Б.Қурбон: Бало ва мусибат, модари хушбахтиҳост
Бадиҳо илова бар ин ки нишонгари хубиҳо ҳастан асари дигаре ҳам доранд ва он ин аст, ки зиштиҳо муқадимаи вуҷуди зебоиҳо ва падидоварандаи онҳо мебошанд. Дар шиками гирифториҳо ва сахтиҳо некбахтиҳо ва саодатҳо нуҳуфта аст ҳамчунон ки гоҳе ҳам дар дуруни саодатҳо бадбахтиҳо ба вуҷуд меоянд.
Масали маъруфе аст, ки мегуяд: Поёни шаби сияҳ сафед аст. Ин ҳақиқатро баён мекунад, ки миёни таҳаммули ранҷ ва расидан ба саодат ва хушбахтӣ робитаи қатъӣ вуҷуд дорад, гӯӣ сафедиҳо аз сиёҳиҳо зода мешаванд, чунон ки гоҳе бар акси ин ҳолат низ иттифоқ меафтад. Дарахте, ки дар биёбон меруяд ва аз парвариши боғбон маҳрум аст чуби он маҳкамтар ва пур қувваттар аст бар акс дархте, ки дар боғ меруяд ва ҳамвора таҳти муроқибати боғбон қарор дорад чубаш нозук ва бисёр осиб пазир мебошад.
Қуръон дар бораи робитаи амиқ миёни сахтиҳо ва осониҳо мефармояд: Пас ҳатмоно бо сахтӣ осоние ҳаст, ҳатман бо сахтӣ осоние ҳаст.[1] Қуръон намефармояд баъд аз сахтӣ осонӣ ҳаст, балки мефармояд бо сахтӣ осоние ҳаст яъне осонӣ дар шиками сахтӣ ва ҳамроҳи он аст.
Миллатҳое, ки дар домони сахтиҳо ба сар мебаранд неруманд ва бо ирода ва ҳамвора дар ҳоли пешрафтанд ва мардуми роҳат талаб ва ноз парварда заифу залиланд.
Андар табиат аст, ки бояд шавад залил
Ҳар миллате, ки ба роҳатию айш хӯ кунад
Мавлави мегуяд:
Ҳаст ҳайвоне, ки номаш асғар аст
Ку ба захми чуб зафту ламтар [2] аст
То ки чубаш мезанӣ беҳ мешавад
Ӯ зи захми чуб фарбеҳ мешвад
Нафси муъмин асғарӣ омад яқин
Ку ба захми ранҷ зафт асту самин
Зин сабаб бар анбиё ранҷу шикаст
Аз ҳама халқи ҷаҳон афзунтараст
То зи ҷонҳо ҷонашон шуд зафттар
Ки надиданд он бало қавми дигар
Рози тафовутҳо дар ҳастӣ
Акнун вақти он расида аст, ки ба як пурсиши муҳимми дигар посух гуем ва он ин ки чаро Худованд бархе инсонҳоро сиёҳ пуст ва бархеро сафед пуст офаридааст? Чаро бархе аз кудакон ноқис ба дунё меоянд ва бархе дигар солим? Ин табъизҳо чигуна бо адли Худо созгор аст?
Ин пурсишҳоро ба ду сурат метавон посух дод.
Яке ин ки Худои Мутаол ҳаким аст ва корҳои Худро бар асоси ҳикмат анҷом медиҳад бино бар ин вуҷуди табъизҳо дар олам ҳакимона хоҳанд буд.
Посухи дуввуме, ки ба ин пурсишҳо додаанд посухи илмӣ ва дақиқ аст ва он ин ки Худованди Мутаол оламро бар асоси асбоб ва илал офарида аст. Яъне Худо ин оламро ба гунае офаридааст, ки баъзе аз чизҳои он бар баъзе дигар таъсир мегузоранд. Масалан агар оташ бар чуб бирасад оташ мегирад ва агар борон биборад замин тар мешавад ва ғайра. Ин қонунро, ки дар саро сари олам вуҷуд дорад қонуни иллат ва маълул мегуянд. Яъне ба он чизҳое, ки таъсир мегузоранд иллат ва ба он чизҳое, ки таъсир мепазиранд маълул гуфта мешавад. Масалан оташеро, ки чубро месузонад иллат ва сухтани чубро маълул мегуянд. Ин қонуни ҳастист ва тақдири илоҳӣ ҳамин аст. Ҳоло агар кӯдаке ноқим ба дунё биёд ҳатман дорои иллате аст ва чи би бисёр мешавад ки иллати он нуқсон дар кудак кутоҳии падару модар мебошад. Ва ҳамин тавр ранги пустҳо, ки бар асоси таъсироти муҳитӣ ва женетикӣ ба рангҳои гуногун табдил мешаванд ва вуҷуди фақр дар ҷомеа низ аз ин қонун берун нест чи басо вуҷуди фақр дар ҷомеа маълули тақсимоти но одилонаи дороиҳои мамлакат аст, ки агар одилина ва бар асоси дастуроти дини Худо тақсим шаванд фақр ва бадбахтӣ аз ҷомеа нобуд мешавд.
Қуръон ва бадиҳо
Он чи гуфтем ба ин маъно нест, ки Худованд дар вуҷуди ҳаводис бе таъсир аст, балки ҳамаи он ҳодисаҳо таҳти иродаи илоҳӣ ва бар асоси ҳадаф анҷом мепазирад ва тибқи фармудаи Худованди Мутаол ҳама барои имтиҳон аст. Қуръон дар як баён мефармояд: Ва басо чизеро нохуш доред дар ҳоле ки он бар фоидаи шумост ва басо чизеро дӯст бидоред, ки ҳамон ба зиёни шумост ва Худо медонад ва шумо намедонед.[3] Худои Мутаол мефармояд чи бисёр чизҳое дар олам ҳаст ки шумо онҳоро бад медонед дар ҳоле ки бад нест балки барои шумо фоиданок аст ва бар акс гоҳе чизҳоеро хуб медонед ҳол онки барои шумо бад аст.
Худованд бар асоси илми фарогири худ чзҳоеро дар олам қарор медиҳад, ки мумкин аст ба зоҳир бад бошад вале ҳақиқати он хуб аст. Мисли доруе, ки табиб ба кудаки бемор медиҳад. Дору чун ба зоҳир талх аст дар назари кудак бад аст вале дуктур медонад, ки ин дору чи қадар ба он кудак фоиданок аст бино бар ин бо вуҷуди кароҳати кудак доруро ба ӯ мехуронад. Гузашта аз ин аз назари Қуръон ҳам хубиҳо ва ҳам бидиҳое, ки ба инсон мерасад ҳама барои имтиҳон аст аз назари Қуръон на сирват барои сирватманд фазилат аст ва на фақр барои фақир ба хотири зиллат. Қуръон мефармояд: Албата шуморо имтиҳон мекунем то муҷоҳидон ва собирони шуморо бишиносем.[4] Дар Қуръон боз мехонем: Ва қатъан (ҳамаи) шуморо ба чизе аз тарс ва гуруснагӣ ва коҳише дар сирватҳо ва ҷонҳо ва маҳсулот имтиҳон мекунем ва ба собирон башорат деҳ.[5]
Озмоиш ва имтиҳон гоҳ барои ин аст, ки озмоиш кунанда аз он чизеро бифаҳмад, монанди муаллиме, ки имтиҳон мекунад, то бифаҳмад шогирдаш дар чи вазиятест ва гоҳ ин гуна аст, ки барои озмоишкунанда чизе пушида нест вале барои озмоиш шудаҳо пушидааст. Баъзан мешавад, ки муаллим бо шинохте, ки аз шогирдони худ дорад медонад, чӣ касе баҳои панҷ мегирад ва чӣ касе камтар, вале агар бе он ки аз онҳо имтиҳон бигирад бигуяд: баҳои ту панҷ аст ва аз ту чаҳор ва ту се, ҳама ғайри он ки панҷ гирифта шикоят мекунанд ба хотири ҳамин муаллим имтиҳон мегирад, то бар худи онҳо ҳақиқат равшан шавад.
Қисми нахуст барои Худо маъно надорад, зеро ҳама чиз барои ӯ маълум аст. Қурон мефармояд: Ва ҳамвазни заррае дар замин ва на дар осмон аз Худои ту пушида нест.[6] Ва мефармояд: На чурт мегирадаш ва на хоб.[7] Ва низ фармуда: Ӯ ниҳон ва ниҳонтарро медонад.[8] Вале дар боби имтиҳон як масъалаи муҳимми дигар вуҷуд дорад, ки он ҷанбаи аслии имтиҳон аст ва он ин аст, ки афрод вақте дар маърази имтиҳон қарор мегиранд ба кор меафтанд ва рушд мекунанд ва ончи дар дарун дорандро буруз медиҳанд ва пешрафт мекунанд.
Сахтиҳо ва шадоиде, ки Худо дар дунё барои инсон пеш меоварад ва балки нематҳоеро ҳам, ки меоварад барои ин аст, ки истеъдодҳои дарунии онон буруз кунад. Инсон аз назари ҳолоти руҳи дуруст ҳолати навзодеро дорад, ки метавонад як ҷавони буруманд шавад ва бояд кам кам рушд кунад, то як ҷавони буруманд гардад. Инсон аз назари камолоти воқеъӣ ва нафсонӣ аввал дар ҳадди билқувва аст, ки метавонад бошад аммо ҳоло ки нест аз як тараф ба воситаи сахтиҳо ва шадоид ва аз тарафи дигар ба воситаи нематҳо, ки ба ӯ дода мешавад дар маърази чунин камоле қарор мегирад, то ба камол бирасад. Бояд ин сахтиҳо пеш биёяд, то он сабрҳо ва муқовиматҳову пухтагиҳо, ки ҳама камолотанд пайдо шавад.[9]
[1]. Сураи Шарҳ, ояти 5-6.
[2] . Дуруштар ва фарбеҳтар.
[3]. Сураи Бақара, ояти 216.
[4]. Сураи Муҳамад, ояти 31.
[5]. Сураи Бақара, ояти 155.
[6]. Сураи Юнус, ояти 61.
[7]. Сураи Бақара, ояти 255.
[8]. Сураи Тоҳо, ояти 7.
[9]. Барои огоҳии комил дар ин замина бингар: Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Адли илоҳӣ ва Маҷмуаи осор ҷ.23.