Алвердӣ" мегӯяд: Алӣ (к) фалсафаи Карл Марксро нақз кард, барои ин ки Алӣ дар кӯҳ ҳамонтавр зиндагӣ мекард, ки дар кох ва дар кох ҳамонтавр зиндагӣ мекард, ки дар кӯҳ (мақсуд кохи воқеӣ нест); яъне Алӣ (к) дар мансабаи коргарӣ ҳамонтавр фикр мекунад, ки дар мансаби хилофат буд. Ба ин далел, инҳоро инсони комил мегӯянд.

Ин мақола бардоште аст аз китоби "Инсони комил"и устод Мутаҳҳарӣ .

Таҳияи Муҳаммади Раҳимӣ



[1] - Вале на марге, ки худкушӣ бошад, балки марге, ки дар роҳи ҳадафашон бошад, чун эҳсос мекунанд ки дар зиндагӣ, рисолату масъулият доранд. Одаме, ки худкушӣ кунад дар воқеъ , аз зери бори масъулият гурехта аст.

[2] - Луҳуф, саҳ.69, Мафсул маҳмум, саҳ116.

[3] - Маонил ахбори Садуқ, саҳ.289.

[4] - монанди баъзе аз одамҳои муқаддаспешаи мо ки мехоҳанд амале ки ҳеҷ заҳмате ва аксул амале надошат бошад, анҷом диҳанду дар зимн савобе ҳам карда бошанд.

[5] - Алӣ (а) муддатҳо коргарӣ карда аст, на ин ки пул надошта аст; чун Алӣ (а) ҳар чи ки медошт – монанди ғаноими ҷангӣ- инфоқ мекард ва фардо дунболи кор кардан мерафт.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст