
Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари инқилоби исломии Эрон, рӯзи чаҳоршанбе 3-юми декабр раҳбари инқилоби исломии Эрон, Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ҳазорон нафар аз занону духтарон аз нуқоти мухталифи Эрон дидор намуданд.
Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар ин дидор, духтари гиромии ҳазрати Паёмбари Акрам (с), ҳазрати Фотимаи Заҳро(а)-ро дорои волотарин хусусиёти инсонӣ, улгӯи комил ва намӯнаи ҷомеъ барои ҳамаи арсаҳои зиндагӣ, муаррифӣ карданд. Эшон бо муарифӣ ва табйини ҷойгоҳи зан дар дини ислом, бар ҳуқӯқу масъулиятҳои занон дар хона ва ҷомеъа пардохтанд.
Ҳазрати оятуллоҳ эмом Хоманаӣ бо ишора ба фазилатҳои зиёди бонуи ду олам, ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) дар ибодату хушӯъ, ийсору бахшиш барои мардум, тоқату тобоварӣ дар сахтиҳо ва мусибатҳо, дифоъи шуҷоъона аз ҳаққи мазлӯм, равшангарӣ ва табйини ҳақоиқ, фаҳму амали сиёсӣ, хонадорӣ, ҳамсардорӣ ва фарзандпарварӣ, ҳузӯри фаъол дар ҳаводиси муҳими таърихии садри ислому дигар арсаҳо, гӯфтанд: Зани эронӣ алҳамдулиллоҳ аз чунин хуршеде, ки ба фармӯдаи Паёмбар(с), сарвари ҳамаи занони олам дар ҳамаи даврони таърих ва сарвари занони аҳли биҳишт аст, улгӯ ва дарс мегирад ва дар роҳу аҳдофи Ӯ ҳаракат мекунанд.
Раҳбари инқилоби исломии Эрон бо ишора ва такя ба оятҳои Қуръони карим дар бораи »нақши баробарии зану мард дар зиндагӣ ва таърихи башар ва имкони баробарии зану мард дар расидани ба камолоти маънавӣ ва мартабаҳои олӣ« гӯфтанд: Ҳамаи ин нуктаҳо ва баёни сареҳи Қуръони карим дар бораи занон бо бадфаҳмиҳои касоне, ки дин доранд, вале динро нашинохтаанд ва ҳамчунин касоне, ки аслан дин(манзилату шаъни занон дар дин)-ро қабул надоранд, дар тазод ва зиддият аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо табйини мантиқи Қуръони карим дар мавриди ҷойгоҳ ва ҳуқуқи занон дар ҷомеа таъкид кард: Дар ислом дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, касбу кор, фаъолияти сиёсӣ, дастёбӣ ба бештари мансабҳои давлатӣ ва арсаҳои дигар, ҳуқуқи занон бо мардон баробаранд ва дар касби маънавият ва талошу ҳаракатҳои фардӣ ва иҷтимоъӣ роҳи пешрафти онҳо боз аст.
Раҳбари инқилоби исломии Эрон бо ишора ба ин, ки фарҳанги пасту мунҳати ғарбӣ ва сармоядорӣ(низоми капиталистӣ) аз нигоҳи ислом комилан мардӯд(ботил) аст, афзӯданд: Дар ислом ва дар қуръони карим олитарин ва мутараққитарин таъобир барои ҳифзи манзилату шаъни занон ва маҳору ҳифзи хоҳишҳои бисёр қавӣ ва хатарноки ҷинсӣ, маҳдӯдиятҳо ва аҳкоме дар «иртиботи зан бо мард, пӯшиши зану мард, ҳиҷоби зан ва ташвиқ ба издивоҷ» қарор дода шуда аст, ки комилан бо вуҷӯд ва табиати зан ва маслиҳату ниёзҳои ҳақиқии ҷомеъа созгору мунтабиқ аст. Дар ҳоле, ки маҳору ҳифзи кашишҳои бепоёну вайронгари ҷинсӣ дар фарҳанги ғарбӣ, мутлақан мавриди таваҷҷӯҳ ва риъоят нест.

Ҳазрати оятуллоҳ эмом Хоманаӣ, зану мардро дар ислом ду мавҷӯд ва унсури созгору мутаъодил бо муштаракоти фаровон ва бархе тафовутҳои онҳоро ношӣ аз ҷисм ва табиат донистанд ва гӯфтанд: Ин «ду унсури такмил кунандаи якдигар» дар идораи ҷомеъаи башарӣ, идомаи насли башар, пешрафти тамаддӯн, таъмини ниёзҳои ҷомеъа ва идораи зиндагӣ нақшофарин ҳастанд. Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар раванди ин нақшофаринии ҳаётӣ, ташкили хонаводаро аз муҳимтарин корҳо баршумурданд ва афзӯданд: Бар хилофи фаромӯшии ниҳоди хонавода дар фарҳанги ғалати ғарбӣ, дар ислом барои «зан, марду фарзандон» ба унвони унсурҳои ташкилдиҳандаи хонавода, ҳуқӯқи мутақобилу мушаххасе дар назар гирифта шудааст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон «адолат дар рафтори иҷтимоӣ ва хонаводагӣ»-ро аввалин ҳаққи занон баршумурданд ва бо таъкид бар вазифаи давлату афроди ҷомеъа дар таъмини ин ҳақ, гӯфтанд: «Ҳифзи амният, ҳӯрмат ва каромат» низ аз ҳуқӯқи аслии занон аст ва бар хилофи сармоядории ғарб(низоми капиталистии ғарб), ки обрую каромати занро поймолу лагадмол мекунад, вале ислом бар риъояти комили каромату эҳтироми зан таъкид дорад.
Ҳазрати оятуллоҳ эмом Хоманаӣ бо ишора ба ривояте аз Паёмбари гиромии Ислом(с), ки занонро "гӯл" меҳисобад, на "хизматгору маъмури корҳои хона, афзӯданд: "Дар ин нигоҳ бояд аз сарзанишу сахтгирии занон худдорӣ кард ва онҳоро мисли гӯл нигоҳубин ва ҳифз намуд, то ин ки онҳо низ хонаро аз рангу атри хӯд бархӯрдор созанд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, мисол задани Қуръони карим аз ду бонуи мӯъмин, яъне Марям ва Осия (ҳамсари Фиръавн)-ро як шохис барои тамоми мардону занони мӯъмин ва нишондиҳандаи аҳамияти фикру амали зан хонданд ва гӯфтанд: Ҳуқӯқи иҷтимоъии зан аз қабили пардохти дастмӯзди баробар бо мардон дар кор, бимаи занони шуғлдор ва ё сарпарасти хонавор ва мураххасиҳои махсус барои занон ва даҳҳо масъалаи дигар бояд бетабъиз ва одилона риъоят ва ҳифз шаванд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ парҳез аз таҳмили кори хона ба зан, ёрӣ расонии шавҳар ба зан дар рафъи дӯшвориҳои фарзандоварӣ ва боз гӯзоштани роҳи пешрафти илмӣ ва касбиро аз дигар ҳуқӯқҳои занон донистанд. Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо таъкид бар ин, ки зан мудир ва сарвари хона ҳаст, гӯфтанд: Бояд аз занон бо вуҷӯди даромади нокофӣ ва ками шавҳарон ва гаронии қиматҳо, ки ба таври ҳӯнармандона хонаро идора мекунанд, қадрдонӣ кард.
Ҳазрати оятуллоҳ эмом Хоманаӣ мӯҳимтарин ҳаққу ниёзи зан дар хонаро «муҳаббати ҳамсар» баршумурданд ва афзӯданд: Ҳаққи мӯҳим ва бузӯрги дигари зан дар хона, «манъу нафйи ҳар гӯна хушӯнат(зургӯӣ) ба ӯ» ва дурӣ ва иҷтиноби комил аз инҳирофоти ривоҷёфта дар ғарб ҳамчун кӯштан ва ё кӯтак задани занон ба дасти мардон ва ҳамсарон аст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо таъкид бар ин ки зан мудиру раиси хона аст, гӯфтанд: Зан дар ислом, истиқлол, тавоноӣ, ҳувияту имкони пешрафт дорад. Аммо аз нигоҳи низоми сармоядорӣ(капиталистӣ), табаъияту ҳазм шудани шахсияту ҳуввияти зан дар мард, ин набудани шарофату ҳурмати зан аст ва хӯди занро ҳам василаи моддӣ ва абзори ҳавасронӣ ва хушгӯзаронӣ медонанд. Ахиран ҳам бондҳои хилофкор дар Амрико сару садои зиёде ба по кардаанд, ки ин натиҷаи ҳамин нигоҳи сармоядорӣ ба зан аст.
Ҳазрати оятуллоҳ эмом Хоманаӣ «вайрон кардани сохтори хонавода» ва эҷоди зарарҳои ҳамчун кӯдакони падарнашинос(номашрӯъ), коҳиши иртиботи хонаводагӣ, рабуда шудани духтарони ҷавон ва таблиғи фазояндаи фаҳшою бебандубории ҷинсӣ ба номи озодиро, аз гӯноҳони бузӯрги фарҳанги капиталистӣ дар яке ду қарни ахир баршумурданд ва гӯфтанд: Сармоядории (капитализми) ғарбӣ бо фиребу найранг номи ин ҷиноятҳои бузӯргро озодӣ мегӯзорад ва барои таблиғу ривоҷи он ҳатто дар кишвари мо низ аз ин унвон истифода мекунад. Ин дар ҳоле, ки озодӣ нест, балки асорату ғуломӣ аст.
Ҳазрати оятуллоҳ эмом Хоманаӣ бо ишора ба пофишории ғарб барои содироти фарҳанги ғалати хӯд ба дӯнё, афзӯданд: Онҳо(Ғарбиҳо) иддао(дурӯғпароканӣ) мекунанд, ки маҳдӯдиятҳои муайян барои зан, монанди ҳиҷоб, монеъи пешрафти вай хоҳад шуд. Ааммо Ҷумҳурии исломии Эрон ин фиреб ва мантиқи ғалатро ботил кард ва нишон дод, ки зани мусулмон ҳамроҳ бо ҳиҷобу пӯшиши исломӣ метавонад дар ҳамаи замина ва арсаҳо бештар аз дигарон ҳаракату нақшофаринӣ кунад.
Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, пешрафтҳои илмӣ, варзишӣ, фикрӣ, пажӯҳишӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, саломату беҳдошт, умед ба зиндагӣ ва пуштибониҳои ҷиҳодӣ ва ҳамроҳиҳо ва заминасозии ҳамсарони шаҳидони пурифтихорро дастовардҳои бесобиқаи занон дар тӯли таърихи Эрон хонданд ва гӯфтанд: Эрон дар таърихи хӯд ҳеҷ гоҳ ва ҳатто аз як садуми ин ҳама занони донишманд, мутафаккиру соҳибфикру назар, бархӯрдор набуда аст ва ин Ҷумҳурии исломӣ буд, ки боиси ҷаҳиш ва пешравии занон дар ҳамаи арсаҳои муҳим шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ эмом Хоманаӣ дар ин баёну сафориши муҳими хӯд, расонаҳоро аз таблиғу ривоҷи тафаккури нодурусти капитализми ғарбӣ дар бораи занон барҳазар доштанд ва афзӯданд: Вақте дар мавриди ҳиҷобу либоси занон ва ҳамкории зану мард баҳс мешавад, набояд расонаҳои дохилии кишвар ҳарфҳои ғарбиёнро такрор ва барҷаста кунанд. Балки бояд нигоҳи дақиқ ва корсози Исломро дар дохили кишвар ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ матраҳ кунанд ва гӯстариш диҳанд, ки ин беҳтарин роҳи гӯстариш ва расондани паёми нуронии Ислом аст, ки сабаби ҳидоят ва гароиши бисёре аз мардумони ҷаҳон ба хусӯс занон хоҳад шуд.