Бештари мардум вақте калимаи "дуздӣ" ба гӯшашон мерасад ончи ки ин калима дар ҳамон марҳалаи аввал фикри инсонро ба сӯи худ мекашонад ин аст, ки "касе моли як шахсеро ба ноҳақ гирифта бошад" ва шояд ба ҳамин далел бошад, ки дар манобеъи ҳуқуқӣ низ дуздӣ ба "аз худ кардани моли каси дигар ба таври пинҳонӣ" таъриф шудааст.
Аммо нуктаи ҷолибнок ин аст, ки дуздӣ фақат дар моли дигарон нест, балики гоҳе инсон аз худаш низ дуздӣ мекунад!!! Мегӯед читавр?
Барои расидан ба посух диққати назари шуморо ба ин ривоят ҷалб мекунем.
Расули Худо (с) дар каломе ба ҳазрати Алӣ (к) фармуданд:
يَا عَلِيُّ! إِنَّ أَخبَث النَّاسِ سِرقَةً مَن يَسرِق مِن صَلَوَاتِهِ
"Эй Алӣ! Бадтарину пастарин дузд касе аст, ки аз намозҳои худ бидуздад" (Анворулҳидоя с.197).
Ончи ки аз ривоят фаҳмеда мешавад ин аст, ки Расули Худо (с) ба як масъала ва вазифаи инсонӣ ишора кардааст, ки ҳамон намоз мебошад, ки дар ин бора ривоятҳои гуногуне баён шудааст. Аммо ҳарзари Расули Акрам (с) ҳамчуноне ки дар аввал баён кардем дуздиро фақат дар молу амвол надонистаанд, балки бар тибқи фармиши эшон ҳатто мешавад, ки инсон аз худаш ҳам дуздӣ кунад ва ин дуздӣ ҳамон дуздии ибодӣ ва бандагӣ аст, ки ҳазрат боз дар ривоятҳои дигар онро баён кардаанд.
Умедворем, ки беш аз пеш ин ривоятҳое ҳар кадоме аз онҳо баҳре аз саодат аст бихонем ва ба онҳо амал кунем.