Баҳриддини Қурбон: Расули Худо (с) фармуд: Худои Мутаол фармудааст: Бандагони ман! Ҳамаи шумо гумроҳед магар онки ман ӯро ҳидоят кунам ва ҳамаи шумо фақиред магар онки ман ӯро бениёз кунам ва ҳама гуноҳкоред магар онки ман паноҳаш диҳам ва аз гуноҳ ҳифзаш кунам.[1]
Ҳидоят ва гумроҳӣ ду масъалаест, ки гоҳ мавриди сӯи истифода қарор мегирад ба ин маъно, ки гоҳе гуфта мешавд фалон одам инсони хуб аст чун Худо ҳидояташ карда аст ва фалон инсон шахси бадкорест чун Худо гумроҳаш карда аст. (Бе онки инсон нақше дошта бошад). Ин як ҳақиқат аст, ки ҳидоят ва гумроҳӣ ба дасти Худост вале ҳидояти касе аз ҷониби Худо ва ё гумроҳ намудани каси дигар беҷиҳат ва беҳисобу китоб нест. Худои Мутаол ҳаким, одил, меҳрубон ва хайрхоҳи бандагон мебошад бинобарин ҳаргиз касеро беҷиҳат гумроҳ намекунад ва ҳидояти ӯ низ беҷиҳат нест.
Дар Қуръон оёти фаровонест, ки мефармояд: Худо ҳар киро бихоҳад гумроҳ месозад ва ҳар киро биҳаҳад ҳидоят мекунад.[2] Шояд сарчашмаи тафсири нодуруст аз ҳидояд ва гумроҳӣ, ки мардумони оддӣ онро ба маънои ҳидоят кардан ва гумроҳ намудани беҷиҳат ва беҳисоб мепиндоранд ин гуна оятҳо бошад. Вале бояд диққат дошт, ки оятҳои Қуръон баъзе, баъзе дигарро тафсир мекунад, ки тафсири як оят бе дар назар гирифтани оёти дигар тафсир ба раъй буда ва гуноҳи бузург ба шумор меояд. Агар як диққати сода дар оёти Қуръон бишавад ин масъала равшан мегардад, ки маънои ҳидоят ва гумроҳӣ ғайр аз онест, ки бисёре аз мардум мегӯянд.
Ҳидоят ва гумроҳӣ дар Қуръон
Бо таваҷҷӯҳ ба оятҳое, ки дар заминаи ҳидоят ва гумроҳӣ дар Қуръони Маҷид вуҷуд дорад ба даст меояд, ки ҳидоят бар ду қисм аст:
1. Ҳидояти ом ва фарогир.
2. Хос ва вижа.[3] Аммо гумроҳӣ ба маънои ом ва ҳамагир вуҷуд надорад.
Ҳидоят ом ва ҳамагир
Ҳидояти ҳамагири илоҳӣ шомили ҳамаи мавҷудот мегардад чи инсон ва чи ҳайвон ва мавҷудоти дигар. Дар Қуръон мехонем Мӯсо (а): Гуфт: парвардигори мо ҳамон касест, ки ба ҳар мавҷуде он чиро лозими офариниши ӯ буда дода сипас ҳидоят кардааст.[4] Муназзаҳ шумор номи парвардигори баланд мартабаатро. Ҳамон Худое, ки офарид ва муназзам кард. Ва ҳамон, ки андозагирӣ кард ва ҳидоят намуд.[5] Ин файзи илоҳӣ насиби ҳамаи мавҷудот мегардад ва касе аз он бе баҳра нест. Ҳаргиз чунин нест, ки Худо ин ҳидоятро ба фарди хоссе бидиҳад ва ба дигарӣ надиҳад. Танҳо чизе, ки ҳаст ин аст, ки Худо бар асоси ихтилофҳои мавҷудот, онҳоро ба гунаҳои мухталиф ҳидоят ва роҳнамоӣ мекунад. Масалан дар Қуръон омадааст, ки Худо аз тариқи ваҳй ва илҳом замбури асалро ҳидоят менамояд: Ва парвардигори ту ба занбури асал ваҳй (ва илҳоми ғаризӣ) намуд, ки аз куҳҳо ва дарахтон ва дорбастҳое, ки мардум месозанд хонаҳое баргузин. Сипас аз тамоми самарот (ва шираи гулҳо) бихур ва роҳҳоеро, ки парвардигорат барои ту таъйн кардааст ба роҳатӣ бипаймо. Аз даруни шиками онҳо нушиданӣ бо рангҳои мухталиф хориҷ мешвад, ки дар он шифо барои мардум аст. Ба яқин дар ин амр нишонаи равшанест барои ҷамъияте, ки меандешанд.[6]
Аз ҳидоятҳои омми илоҳӣ, ки муносиб бо ҳоли инсон аст ақл мебошад, ки Худо бар инсон ато фармуда, то роҳнамои хубе барои инсон бошад ва ӯро ба сӯи хайру салоҳ ҳидоят кунад. Дар ин бора дар Қуръон оёти фаровон омадааст, ки инсонро ба фикру андеша ташвиқ мекунад.
Ва зиндагии дунё ҷуз бозӣ ва саргармӣ нест ва ҳатман сарои охират барои касоне, ки тақво пеша мекунанд беҳтар аст пас оё намеандешед.[7]
Ва мо пеш аз ту нафиристодем ҷуз мардоне аз аҳли ободиҳо, ки ба онҳо ваҳй мекардем оё дар замин сайр накарданд, то бубинанд оқибати касоне, ки пеш аз онҳо буданд чӣ шуд? Ва сарои охират барои парҳезкорон беҳтар аст оё фикр намекунед.[8]
Яке дигар аз лутф ва бахшишҳои илоҳӣ барои инсон, ки он низ муносиби ҳоли ӯст омадани пайғамбарони илоҳист, ки роҳнамои инсонҳо буда ва дар ҳақиқат омдаанд, то роҳи расидани инсон ба саодат ва растагориро кӯтоҳ кунанд, низ он чизҳоеро, ки дар ҳидояти ӯ нақши муҳим доранд ва инсон наметавонад бо ақл ва андеша ононро дар ёбад ба инсон ёд диҳанд. Ҳамон гуна (ки неъмати худро бар шумо комил кардем) расуле аз худатон дар миёни шумо фиристодем, то оятҳои моро бар шумо бихонад ва шуморо пок кунад ва ба шумо китоб ва ҳикмат биомӯзад ва он чиро намедонистед (ва ҳаргиз бидуни роҳнамоии анбиё наметавонистед ба даст биёред) ба шумо биомӯзад.[9]
Ҳидояти хос ва вижа
Ҳидояти дигаре вуҷуд дорад, ки махсуси бархе аз афродест, ки аз ҳидояти омми илоҳӣ ба беҳтарин наҳв баҳра гирифтаанд. Дар ин сурат аст, ки ин гуна инсонҳо мавриди инояти хосси илоҳӣ қарор мегиранд ва ҳидоят мешаванд. Маънои ин навъ ҳидоят ин аст, ки Худо ба онҳо таваҷҷӯҳи хос намуда ва дар паймудани роҳи наҷот ононро кумак мекунад ва дар тавфиқи онҳо барои тамассук ҷӯстан ба аъмоли солеҳ меафзояд. Қуръон дар ин бора мефармояд:
1. Ва касоне, ки дар (роҳи) мо талош кунанд қатъан ба роҳи худ ҳидояташон хоҳем кард ва мусалламан Худо бо некукорон аст.[10]
2. Касооне, ки ҳидоят ёфтаанд (аз ҳидояти фарогири илоҳӣ баҳра бурдаанд, Худо) бар ҳидояташон меафзояд ва рӯҳи тақво бар онҳо мебахшад.[11]
3. Мо достони онон(асҳоби каҳф)ро ба ҳақ барои ту бозгӯ мекунем. Онҳо ҷавононе буданд, ки ба парвардигорашон имон оварданд ва мо бар ҳидояташон афзудем ва дилҳояшонро маҳкам сохтем дар он мавқеъ, ки қиём карданд ва гуфтанд: Парвардигори мо парвадигори осмонҳо ва замин аст ҳаргиз ғайри ӯ маъбудеро намехоҳем , ки агар чунин кунем сухани беҳуда гуфтаем.[12]
Нуктаи муҳим ва ҷолиби таваҷҷӯҳ дар ин оятҳо ва монанди инҳо, ки дар Қуръон зиёд аст, ин аст, ки агар касе дар роҳи ба даст овардани ҳидояти илоҳӣ аз ҳидояти ом ва фарогир илоҳӣ яъне ақл ва пайғамбарон ва мубаллиғони роҳи Худо баҳра гирифт ва ба Худо имон овард ва дар роҳи ӯ талошу кӯшиш кард, ҳатман ҳидоят мегардад яъне таваҷҷӯҳи хоссаи парвардигорро ба даст оварда ва аз роҳнамоиҳои ӯ баҳраманд хоҳад шуд. Пас ҳидоят ва кӯмакҳои ғайбӣ беҳисобу китоб набуда, балки дар ҷоест, ки инсон барои ба даст овардани он талош карда ва тақво пеша кунад.
Гумроҳӣ аз ҷониби Худо низ дар ин қисмат (ба маънои хос) маъно пайдо мекунад ва он иборат аст аз боздоштани ин муҳаббатҳо ва кумакҳои ғайбӣ дар мавриди касоне, ки аз ҳидояти омми илоҳӣ баҳра намебаранд.
Қуръон мефармояд:
1. Ва Худо қавми ситамгарро ҳидоят намекунад.[13]
2. Худо касонеро, ки имон оварданд ба хотири гуфтор ва эътиқоди собиташон устувор медорад ҳам дар ин ҷаҳон ва ҳам дар сарои дигар васитамкоронро гумроҳ мекунад.[14]
3. Вале танҳо фосиқонро бо он гумроҳ месозад.[15]
4. Касоне, ки кофир шуданд ва (ба худ ва дигарон) ситам карданд (дар сурате, ки тавба накунанд ва гузаштаро ҷуброн накунанд) ҳаргиз Худо онҳоро нахоҳад бахшид ва ононро ба ҳеч роҳе ҳидоят нахоҳад кард.[16]
5. Ҳангоме, ки онҳо аз ҳақ мунҳариф шуданд Худо дилҳояшонро мунҳариф сохт ва Худо фосиқонро ҳидоят намекунад.[17]
Чунонки мушоҳида кардем дар ҳамаи ин оятҳо ишора шудааст, ки Худо онҳоро, ки зулму ситам мекунанд ва роҳи фисқу фуҷурро дар пеш мегиранд аз ҳидояти худ бе баҳра месозад. Пас гумроҳ сохтани касе ҳам беҳисобу китоб нест, балки натиҷаи интихоби нодурусти худи инсон аст. Бояд диққат дошт, ки дар ин маврид ҳам гумроҳӣ ба ин маъно нест, ки Худо ҷабран инсонро гумроҳ кунад, то боз гаштан ба суи ҳидоят барои ӯ ғайри мумкин гардад, балки ҳамаи инсонҳо, то дами марг аз ихтиёр бархурдоранд ва ҳар вақт бо кумак гирифтан аз роҳнамоиҳои ақл ва пайғамбарони илоҳӣ ба роҳи рост боз гарданд аз ҳидоятҳои хоссаи илоҳӣ баҳраманд хоҳанд шуд. Худо ҳар касро бихоҳад бар мегузинанад ва касеро, ки ба сӯи ӯ боз гардад ҳидоят мекунад.[18]
[1] . Алҷавоҳир-ул-сунния фи-л-аҳодиси-л-қудсия, ҷ.1, с.2.
[2]. Сураи Фотир, ояти 8.
[3]. Субҳонӣ, Ҷаъфар, ҷ.2, саҳ.387-395.
[4]. Сураи Тоҳо, ояти 50.
[5] . Сураи Аъло, 1,2,3.
[6]. Сураи Наҳл, ояти 68-69.
[7]. Сураи Анъом, ояти 32.
[8]. Сураи Юсуф, ояти 109.
[9]. Сураи Бақара, ояти 151.
[10]. Сураи Анкабут, ояти 69.
[11]. Сураи Муҳаммад, ояти 17.
[12]. Сураи Каҳф, ояти 13,14.
[13]. Сураи Ҷумъа, ояти 5.
[14]. Сураи Иброҳим, ояти 27.
[15]. Сураи Бақаро, ояти 26.
[16]. Сураи Нисо, ояти 68.
[17]. Сураи Саф, ояти 5.
[18]. Сураи Шуро, ояти 13.