Ба номи Худо

Хилқати Исо(а) аз шигифтиҳои олами офариниш аст, зеро модараш ба хости бевоситаи Худованд ва бо башорати Руҳи Худо, ки ба сурати инсоне бар Марям(с) намоён шуд ва ба Марям(с) гуфт: "Ман фиристодаи Парвардигори ту ҳастам, то ба ту ҷавоне рашид ва шоистаеро бибахшам.“[1]

Пас Марям(с) бордор гардид, то оят ва нишонае барои ҳамагон бошад.

Чигунагии таваллуди Исо(а) тибқи нақли Қуръон чунин аст. Модари ӯ, ҳангоме ки бордор мешавад Худованд ӯро ба нуқтаи дурдасте мебарад. Ва дарди зоймон, ӯро ба канори танаи дарахти хурмои хушкида кашонд ва ҳангоми таваллуди ҳазрати Исо(а) он қадар нороҳат шуд, ки гуфт: “Эй кош пеш аз ин мурда будам ва ба куллӣ фаромуш мешудам.” Ногаҳон аз тарафи поини пояш ӯро садое шунид, ки “Ғамгин мабош! Парвардигорат зери пои ту чашмаи оби гуворое қарор дода аст. Ин танаи дарахти хурморо ба тарафи худ такон бидеҳ, хурмои тозае бар ту фуру мерезад. Ва фармуд: Аз ин ғизои лазиз бихур ва аз он оби гуворо бинуш ва чашматро ба ин мавлуди нав, равшан кун! Ва ҳар гоҳ касе аз инсонҳоро дидӣ, бо ишора бигӯ: Ман барои Худованди Раҳмон рӯзае назр кардаам ва бо касе сухан намегӯям.”[2]

Аммо ин навзоди муборак дар баробари нисбатҳои норавои мардум ором нашуд ва ба дифоъ аз модари покаш лаб ба сухан кушод ва дар гаҳвора фармуд: “Ман бандаи Худо ҳастам! Ба ман китоб дода ва маро паёмбари хеш қарор дода аст.”[3]

Ва ин баён ҳузну андуҳро аз чеҳраи модари меҳрубонаш бартараф кард ва талхиҳои гуфтори мардум бо муъҷизаи илоҳӣ табдил ба ширинӣ гардид.

Ин ки Исо(а) дар гаҳвора забон ба сухан кушод гарчи муъҷиза аст, вале аз он шигифтангезтар каломи ӯст, ки хештанро дар аввалин гуфтор, бандаи Худо муаррифӣ мекунад ва бо эътироф ба убудияти худ дар баробари Худо, аз ғулуви ғулувкунандагон ҷулугирӣ карда ва ҳуҷҷатро бар онон тамом мекунад. Ва сипас нубуввати хешро эълом намуда ва бо калимаи “муборакан” бобаракат, дифоъ аз манофеъ ва ҳуқуқи мардумро эълон медорад ва аз вуҷуди бархе аъмол монанди намоз ва рӯза, меҳрубонӣ ва некӣ ба модар хабар медиҳад ва хештанро аз зулму ҷавр мубарро месозад.[4]

Ва дар тули зиндагӣ ҳамвора ба иршод ва мавъизаи мардум мепардозад ва бо тарбияти шогирдон ва анҷоми муъҷизоте ба иҷозаи Худо монанди: Шифо додани кури модарзод, сохтани паранда аз гил, давои мубталоёни песӣ, зинда кардани мурдагон, хабар додан аз хуроки мардум ва ончи захира мекунанд ва сер кардани панҷ ҳазор тан бо чанд тикка нон ва теъдоде моҳӣ...[5]

Дар расондани паёми Худо дареғ намеварзид. Ва саранҷом ба сабаби хиёнати бархе аз расулон, аз миёни Бани Исроил гирифта мешавад ва Худо ӯро ба сӯи худ, боло мебарад гарчи онон мегӯянд: Мо Исои Масеҳро куштем ва ба дор овехтем, вале ҳақиқат он аст, ки онон  на Исоро куштанд ва на ба дор кашиданд, балки ин кор бар онон муштабаҳ шуда аст. Ӯро ба яқин накуштанд, балки Худо ӯро ба осмон бурда аст.[6]

Ҳазрати Исо(а) пас аз зуҳури ҳазрати Маҳдӣ(а) дар охируззамон барои ёрӣ ва ҳамроҳиаш аз осмон поин хоҳад омад ва ба имом Маҳдӣ(а), ки аз Аҳли байти Паёмбари Аъзам(с) ва дувоздаҳумин ҳуҷҷати Худо барои халқаш мебошад, иқтидо мекунад.

 

 


[1] Сураи Марям, ояти 19.

[2] Сураи Марям, оятҳои 17 то 30.

[3] Сураи Марям, ояти 31.

[4] Тарҷумаи тафсири Алмизон, ҷ. 14, саҳ. 47.

[5] Сураи Оли Имрон, ояти 49.

[6] Сураи Нисо, оятҳои 157 ва 158

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст