Ҳазрати Алӣ (а) дар Наҳҷ-ул-балоға пас аз ҳамд ва ситоиши парвардигори олам ҷойгоҳи баланд ва шахсияти бемонанди Паёмбар(с) ро баён карда ва вазифаи муслимин дар баробари он бузӯргворро чунин мефармояд:
Худованд Паёмбар (с) ро аз шаҷараи нерӯманди паёмбарон баргӯзид, дарҳоле ки манбаи нӯр ва чароғ бар афрухтае дар торикиҳои ҷаҳл ва нодони буд вайро сарчашмаи ҳикмат қарор дод. Ӯ табибе аст, ки бар табобати хӯд саёр аст дар ҳар куҷо беморонро пайдо карда онҳоро дармон менамояд. Доруҳои вай шифобахш аст. Барои шифои қалбҳои кӯр ва гӯшҳои ношунаво ва забонҳои лол омада аст.
Худованд Пайғамбари гӯвоҳи диҳанда ва ҳушдор диҳанда баргӯзид ӯ, ки беҳтарин офаридагон дар хӯрдсолӣ ва наҷибтарин ва бузӯргтарин мардӯм дар сини пири буд. Ахлоқаш аз ҳама поктар ва борони карамаш аз ҳар чизе бо давомтар буд.
Ӯ пешвои парҳезкорон аст, барои толибони ҳидоят василаи биноӣ аст, чироғе, ки нураш дурахшон ва равшаноие бо барқҳои тобон аст, роҳу равиши ӯ миёна ва равиши зиндагиаш пойдор, сӯханонаш равшангари ҳақ ва ботил ва ҳукми фармони ӯ одилона аст. Бидонед, ки роҳ равшан аст ва шуморо ба хонаи амн даъват мекунад. акнун дар дӯнёе зиндаги мекунед, ки метавонед ризояти илоҳиро ба даст оваред бо мӯҳлат ва оромише, ки доред. Акнун номаи амал боз аст ва қалами фариштагон дар ҳаракат ва баданҳоятон солим ва забонҳо гӯёст, товба ва корҳои нек қабӯл мегардад.
Барои ту бас аст, ки роҳ ва равиши зиндагии Паёмбар (с) ро итоъат намоӣ то роҳнами хӯбе барои ту дар шинохти бадиҳо ва айбҳои дӯнё ва расвоиҳо ва бадиҳои он бошад. Пас ба Паёмбар (с) покиза ва покат иқтидо кун, ки роҳ ва равиши ӯ улгӯе аст барои улгӯталабон ва мояи фахр ва бузӯргӣ аст барои касеки хоҳони бузургвори бошад, ки маҳбӯбтарин банда назди Худо касе аст, ки аз Паёмбар (с) пайрави кунад ва қадам ба ҷои қадаи ӯ гузорад.
Паёмбар (с) дӯнёро паст донист ва дар чашми дигарон онро ночиз нишон дод, онро хор донист ва дар назди дигарон хор ва беарзиш муаррифи намӯд ва медонист, ки Худованд барои эҳтиром ба арзиши ӯ дӯнёро аз ӯ дӯр сохт ва онро барои ночиз буданаш ба дигарон бахшид. Паёмбар (с) аз ҷону дил ба дӯнё пӯшт кард ва ёди онро аз дилаш берӯн мекард. Дӯст медошт, ки зинатҳои дӯнё аз чашми ӯ дӯр нигоҳ дошта шавад то аз он либоси фохире омода насозад ё мондан дар онро орзу накунад ва барои таблиғи аҳкоме ки роҳи ҳаргӯна узрро бар инсон мебандад талош намӯд ва уммати исломиро бо ҳӯшдорҳои лозим насиҳат кард. (Албатта таваҷҷӯҳ шавад, ки ҳарфҳои ҳазрати Алӣ (а) ба маънои тарки дӯнё нест).
... Ҳамоно Паёмбар (с) бар рӯи замин менишаст ва таъом мехӯрд ва монанди бардаи сода менишаст ва бо дасти хӯд кафши хӯдро медӯхт ва ҷомаи хӯдро медухт ба бар хари беполон менишаст ва дигареро пӯшти хӯд савор мекард, пардае дар дари хонаи ӯ овезон буд, ки нақшҳо ва суратҳо дар он буд, ба яке аз занонаш фармуд: Ин пардаро аз пеши чашмони ман дур кун, ки ҳаргоҳ ба ӯ нигоҳ мекунам ба ёди дӯнё ва зинатҳои дӯнё мезанам. Паёмбар (с) бо дил аз дӯнё рӯй гардонд ва ёдашро аз ҷони хӯд решакан кард ва ҳамеша дӯст медошта то ҷозибаҳои дӯнё аз дидагонаш пинҳон монад ва аз он либоси зебо омода накунад ва онро қароргоҳи ҳамешагии хӯд надонад ва умеди мондан дар дӯнё надошта бошад, пас ёди дӯнёро аз ҷони хӯд берӯн кард ва дил аз дӯнё канд ва чашм пушид. Пас пайрави кунанда бояд аз Паёмбар (с) пайрави кунад ва ба дунболи ӯ роҳ равад ва қадам ҷои қадами ӯ бигузорад ва чунин набошад аз ҳалокат дар амон нест, ки ҳамоно Худованд Муҳаммад (с) ро нишонаи қиёмат ва муждадиҳандаи биҳишт ва тарсонанда аз азоби ҷаҳаннам қарор дод. Ӯ бо шиками гурӯсна аз дӯнё рафт ва бо саломати ҷисм ва ҷон дохили охират шуд ва кохҳои зебо насохт то ҷаҳонро тарк гӯфт ва даъвати парвардигорашро пазирӯфт.
Парвардигоро барои Паёмбар (с) дар сояи лутфи хӯд ҷои васеъе бигшо ва аз фазл ва карамат савоби ӯро зиёд гардон. Худовандо оини ӯро аз ҳар оине бартар ва мақоми ӯро дар назди хӯдат гиромитар гардон ва нурашро комил гардон ва подоши рисолати ӯро гӯвоҳ ва шафоат ва қабӯл гӯфтор қарор деҳ зеро ки Ӯ дорои мантиқи одилона ва роҳи ҷудокунандаи ҳақ аз ботил буд. Бор Худоё байни мо ва пайғамбарат дар неъматҳои ҷовидон ва зиндагонии хӯш ва орзуҳои бароварда ва хостаҳои ба анҷом расида дар камоли оромиш ва дар ниҳояти бовар ҳамроҳ бо ҳадияҳои бо арзиш ҷамъ гардон.



@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст