Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Алҳамдулиллоҳи раббил оламин вассалоту вассалому ъало саййидино ва набиййино Абилқосимил Мустафо Муҳаммад ва ъало олиҳи атябинал атҳаринал мунтаҷабин алҳудотил маҳдиййин сияямо бақияталлоҳи фил аразин.
Табрик арз мекунам ба ҳамаи бародарон ва хоҳарони азизе, ки ташриф овардед ва ба ҳамаи миллати Эрон ва ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон, ҳамаи озодагони ҷаҳон, иди шариф ва бузӯрги мабъасро(рӯзи ба Пайғамбарӣ расидани ҳазрати Муҳаммад(с)ро). Иншоаллоҳ ёди он рӯз дилҳоро равшан кунад, роҳро ба мо нишон бидиҳад ва битавонем аз ҳақиқати мабъас истифода кунем.
Рӯзи мабъаси Расули Акрам(с), рӯзи бисёр мӯҳимме аст, яъне мӯҳимтар аз он ҳеҷ рӯзеро дар тули таърихи башар надорем. Рӯзи беъсат, дар воқеъ рӯзи таваллуди Қуръони карим аст. Қуръони карим саропо ҳикмат ва саропо нӯр аст, ба таъбири Амиралмӯъминин Алӣ (а) мефармоянд: اَلنّورُ السّاطِع
Рӯзи нӯри тобону дӯрахшон(۱), рӯзи тарбияти инсони комил аст, яъне аз ин рӯз барномарезӣ барои тарбияти инсонҳои комил, ки мисдоқи комилаш Имомон(а) ва пешвоёни ҳидоят(ки аз хонадони Расули Худо(с)) ҳастанд, фароҳам шуд. Рӯзи нақшаи тамаддӯни исломӣ, яъне дар ин рӯз буд, ки дар воқеъ тамаддӯни исломӣ оғоз шуд ва нақшаи азим ва таърихӣ ва мондании он, ки имрӯз ҳам дар дастраси ману шумо ҳаст(Қуръони карим), онрӯз ба вуҷӯд омад. Рӯзи беъсат, рӯзи барафроштани парчами адолату баробарӣ ва бародарӣ аст.
Баёни ҳамаи фазилатҳои рӯзи беъсат ва ба Пайғамбарӣ расидани Расули Худо(с), дар тавони мо нест, чунки фаҳму забони мо ва дили мо кӯчактар аз он аст, ки битавонад азамат ва аҳамияти беъсатро комил дарк кунад ва баён намояд. Бале Амиралмӯъминин Алӣ (а) метавонад баён кунад, ҳамчунон ки дар китоби Наҳҷулбалоға фармӯдааст, ки шумо метавонед дар хӯтбаи дуввуми он китоб бибинед, дар бораи беъсати Пайғамбар(с) аст, ки чигӯна Худованди Муттаъол Ӯро ба пайғамбарӣ интихоб кард ва дар чӣ шароит ва бо чӣ вазъияте онро ба сӯи ҳидояти мардӯм фиристод. Дар дигар хӯтбаҳо ҳам ин мазмӯн ва матолиб баён шудааст. Ман фақат як нуктаро дар боби беъсат арз мекунам, ки ба дарди имрӯзи мо ҳам бештар аз дигар гапҳоямон мехӯрад ва он инаст, ки беъсати Пайғамбар(с) мазҳар ва улгӯи тамаддӯни воқеъии башар аст. Яъне агар инсонҳо бихоҳанд ба беҳтарин навъ зиндагӣ кунанд, бояд бо барномае ки дар беъсат пешкаш шуд, зиндагӣ кунанд ва бо он барнома аст, ки метавонанд хӯб зиндагӣ намоянд.
Аммо ин ҳодиса ин рӯйдод(беъсат) дар куҷо иттифоқ афтод?
Беъсат дар чӣ шароиту вазъияте иттифоқ афтод?
Беъсат дар бадтарин шароити қобили тасаввур иттифоқ афтод, яъне дар миёни мардӯме, ки аз лиҳози ахлоқ, аз лиҳози илм, аз лиҳози фикр ва ҳатто аз лиҳози қалб, бадтарин, сарсахттарин, лаҷуҷтарин, асабитарин, золимтарин, зургӯтарин афрод дар ҷомеъаи он рӯз маҳсуб мешуданд, Арабистон ин таврӣ набуд.
Амиралмӯъминин Алӣ (а) дар бораи шароити онрӯз мефармоянд:
فَالهُدىٰ خامِلٌ وَ العَمىٰ شامِل
Машъали ҳидояту илм тамоман хомӯш буд, яъне ҳеҷ роҳнамоие ба ҳақиқати покизаи олами ҳастӣ, вуҷӯд надошт, кӯрӣ ва ҷаҳолат фарогир буд. (۲)
Яъне Амиралмӯъминин Алӣ (а) ҳамчунин вазъиятеро аз онрӯзи мардӯми Макка ва Мадина ва он маҳдудае, ки Пайғамбар(с) дар онҷо мабъус шуд, баён мекунад. Нодон буданд, бесавод буданд, лаҷуҷ буданд, мутаъассиб ва ифротӣ буданд, фосид буданд, мутакаббир буданд, золим буданд, бо ҳамаи ин сифатҳои палиду хатарнок, ки дар онҳо буд, байнашон ихтилофи табақотӣ(бардадорӣ) буд. Бузӯргҳошон, золимҳояшон, арбобҳояшон ҳам бад буд, кучакҳояшон, ғӯломҳояшон ва мазлӯмонашон ҳам бад буданд. Дар як чунин фазо ва вазъияте мабъас ба вуҷӯд омад ва Расули Худо(с) фиристода шуд, Ислом мутаваллид шуд, Қуръон нозил шуд.
Хӯб, дини Ислом бар пояи ақл ва имон устувор аст. Тамоми барномаҳои исломиро ба ақл ва имон бояд санҷид ва фаҳмид ва амал кард. Инҳо (мардӯми онрӯзи Ҳиҷоз) на ақл доштанд ва на имон, Пайғамбар(с) вориди ин ҷомеъа шуд ва ваҳй ва каломи Худоро барои ҳамчунин мардӯме тиловат кард ва баён намуд ва тавонист дар муддати 13 сол, ки 13 сол замони зиёде нест, аз байни ҳамчунин мардӯм, Аммор(рз) дурӯст кунад, Абӯзар(рз) ва Миқдод(рз) дурӯст кунад.
Вақте муаллимеро дар назар гиред, ки вориди келос(синф) шавад ва шогирдон ҳама сарашон ба ҳаво бошад, бепарвою бедиққат, беистеъдоду беалоқа ба дарсанд, баъд муаллим битавонад дар муддати мӯаяне ҳамин шогирдонро боалоқаю босавод, омодаю фаҳмида, бодиққату боҳӯш тарбият кунад, ин вазъ ва ҳолатро шумо ҳазорон баробар кунед, то шавад вазъияти замони беъсати Пайғамбар(с). Яъне тавону қудрати Ислом ва дини Илоҳӣ ва аҳкому маъорифи Илоҳӣ инқадар болост, ки метавонад аз ончунон инсонҳои нодону хатарнок, инсонҳои бошарофату беназир ба вуҷӯд биёварад. Абӯзар(рз) инсони каме нест, ҳамин Абӯзар дар даврони ҷоҳилият ва пеш аз беъсат интавр набуд, Аммор (рз) ҳам ҳамчунин.
Ин сӯхан ва масъалаи беъсат барои имрӯзи мо ҳам мӯҳим аст. Ман мехоҳам ин иддаоро бикунам ва бигӯям, ки имрӯз ҳам Ислом ва маъорифи Илоҳӣ ҳамин қувват ва тавоноиро дорад. Имрӯз ҷомеъаи башарӣ ба ҳамон сифатҳо ва вазъияти ҷоҳилият гирифтор шуда аст, вале бо адабиёти дигар ва шеваи дигар. Ҳамон зӯлми онрӯз, имрӯз ҳам ҳаст, он гарданкашӣ ва зургӯӣ имрӯз ҳам ҳаст, он фасоду хиёнатҳо имрӯз ҳам ҳаст.
Дар хабарҳои дӯнё мешунавед, ки ҷазираҳои фасод дурӯст кардаанд, ин шӯхӣ аст?
Фасодҳои ахлоқӣ, фасодҳои амалӣ, зӯлм, зургӯӣ, дахолат(дар умури афрод ва кишварҳо), ба ҳаркасе зур ё дасташон бирасад мезананд, ҳарҷо битавонанд ҷанг роҳ меандозанд, башар ҳамон башар аст, вале адабиёту зоҳираш фақат фарқ карда аст. Имрӯз бо адикалону галстук, кастюму брук ва либоси зебо меояд ба майдони зӯлму ҷиноят, ҳамон башар аст ва ҳеҷ фарқе ҳам накардаанд. Имрӯз башарият, албатта инро мегӯям, ки на ҳамаи башарият, балки дар бисёре аз ҷомеъаҳо бахусӯс ҷомеъаи ғарбӣ дучори ин офатанд, ҳақкӯшӣ мешавад ва заъифкӯшӣ мешавад.
Ҳамон Абӯҷаҳл имрӯз ҳам ҳаст, ҳамон Муғайраи Махзӯмӣ имрӯз ҳам ҳаст, ки Қуръони карим дар сураи муддасир дар бораи Муғайра мефармоянд:
Имрӯз ҳам ҳамонҳо ҳастанд, ҳамонҳоянд, ки бар миллионҳо инсон ҳукумат карда истодаанд ва зердастонашонро ба самти ҷаҳанам бо хӯдашон мебаранд. Қуръони карим дар бораи Фиръавн мефармоянд:
يَقْدُمُ قَوْمَهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَأَوْرَدَهُمُ النَّارَ ۖ وَبِئْسَ الْوِرْدُ الْمَوْرُودُ
( Фиръавн) Рӯзи қиёмат пешопеши қавмаш меравад, пас ононро ба оташ дармеоварад, ки бад вурӯдгоҳ ва манзилгоҳе аст.(4)
Фиръавн дар дӯнё раиси қавмаш буд ва дар рӯзи қиёмат ҳам раис қавмаш аст ва пешопеши қавмаш меравад ва ононро ҳамроҳи хӯдаш ба дӯзах мебарад, инҳо хӯдашон ба самти ҷаҳанам ҳаракат мекунанд ва дар маънои воқеӣ ва малакутӣ дар ҷаҳанам қарор доранд, хӯб ин дӯнёи имрӯз аст.
Ислом ҳамон ислом ҳаст, ин ислом метавонад дӯнёи имрӯзро аз ин рӯ ба он рӯ кунад. Мо метавонем, Мо мусулмонон метавонем, дӯнёро аз сарошебии фасод ва ҳалокат ба самти салоҳу наҷот ва шарофат бирун бикашем, аз тарафи ҷаҳанам ба тарафи биҳишт. Имрӯз ҳам мешавад, аммо як шарт дорад:
وَلا تَهِنُوا وَلا تَحْزَنُوا وَأَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ إِنْ کُنْتُمْ مُؤْمِنینَ
Ҳаргиз суст ва ғамгин нашаваед! Шумо бартаред, агар имон дошта бошед.(5)
Яъне ҳамин ҳоло метавонед дӯнёро пушти сари хӯдатон роҳ бияндозед, аммо кай?
Вақте ки имони лозимро дошта бошед. Хӯб ману шумо алҳамдулилоҳ як имоне дорем, Худоро шукр, аммо ин имон, имони Абӯзаргӯна нест, амаламонро бояд дурӯст намоем, корамонро бояд дурӯст кунем, диламонро бояд дурӯст кунем. Агар тавонистем ин корҳоро бикунем, ба насиҳати Қуръон, ба насиҳати Пайғамбар(с), ба насиҳати Ислом гӯш фаро бидиҳем, ба китоби Наҳҷулбалоға аҳамият бидиҳем ва амал кунем, мо ҳам ҳамончизеро хоҳем дошт, ки онрӯз Пайғамбар(с) дошт, ҳамон кореро мекунем, ки Пайғамбар(с) онрӯз онро кард, метавонем дӯнёро баргардонем ба самти салоҳу адолат. Ҷомеъаи таҳти султаи ҳамин одамҳои нобобро метавон табдил кард ба ҷомеъаи пешрафти инсонсоз, агар чунончӣ иншоаллоҳ «اِن کُنتُم مُؤمِنین» таҳаққуқ пайдо кунад. Бояд муроқибат кунем, ба ончӣ медонем амал кунем, аз гуноҳ парҳез кунем. Имон имрӯзи мо имони Абӯзаргӯна нест.
Албатта хӯшбахтона дар ҷумҳурии исломӣ, ба сурати фардӣ, афроди Абӯзаргӯна доштаем. Монанди ҳамин шаҳидони бузӯрг, номдор ва баъзе ҳатто гӯмном, инҳо ҳастанд. Аммо ҷомеъа бояд тағйир пайдо кунад, салоҳу тақво бояд саросари ҷомеъаро фаро гирад.
Хӯб, рӯзи мабъас чунин рӯзе аст, чунин имоне арза шуд ва касоне, ки онро қабул карданд, касе мисли Амиралмӯъминин Алӣ ибни Абитолиб(а) буд ва ҷаноби Хадиҷа(рз) буд, ки ин имонро қабул кард, дар дараҷаи аввал, касони дигаре набуданд. Ҳоло ин дар мавриди мабъас буд, ки арз кардем.
Ман мехоҳам чанд ҷумла дар мавриди ин фитнаи ахир арз кунам. Як фитнае воқеъ шуд, як миқдоре мардӯмро азият кард, озор дод, ба кишвар зарар зад, фитна аст дигар. Ба тавфиқи Илоҳӣ ба дасти мардӯм ва ба дасти масъулон ва маъмурони вақтшиносу корбалад биҳамддиллоҳ ин фитна хомӯш шуд. Бояд фитнаро бишносед. Ман инҷо чанд матлабро мехоҳам арз кунам.
Аввал инки моҳияти фитнаро бифаҳмем, аслан ин фитна чӣ буд, барои чӣ ба вуҷӯд омад?
Дуввум инки абзору омили ин фитна чӣ буданд? Чӣ касоне буданд? Зоҳирашро, ки нигоҳ мекунӣ, як ҷавоне аст, аммо қазия(ҳақиқати фитна ва қазия) чист?
Як матлаби дигар дар бораи инки мо дар муқобили ин коре (фитна ва ҷанги печида), ки дӯшмани мо бо мо кард, чигӯна мавзеъ бигирем ва чӣ кор кунем?
Чанд матлабро дар ин замина кӯтоҳ арз менамоям; Аввалан дар бораи моҳияти фитна ин аст, ки фитна фитнаи Амрикоӣ буд. Возеҳу равшан буд; Амрикоиҳо барномарезӣ карданд, фаъолият карданд. Ҳадафи Амрикоиҳо ҳам ин буд, ки балъидани Эрон буд, инро ман ошкоро ва равшан бо таҷрибаи чиҳилу чандсола дар ҷумҳурии исломӣ арз мекунам. Ин султаи ки онҳо бар ин кишвар доштанд, ба дасти мардӯм, ба дасти ҷавонҳо, ба дасти якояки миллат ва бо раҳбарии Имоми бузӯргвор(Имом Хӯмайнӣ) дар саросари кишвар аз байн рафт. Аз аввали инқилоб то ба имрӯз, Амрикоиҳо дар фикри инанд, ки ин султаро дубора баргардонанд; Яъне Эронро боз таҳти султаи низомии хӯдашон, таҳти султаи сиёсии хӯдашон, таҳти султаи иқтисодии хӯдашон қарор бидиҳанд, ҳадаф ин аст. Ин фақат марбут ба раисҷумҳури хозираи Амрико нест, балки ин марбут ба сиёсат ва барномаи ҳукуматдории Амрикост.
Сиёсати Амрико ин аст, ки кишваре бо чунин хусӯсиятро дар якчунин ҷо ва маркази ҳасоси ҷуғрофиёӣ, бо ин манобеъ ва имконот, бо ин вусъат ва паҳноварӣ, бо ин ҷамъият, наметавонанд таҳаммул кунанд ва бипазиранд. Чунин кишваре, ки дар ҳоли пешрафт аз лиҳози илмӣ ва аз лиҳози фанноварӣ дар бахшҳои мухталиф аст, барои Амрикоиҳо қобили таҳаммул ва пазириш нест. Ин масъала ҳамон аст, ки дар Қуръони карим дар мавриди дӯшмании ҳақ омада аст:
Албатта дар гӯзашта ҳам чунин фитнае иттифоқ меафтод, вале маъмулан матбуотиҳо ва сиёсиёни дараҷаи дуввуми Амрикоиҳо ва ё Аврупоиҳо дахолат мекарданд. Аммо дар ин фитна ин тавр набуд, балки хӯд раисҷумҳури Амрико дахолат кард, таҳдид кард, гап зад ва назарашро гӯфт ва фитнагаронро ташвиқ кард ва пайғом дод ба фитнагарон, ки биравед ба пеш, натарсед ва аз шумо ҳимояти низомӣ мекунам. Яъне хӯди раисҷумҳури Амрико вориди фитна шуд ва ҷузъи фитна аст.
Як гурӯҳ ва теъдоде тахрибгару ошӯбгар, ки хароб карданд, оташ заданд, корҳои хилоф ва ҷиноят карданд ва одам кӯштанд, инҳоро Амрико ба унвони миллати Эрон муаррифӣ кард, яъне ба миллати Эрон тӯҳмати бузӯрг зад. Амрико гӯфт: Инҳо(Ошӯбгарон) миллати Эронанд ва ман мехоҳам аз миллати Эрон дифоъ кунам. Ин кор хӯдаш ҷӯрм аст. Ин далелҳоеро, ки арз кардам, далелҳои мустанад(босанад) аст, яъне ҳеҷ чизи пинҳоне вуҷӯд надорад, ошкоро гӯфт ва ошкоро ташвиқ кард. Пӯшти сари ҳам мустанадоте дорем, ки ҳам Амрикоиҳо ва ҳам режими саҳюнистӣ(Исроил) кӯмак карданд, ки ҳоло онро мухтасаран арз хоҳам кард.
Матлаби дуввум, дар бораи авомил ва иҷрокунандаҳои фитна аст ва инҳое ки дар саҳна буданд, инҳо кӣ буданд?
Инҳо ду даста буданд; Як даста ба қавли хӯдашон сардастаҳо ва лидерҳои гурӯҳ буданд, ки сервисҳо ва дастгоҳҳои ҷосусии Амрико ва Исроил инҳоро бо диққат пайдо ва интихоб карда буданд, бештарашонро дар хориҷ бурда омӯзиш доданд, ки чигӯна ҳаракат кунанд, чигӯна оташ бизананд, читавр тарсу ваҳшат эҷод кунанд, чигӯна аз дасти пулис ва нерӯи интизомӣ фарор кунанд, ҳаминтавр пулҳои зиёде ҳам барояшон дода буданд. Бо лутфу ёрии Худо албатта теъдоди зиёде аз ин авомили муҷрим ва лидерҳо дастгиру боздошт шуданд ва нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ дар ин замина хӯб кор карданд.
Дастаи дуввум, бо режими саҳюнистӣ ва фалон дастгоҳи ҷосусӣ иртибот надоштанд, вале ҷавони хоме буданд, ки бо сӯҳбату ҳарф задан онҳоро ҷазб мекарданд ва таҳти таъсир қарорашон медоданд, ҳаяҷон барояшон ба вуҷӯд меоварданд ва ҷавонҳою навҷавонҳо ҳам, ки ҳаяҷонӣ ҳастанд, меоянд вориди майдон мешаванд ва шайтанат ва корҳое мекунанд, ки набояд бикунанд. Инҳо пиёданизоманд, маъмурияташон инаст, ки бираванд ба якҷое ҳамла кунанд, монанди як постгоҳ, як хона, як идора, як бонк, як маркази санъатӣ, як маркази барқ ва ғайра... .
Он дастаи аввал инҳоро ҷамъ мекунанд, ҳар кадомашон даҳ нафар, бист нафар ва панҷоҳ нафарро ҷамъ мекунанд, роҳнамоӣ мекунанд, то бираванд фалон кору ҷиноятро бикунанд. Мутаассифона ин авомили ноогоҳу нодон бо сардастагии он авомили муздӯр ва омӯзишдида ҷиноятҳои бузӯргу ваҳшатнок ва корҳои бадеро анҷом доданд. Теъдоди 250 масҷидро хароб карданд ва сӯзонданд, беш аз 250 марказҳои омӯзишӣ ва илмиро хароб карданд ва аз байн бурданд, ба санъати барқ зарба заданд, ба бонкҳо зарба заданд, ба маҷмӯъаҳои дармонӣ зарба заданд, ба фурӯшгоҳҳои хӯроквории мардӯм зарба заданд, ба мардӯм осеб заданд. Инҳо чанд ҳазор нафарро ба қатл расонданд; Баъзеҳоро ба сурати ваҳшиёна ва ғайри инсонӣ, ки инҳо ба як масҷиде ҳамла мекунанд ва чанд нафар ҷавон ҳам мераванд дохили масҷид, ки аз масҷид дифоъ кунанд, ошӯбгарон дари масҷидро мебанданд ва масҷидро оташ мезананд ва масҷид ва он чанд нафар ҷавони дохили масҷид месӯзанд.
Ман ҳоло арз хоҳам кард, ки хӯди ин нақша аст, хӯди ин ҷӯзъиёти кор дар як нақшаи умумии аз пеш тарроҳӣ ва омодашуда мебошад, ки бояд ингӯна ҳаракат ва амал кунанд. Теъдоде аз мардӯми кӯчаю бозор ва мардӯми бегӯноҳро, ки чӣ мард, чӣ зан, чӣ духтари сесолаи бедифоъро кӯштанд. Аслиҳа ва силоҳ ҳам доштанд, ҳам силоҳи гарм ва ҳам силоҳи сардашон дода буданд. Ин силоҳҳо аз хориҷ омада буд, ки байн авомил ва унсурҳои фитнаангез тақсим бишавад ва ин ҷиноятро рақам бизананд. Хӯб ин ҳам авомили фитна ва авомили фитнаи онҳо аст.
Албатта миллати Эрон камари ин фитнаро шикаст, бо ҳаракати миллионии хӯд дар рӯзи 22 дей(12 январ), 22 деймоҳро миллати Эрон сохтанд ва ва як ифтихори дигарро бар ифтихороти хӯд афзӯданд, 22 деймоҳ монанди 22 баҳман як рӯзи таърихӣ шуд. Миллати Эрон дар рӯзи 22 дей дар Теҳрон бо чанд миллион ҷамъият ва дар шаҳру вилоятҳои дигар бо ҷамъиятҳои анбӯҳу фаровон тавонистанд мушти маҳкаме бар даҳони муддаъиён ва ёвагӯёни пургӯ бизананд. Биҳамдулиллоҳ миллати Эрон ин корро карданд ва фитнаро хобонданд, ин кори миллати Эрон аст.
Албатта дар матбуоти вобастаи ба саҳюнистҳо, ки аксари ин хабаргӯзориҳо дар дӯнё моли саҳюнистҳо аст, он идда ва гурӯҳи ками фитнагарро бузӯрг карданд ва гӯфтанд инҳо миллати Эронанд. Аммо ин ҷамъияти азими миллионии мардӯм дар Теҳрон ва шаҳристонҳоро баъзеашон аслан ном набурданд ва нишон надоданд ва баъзе ҳам гӯфтанд чанд ҳазор нафаранд!
Одаташон инаст, бояд чунин бикунанд, айб надорад. Воқеъият ва ҳақиқат ғайр аз ин аст, воқеъият ҳамин аст, ки шумо доред ба чашми хӯдатон мебинед, дар шаҳри хӯдатон ё дар Теҳрон мушоҳида мекунед.
Аммо масъалаи рафтори мо, хӯб миллати Эрон Амрикоро шикаст дод. Амрикоиҳо бо муқаддамоти фаровон ин фитнаро роҳ андохта буданд, барои мақосиди бузӯргтаре, ки қаблан ишора кардам, ин фитна муқаддимаи корҳои бузӯргтаре буд. Миллати Эрон Амрикоро шикаст дод. Баъд аз он ҷанги чандрӯза дар чанд моҳ қабл аз ин, ки онҷо миллати Эрон Амрико ва саҳюнистро шикаст дод, имрӯз ҳам Амрикоро ба фазли Илоҳӣ шикаст дод. Ин дурӯст аст, аммо кофӣ нест. Бале, фитнаро хомӯш кардем, аммо ин кофӣ нест, Амрико бояд посухгӯ бошад. Бояд дастгоҳҳои мухталиф моро аз вазорати хориҷа ва дастгоҳҳои гуногӯни дигар, дастгоҳҳои муртабит бо ин кор, дунбол кунанд ин қазияро.
Мо кишварро ба сӯи ҷанг намебарем, мо бано надорем ва дар паи он нестем, ки кишварро ба тарафи ҷанг бибарем, аммо муҷримони дохилиро ҳам раҳо намекунем. Бадтар аз муҷримони дохилӣ, муҷримони байналмилалианд, онҳоро ҳам раҳо намекунем. Бояд бо шеваҳои хӯдаш, бо равиши дурӯст, ин кор пайгирӣ шавад, таъқиб бишавад ва ба тавфиқи Илоҳӣ миллати Эрон ҳамонтавр, ки камари фитнаро шикаст, камари фитнагарро ҳам бояд бишиканад.
Матлаби охири ман инаст, ки дар ин ҳодиса, дар муборизаи бо ин фитнаи Амрикоӣ ва саҳюнистӣ, масъулони интизомӣ, амниятӣ, сипоҳ ва басиҷ ҳақиқатан ҷонфишонӣ карданд, воқеъан ҷонфишонӣ карданд, шабу рӯз надоштанд, то тавонистанд фитнаро, ки бо муқаддамоти фаровон, бо харҷи ҳазинаҳои фаровони дӯшман ба вуҷӯд омада буд, тамоман пок кунанд ва аз байн бибаранд. Масъулони кишвар ҳам, ҳама ҳамкорӣ карданд.
Миллати Эрон ҳам ҳарфи охирро зад ва ба таври қотеъ ва маҳкам ҳодиса ва қазияро тамом кард, аммо бо ваҳдат. Ман тавсияи ҳамешагиро мехоҳам арз бикунам; аввалан ваҳдат байни мардӯм ҳифз бишавад, даъвоҳои ҷиноҳӣ ва сиёсӣ ва хаттӣ ва ғайра байни мардӯм ривоҷ пайдо накунад. Бо ҳам яке бошед, дар дифоъ аз низоми исломӣ, дар дифоъ аз кишвари Эрон, Эрони азиз, ҳама бо ҳам бошанд, дар канори ҳам бошанд.
Масъулон ҳам ба вижа масъулони марбута ва дахлдор дар бахшҳои гуногӯн ҳам ҳақиқатан кор карданд. Раисҷумҳури мӯҳтарам ва раисони кишвар, фаъолият карданд, дар миёнаи майдон буданд ва кор карданд. Интавр набошад, ки чун банда хабар надорам аз коре, ки дигари карда, ҳаминтавр ҳамеша ирод кунам, ки оқо чаро чунин ва чаро фалон аст, на, ҳама кор карданд.
Ман аз инки ба раисони кишвар, ба раисҷумҳур ва дигарон дар як чунин шароити мӯҳим байналмилалӣ ва дохилӣ иҳонат бишавад, сахт парҳез мекунам ва намегӯзорам ва манъ мекунам ва наҳй мекунам касонеро, ки ҳоло мумкин аст дар маҷлис бошад, мумкин аст беруни маҷлис бошад, мумкин аст ҳарҷо бошанд. Қадри инҳоро мо бидонем, қадри масъулоне, ки вақте якчунин ҳодисае барои кишвар пеш меояд, аз мардӯм дурӣ ва канора намегиранд.
Гоҳе мо дар гӯзашта доштаем, ки мардӯм дар миёнаи майдон буданд, вале масъулон тамошо мекарданд, гоҳе ҳам зидди мардӯм ҳарф мезаданд. Ин дафъа, тамоман не, масъулон дар канори мардӯм буданд, дар байни мардӯм буданд, бо мардӯм ҳаракат карданд, бо ҳамон ҳадаф талош карданд, кор карданд. Ин бояд қадршиносӣ бишавад, ин хеле мӯҳим аст. Тавсияи таъкидии ман нисбат ба шахси раисҷумҳур ва масъулони қувваҳо, раисони фаъоли кишвар аст, бигӯзоред инҳо корашонро бикунанд, талошашонро бикунанд, хидмати бузӯргеро, ки бар ӯҳда доранд, анҷом диҳанд.
Албатта вазъи иқтисодӣ вазъи хӯбе нест, маъишати мардӯм ҳақиқатан мушкил дорад, банда медонам инро. Онҳо ҳам дар ин заминаҳо бояд ду баробар кор кунанд. Барои ниёз ва колоҳои асосӣ, барои ниҳодаҳои домӣ, барои арзоқи лозим, барои ниёзҳои умумии мардӯм, масъулони давлатӣ бояд ду баробари ҳамеша кор кунанд, бо ҷиддияти бештаре бояд кор кунанд, дар ин шакке нест. Ҳам онҳо вазифаҳое доранд, ҳам мо мардӯм вазифаҳое дорем, ки бояд ба вазифаҳоямон амал кунем. Агар мо ба вазоифамон амал кардем, Худои муттаъол ба кори мо баракат хоҳад дод. Парвардигорро! Ин баракатро ба кори мо иноят бифармо!
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотӯҳ.
1-Наҳҷулбалоға, хӯтбаи 2
2-Наҳҷулбалоға, хӯтбаи 2
3- Сураи муддасир, ояти18 то22
4-Сураи Ҳуд, ояти 98
5-Сураи Оли Имрон, ояти 139
6- Сураи муддасир, ояти18 ва19