Дар ҷазиратул араб ба далелҳои фаровоне ҷанг ва ғорат нисбат ба занон ва мардон бештар буд ва низ мушкилоти иқтисоди хонаводаҳо ва қабилаҳо боиси ривоҷи падидаи чанд ҳамсари шуда буд. Дар ин миён танҳо Паёмбар(с) набуда аст, ки чанд ҳамсар дошта аст бо ин ҳол бо шарҳи кутоҳе ки дар бораи ҳар як аҳ замсарони Паёмбар(с) хоҳад оамад (ки дар он нуктаҳои қобили таваҷуҳе шуда аст) ва низ сода зистии Паёмбар(с) бо ҳамсаронашон, равшан мегардад, ки ҳадаф ва фалсафаи ин издивоҷҳо, шаҳват ва умури ҷинси, лаззатҷӯӣ ва хоҳишҳои нафсони набуда аст.
Барои чанд зан доштани Паёмбар(с) далелҳои зиёде гуфта шуда аст, ки ба чанд намуна аз онҳо ишора мекунем:
1.Барқарори пайванд бо қабилаҳои араб ва касби мавқеияти беҳтари иҷтимоӣ барои густариши ислом ва пешгири аз коршикании онҳо. Аз инру, Паёмбар(с) аз қабилаҳои муҳимми араб ва низ аз яҳудиёни Мадина (Сафаия) ҳамсар интихоб кард ва аз ансор ки нисбат ба Паёмбар(с) душмани надоштанд, ҳамсаре нагирифт.
Дар фарҳанги Арабистон, издивоҷ муҳимтарин пайванд ва мисоқи иҷтимоӣ буда аст.
2.Ташвиқи мусалмонон ба издивоҷ бо занони пир ва сарпараст ва ятимдор ва наҷоти онҳо аз танҳоӣ ва фақр, монанди достони издивоҷи Паёмбар(с) бо умми Салама.
3.Озоди асирон, монанди достони издивоҷи Паёмбар(с) бо Ҷувайра ва Сафия ки Паёмбар(с) он дуро озод кард ва сипас бо онҳо издивоҷ кард ки натиҷаи он улгу гирифтани мусалмонон ва озодии бисёре аз асирон ва канизон шуд.
4.Ботил кардани суннатҳои ҷоҳили, монанди издивоҷи Паёмбар(с) бо Зайнаб духтари Ҷаҳш, зани писархонади хеш (Зайд).