Имом Ризо(р) фармуданд: Агар бипурсанд: Чаро маъмуранд ба рӯзаи моҳи Рамазону бас, на камтар ва на зиёдтар? Гуфта мешавад: Барои онки ин миқдор, ҳадде аст ки аз иҷрои он, ҳам заъиф бармеояд ва ҳам қави ва ҷуз ин нест, ки Худованд фароиз ва воҷибҳоро ба андозае, ки дар имкони бисёре аз мардум бошад таъин фармуд, онгоҳ нотавононро озоди дода, бадин маъно ки агар хостанд бо инки сахт аст онро анҷом диҳанд монее набошад ва низ тавоноёнро тарғиб кард, ки агар хостанд ғайри моҳи Рамазонро ҳам бо гирифтани рӯза тақарруб ҷуянд ва чунон ки ба камтар аз ин салоҳашон буд Худованд камтар мефармуд ва агар муҳтоҷ ба бештар аз ин будан ба зиёда аз ин амр мефармуд.
Имом Ризо(а) фармуданд: Агар бипурсанд рӯза чаро воҷиб шуда аст? Ҷавоб он аст, ки дарди гуруснаги ва ташнагиро бидонанд ва аз ин роҳ пай ба фақру бе зоду ташнаги охират бибаранд ва барои инки рӯзадор бар асари нороҳатие, ки аз гуруснаги ва ташнаги барояш пеш омада фурутани кунад ва кучаки кунад ва ниёз нишон диҳад то аҷр барад ва ба ҳисоб оварад кори хешро бишиносад ва пойдори ва муқовимат кунад бар он ва аз ин ҷиҳатҳо мустаҳаққи аҷр шавад. Бо ончи ки дар он аст аз қабили пешгири аз туғён ва шаҳвати ҳавоҳо ва инки мавҷиби ибрат ва мавизае бошад барои онҳо дар ин дунё ва омодагие бошад барои анҷоми таклифҳои онҳо ва роҳнамоие бошад барои онҳо дар олами дигар ва бишиносад шиддати мушкилоти фақирон ва бенавоёнро дар дунё ва ончиро ки Худованд дар амволашон барои мискинон ва тиҳидастон воҷиб карда адо кунанд.
Боз ҳам имом(а) фармуданд: Ва агар бипурсанд ки чаро рӯза фақат дар моҳи Рамазон таъин шуда на моҳҳои дигар? Ҷавоб он аст, ки барои инки моҳи Рамазон моҳе аст, ки Худованд дар он Қуръонро нозил фармуда аст ва дар он миён ҳаққу ботил комилан ҷудои афтода чунончи Худованд фармуда аст моҳи Рамазон моҳе аст, ки дар он Қуръон нозил гашта аст ва он барои ҳидояти мардуме аст ва дар он алоиме аз барои роҳнамои ва ҷудокунандаи ҳаққ аз ботил аст дар ин моҳ ба Паёмбар(с) ваҳй шуд ва дар он шаби қадр аст, шабе ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Дар он шаб ҳар коре муҳкам ва барқарор мешавад ва он аввали соли қамари аст ва дар он тақдирот ва масоиле ки дар он сол аз неки ва бади. Суду зиён, зиндаги ва марг тақдир карда мешавад ба ҳамин ҷиҳат аст, ки шабро қадр мегуянд.
Аз Ҳишом ибни Ҳакам нақл шуда аст, ки гуфт, аз имом Содиқ(а) савол кардам дар бораи иллати рӯза, фармуд: Аммо иллати рӯза бадон сабаб аст, ки фақир ва ғани дар як сатҳ шавад зеро ғани дарди гуруснагиро начашида то ба фақир раҳм кунад зеро ғани ҳар ҳисси гуруснаги ва дардро ба ғани бичашонад, то дилаш бар заифон ба раҳм ояд ва бар инсони гурусна меҳрубони кунад.
Имом Ризо(а) фармуданд: Агар бипурсанд чаро зан бояд рӯзаро қазо кунад вале намозаш қазо надорад? Гуфта мешавад, ки барои чанд ҷиҳат. Якум инки гирифтани рӯза ӯро аз корҳои лозим зиндаги худ боз намедорад ва аз хонадори ва хидмат ба шавҳараш ва анҷоми фармони ӯ ва ислоҳи умури манзил ва шустушу ва назофат монеъи намешавад, вале намози вақтро мегирад ва монеи аз анҷоми ҳамаи умури дигар мешавад зеро намоз дар шабонарӯз такроран воҷиб мешавад ва зан қудрати онро надорад, ки ҳар намозҳои муддати нопокии худро ба ҷой оварад ва ҳам намозҳои айёми поки ва ҳам корҳои лозим ва зарури зиндагии заношӯи ё фарди худро наҷом диҳад вале рӯза инчунин нест ва яке дигар аз иллатҳои он ин аст, ки намози худро заҳмати нишасту бархост ва таҳарруки лозим дорад вале дар рӯза ин умур нест ва танҳо нахурдан ва худдори кардан аз муфтирот аст, на ҳаракати ва ҷунбиш ва фаолият ва дар тамоми муддати шабонарӯз ҳеҷ вақт наве намерасад магар инки дар он намози наве воҷиб мешавад вале рӯза ин тавр нест, ки ҳар рӯз ки мерасад рӯзааш бар ӯ воҷиб бошад монанди намоз, ки ҳар вақт сар мерасад намозе бар ӯ воҷиб бошад.
Имом Алӣ(а) фармуданд: Яке аз яҳудиён хидмати Расули Худо(с) расид ва аз масъалаҳое савол кард. Яке аз саволҳо ин буд; агар бипурсанд ба чи далеле Худованд рӯзаро барои уммати ту си рӯз қарор дода ва бар уматҳои гузашта беш аз ин? Паёмбар(с) фармуданд: Ба далиели инки Одам вақте аз дарахти (мамнуа) хурд си рӯз дар баданаш боқи буд пас Худованд бар фарзандони ӯ си рӯз гуруснаги ва ташнагиро воҷиб кард ва касе ки рӯзро ифтор мекунад фазле аст аз тарафи Худованд бар бандагонаш ва Одам ҳам ингуна буд. Пас Худованд бар уммати ман воҷиб кард. Сипас ин оятро тиловат карданд. Яҳуди гуфт: Эй Муҳаммад рост гуфтӣ! Пас подоши фарди рӯзадор чист? Паёмбар(с) фармуданд: Ҳеҷ муъмине нест, ки моҳи Рамазонро фақат ба ҳисоби Худо рӯза бигирад магар инки Худованд ҳафт хислат барои ӯ воҷиб кунад; ҳаромро аз баданаш зуб (аз байн мебарад) мекунад,ӯро ба раҳмати Худо наздик мекунад, мепушонад гуноҳ ва хатои падараш, ҳазрати Одамро, сакароти маргро бар ӯ осон мекунад, аз гуруснаги ва ташнагии рӯзи қиёмати Худованд ӯро дар амон медорад, ба ӯ бароат ва дури аз оташро ато мекунад ва аз таиботи биҳишт бар ӯ мехуронад.
Фалсафаи рӯза
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 2390