Ба номи Худо

Дар Қуръони Карим оёте ҳаст, ки мумкин аст касоне аз он оёт ингуна натиҷа бигиранд, ки Паёмбар(с) (алаёзу биллоҳ) муртакиби гунҳо шуда аст. Ба ин ҷиҳат мо дар ин мақола ба яке аз ин маворид мепардозем.

Мурод аз مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِکَ وَ مَا تَأَخَّرَ»

إِنَّا فَتَحْنَا لَکَ فَتْحاً مُبِیناً * لِیَغْفِرَ لَکَ اللَّهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِکَ وَ مَا تَأَخَّرَ وَ یُتِمَّ نِعْمَتَهُ عَلَیْکَ وَ یَهْدِیَکَ صِرَاطاً مُسْتَقِیماً[1]

“Эй Расул! Мо ин фатҳу пирузиро насиби ту кардем то инки гуноҳони гузашта ва ояндаи ту омурзида шавад ва неъмати худро бар ту таммо карда бошем ва туро ба  роҳи мустақим ҳидоят кунем.”

Шубҳае, ки дар ин оят матраҳ шуда ин аст ки : Паёмбари Акрам(с) пеш аз нузули ин оят муртакиби гуноҳе шуда буд ва баъд аз нузули ин оят ҳам то фатҳи Макка гуноҳеро муртакиб мешуд, ки бо фатҳи Макка ҳамаи онҳоро Худованд бахшид.

Фахри Рози аз ҷумла каосне аст, ки мегуяд: “Ин оят далолат дорад, ки Паёмбар(с) муртакиби гуноҳ шуда чун мағфират дар ҷое дуруст аст ки гуноҳе ё хатое аз шахсе сар зада бошад.”

Ҷавоб:

“Занб” дар ин оят ба чанд маъно метавонад бошад?

1.Занб дар оят, ба маънои исён ва маъсияти Парвардигор нест, балки ин гуноҳ як гуноҳи иҷтимои аст, зеро ҳар ислоҳкунандае, ки наҳзат мекунад ва ҷомеаи худро дигаргун месозад арзишҳоеро, ки то он рӯз маънои арзиши иҷтимои матарҳ буда, дигаргун месозад ва он арзишҳо ба беарзиши табдил мешавад ва чизҳое, ки арзиш надошт, мешавад соҳиби арзиш. Чун инқилоби ҳақиқи он аст, ки решадор бошад, яъне дигаргуни ва вожагунии фарҳангӣ.

Иртиботи ҷумали «لِیَغْفِرَ لَکَ اللهُ» бо масалаи фатҳ ин аст, ик гуфта шуд, на инки Паёмбар(с) гуноҳонеро байни худ ва Худо (алаёзу биллоҳ) муртакиб шуда бошад ки танҳо бо фатҳи Макка, он гуноҳони пинҳони қобили афв ва омурзиш бошанд, ҳамчунин ояти фариша ба гунҳои хоссе, ки Паёмбар(с) худ ба он дучор шуда бошад ишора надорад, балки чизе аст, ки аз назари иҷтимои нописнад маҳсуб мешавад.

Хулоса ҷавоб аз шубҳа ин шуд ки: Мурод аз “занб” он мухолифати ҳазрат бо рафтор ва ододт ва ахлоқи куффор ва мушрикон аст, ки дар назари онон гуноҳи бузурге маҳсуб мешуд ва ин амр барои Паёмбар(с) сахт буд то инки Худованд фатҳи Маккаро насиби ӯ гардонид ва мушрикон гароиш ба ислом пайдо карданд ва дарёфтанд, ки Паёмбар(с) ҳаққу ҳақиқатро баён мекарду дар исноди гунҳо ба ҳазрат муртакиби иштибоҳ шуда буданд.

اَلْیَوم غلبَ الاِسلامُ کُلّه عَلَی الشِّرْکِ کُلّه» Вақте ки пайкори аҳзоб анҷом шуд ва фатҳи Макка ба поён расид, ислом ба тамоми маъно бар ширк бо тамоми зовияҳояш пирӯз шуд ва барои мушрикон чизе боқи намонд. Иддае ба зур мусулмон шуданд ва ҷамъе гурехтанд. Боқимондаи онҳо ҳам нотавон буданд. Худо ин фатҳу зафарро ансиби паёмбараш кард то гунҳони гузашт ва ояндаашро (гуноҳони иҷтимоие, ки як шахси муслеҳ дар роҳи ба бор нишондани инқилоби худ мумкин аст анҷом диҳад) бахшида шавад.

Илова бар ин, ингуна маъно карда, мунтабиқ бо тафсири гуҳарбори имом Ризо(а) аст:

«قال المأمون: اَخْبِرْنی عن قولِ اللهِ عزّوجلّ:» لِیَغْفِرَ لَکَ اللهُ ما تَقَدَّمَ مِنْ ذَنبِکَ وَ ما تأَخَّرَ «قال الرّضا (علیه السلام): لَم یَکُن اَحَد عندَ مُشرِکی اَهلِ مَکّه اَعظَمُ ذَنْباً مِنْ رَسُولِ اللهِ صلی الله علیه و آله و سلّم، لاَنَّهُم کانُوا یَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللهِ ثلاثَمِأَةٍ وَ ستّینَ صنما، فَلَمَّا جاءَهُم صلی الله علیه و آله و سلّم بِالدَّعوَةِ الی کَلِمةِ الاِخْلاصِ، کَبُرَ ذالک عَلَیهِم وَ عَظُمَ، وَ قالُوا: «أَجَعَلَ الْآلِهَةَ إِلهاً وَاحِداً إِنَّ هذَا لَشَیْ‌ءٌ عُجَابٌ‌* وَ انْطَلَقَ الْمَلَأُ مِنْهُمْ أَنِ امْشُوا وَ اصْبِرُوا عَلَى آلِهَتِکُمْ إِنَّ هذَا لَشَیْ‌ءٌ یُرَادُ * مَا سَمِعْنَا بِهذَا فِی الْمِلَّةِ الْآخِرَةِ إِنْ هذَا إِلاَّ اخْتِلاَقٌ» (2) فَلَمَّا فَتَحَ اللهُ عزَّ وَ جلَّ عَلَی نبیّهِ صلّی الله علیه و آله و سلّم مَکّةَ، قال لَه: یا مُحَمّد «اِنَّا فَتَحْنا لَک «مَکّة» فَتْحاً مُبینا لِیَغْفِرَ لَکَ اللهُ ما تَقَدّمَ مِنْ ذَنْبِکَ وَ ما تأخّرَ، لاِنّ مُشرِکی مَکّةَ اَسلَمَ بَعْضُهُم وَ خرَجَ بَعْضُهُم عَنَ مَکّةَ، وَ من بَقِیَ مِنْهُمْ لَمْ یَقْدِر عَلی اِنکارِ التَّوحیدِ عَلَیْهِ، اِذا دَعَا النَّاسَ اِلَیْهِ فَصارَ ذَنْبُهُ عِنْدَهُمْ فِی ذالکَ مَغْفُوراً بِظُهُورِهِ عَلَیهِم».[2]

Маъмун пурсид: Маънии ояти «لِیَغْفِرَ لَکَ اللهُ ما تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِکَ وَ مَا تَأَخَّرَ чист? Ҳазрати Ризо(а) фармуданд: Аз назари мушрикони Макка, касе гуноҳкортар аз ҳазарти Расули Акрам(с) набуд, зеро онон пеш аз беъсат, сесаду шаст будтро мепарастиданд ва онгоҳ, ки он ҳазарт инонро ба калимаи муборакаи «لا اله الا الله» даъват намуд, ин мавзуъ бар онон гарон омад ва гуфтанд: Оё ӯ ба ҷои худоёни мутааддид як Худо қарор дода аст, ин матлаб барояшон аҷиб менамуд. Сарони онон ба ҳаракат омад ва гуфтанд: Биравед бар эътиқод ба Худоёни худ устувор бимонед. Ин чизе аст ки аз шумо (мардум) хоста мешавад мо чунин ҳарфҳоеро дар байни уммати охир нашунидаем. Ин сухан (сухани Муҳаммад(с)) ҷуз дуруғ ва ифтиро чизе диграе нест ва он замон, ки Худованди азза ва ҷалл Маккаро барои Паёмбараш фатҳ намуд, фармуд: Эй Муҳаммад! Мо Маккаро ба шакли қатъи ва ошкорор барои ту гушудем, то Худо гуноҳони пеш ва баъдии туро бипушонад. Ҳамон чизеро, ки аз назари аҳли Макка ба хотири даъват ба тавҳид дар гузашта ва баъд аз он, гуноҳ маҳсуд мешуд, зеро баъзе аз мушрикони Макка дар ҳамон вақт мусулмон шуданд ва баъе аз Макка хориҷ гардиданд ва онон ки монданд натавонистан он замон ки ҳазрат мардумро ба тавҳид даъват мекард аз дини нав нисбат аб ҳазараташ эрод бигиранд чаро ки бо ғалабаи ҳазрат бар онон ончи аз назаи онон гуноҳ маҳсуб мешуд таҳтуш шуоъ қарор гирифт ва аз дидагон афтод.

Дар ҷамъбанди метаовн ин натиҷаро гирифт ки:

1.Мурод аз “занб”, гуноҳоне аст, ки мушрикон нисбат ба Паёмабр(с) медоданд, ки бо фатҳи Макка барои мушрикон мушаххас гардид, ки дар ҳаққи Паёмбар(с) хато мекарданд.

2.Агар мурод мағфират гуноҳони Паёмбар(с) бошад, чи иртиботе ба фатҳи Макка дорад? Чи гуноҳоне аст, ки ба фатҳи Макка мавриди мағфират қарор мегирад?



[1] Сураи Фатҳ, оёти 1 ва 2

[2] Уюуни ахбор ур Ризо, ҷ 1, саҳ 160.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст