Аз назари дини мубини Ислом ҳазрати Исои Масеҳ (алайҳис салом) аз пайғамбарони улул-азм ва соҳиби шариъату китоби мустақил мебошад. Бовару эътироф намудани ба пайғамбарии ҳазрати Исои Масеҳ (алайҳис салом) ҷузъи имон ҳар мусулмоне шуморида мешавад. Китоби ҳазрати Исои Масеҳ (алайҳис салом)” Инҷил” мебошад. Номи мубораки ҳазрати Исои Масеҳ (алайҳис салом) 25 бор дар Қуръони карим баён шудааст. Худованди бузӯрг дар Қуръони карим гӯшаҳое аз зиндагии ҳазрати Исо (а)-ро мавриди ишора ва ибрат қарор дода аст. Фосилаи байни зиндагии ҳазрати Исо алайҳисалом ва ҳазрати Муҳаммад (с) бештар аз 600 сол аст, ки дар ин замон паёмбаре аз ҷониби Худованди бузӯрг фиристода нашудааст.
 
Яке аз мӯҳимтарин ва ибратомӯзтарин давраҳои зиндагонии он Ҳазрат(а) даврони таваллудаш мебошад. Таваллӯди ҳазрати Исои Масеҳ (а) он қадар мӯҳим ва пӯррамзу роз ҳаст, ки ҳам дар замони хӯдаш ва ҳам то ба ҳол мувофиқону мухолифонеро ба вуҷӯд оварда аст. Аз назари дини Ислом таваллӯди ҳазрати Исои Масеҳ (а) мӯъҷизаи бузӯрги Илоҳӣ шуморида мешавад, ки ақл ва илми таҷрубии башарӣ аз дарку фаҳми он оҷиз ва нотавон мебошад.
  
  Ба ҳарҳол  ин ҷараён ва раванди таваллӯди ҳазрати Исои Масеҳ (а) аз модараш ҳазрати Марям(а) ончунон тааҷҷӯбовар аст, ки як духтари поку бокира ва шавҳарнокарда чигӯна бе шавҳар битавонад бордор шавад ва замони бордориаш ҳам бисёр кӯтоҳ, ба гӯфтаи баъзе ривоятҳо чанд соат ва ба гӯфтаи баъзеи дигар чанд рӯз буда бошад. Ин навъ таваллӯди мӯъҷизавор ва ғайри табиъӣ, тамоми улум ва мутафаккирони оламро ба чолиш ва пажӯҳиш мекашонад, ки то бифаҳманд ин кори бузӯрг ва амри мӯҳим чигӯна падид омадааст ва оё дар тавони башар чунин коре ҳаст? Ё инки не нирӯе болотару бузӯргтар аз башар онро ба вуҷӯд оварда аст.     

  Инсони оқил ва аҳли инсофу андеша бо каме диққат дар ин масъала пай ба нотавонии хӯд мебарад ва дарҷо имон меоварад ва эътироф мекунад, ки ин таваллуди мӯъҷизавор ва ғайри табиъии ҳазрати Исои Масеҳ(а), кори ғайри башарӣ аст. Инсонҳо тавони дарку фаҳми саҳеҳи ҷӯзъиёти онро наметавонанд дошта бошанд, чӣ расад ба анҷоми чунин коре.
   
   Бинобарин фақат диққат намудан дар абъоди таваллӯди мубораки ҳазрати Исои Масеҳ(а), ҳар инсони боақлу шуъӯреро барои имон овардани ба вуҷӯди Худованди карим ва рӯзи қиёмат(дӯнёи охират) кифоят мекунад. Чӣ расад ба ин, ки бидонанд ҳазрати Исои Масеҳ(а) дар навзодӣ ва дарӯни гаҳвора сӯхан мегӯфт ва аз бандагиаш ба Худованд ва аз расидани ба пайғамбариаш хабар медод. Ин ҳақиқатро Худои Муттаъол дар сураи Марям ояти 30 аз забони он Ҳазрат(а) чунин баён менамоянд:

قَالَ إِنِّي عَبْدُ اللَّهِ آتَانِيَ الْكِتَابَ وَ جَعَلَنِي نَبِيًّا

(Ҳазрати Исо(а), дар ҳоле ки тифле дар гаҳвора буд) гӯфт: Дар ҳақиқат ман бандаи Худованд ҳастам, ки Худованд ба ман китоби осмонӣ дода аст ва маро  ба пайғамбарӣ баргӯзидааст.
 
  Ҳамаи мардӯм ва донишмандони замони ҳазрати Исои Масеҳ(а) дар ҳайрат буданд, ки чигӯна мешавад, навзод ба сӯхан дарояд ва сӯханони ҳикматомезу олимона гӯяд, дар ҳоле ки бузӯргонашон тавони ингӯна гӯфтани сӯханони ҳикматомезро надоранд. Барои ҳамин барҷастагӣ, тавоноии илмӣ ва ҷойгоҳи баландмартабаи ҳазрати Исои Масеҳ(а) буд, ки ҳасадварзӣ, рӯёрӯӣ ва сафкашии бо Ӯ ва пайравони он Ҳазрат(а) бо ҳасудон, дӯшманону мункиронаш оғоз мешаваду то ба таҳдиди ҷони он Ҳазрат(а) пеш меравад.


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст