Фаро расидани солрӯзи таваллуди мавлуди Каъба, ҳазрати Имом Алӣ (рз)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯем.

Сухан гуфтан дар бораи ҳазрати Имом Алӣ (рз), душвор аст ва сухани муносиби он чеҳраи тобнок гуфтан душвортар. Дар нигаристан ба шахсияти Алӣ андешасӯз аст ва нӯшидани абъоди шахсияти ӯ, тоқати кӯҳвор металабад ва бозгӯии андаке аз волоиҳо ва зебоиҳои он чеҳраи тобноки таърихи башар каломи дигаре мехоҳад ва забони дигаре. Дар воқеъ забон ба паҳноии фалак мехоҳад то магар андаке аз волоиҳо, зебоиҳо ва беҳамтоиҳои он малаки заминӣ гуфта шавад ва сухани муносиби шаъни он инсони осмонӣ шакл гирад. Онон, ки дар бораи ӯ жарфандешӣ кардаанд ва абъоди вуҷудии ӯро то ҳадде дарёфтаанд, дар дарди нотавонӣ сӯхтаанд ва хомӯшӣ гузидаанд ва фарёд баровардаанд, ки ин хомӯшӣ на аз барои тан задани аз бар намудани волоиҳои ӯст, ки бегумон, “Модеҳи хуршед маддоҳи худ аст”; балки аз сари нотавонӣ ва фурӯ мондан дар чӣ гуна супурдани он ҳама волоиҳо ба вожаҳост. Ба ростӣ кам нестанд касоне, ки ин каломи волои мутаниббӣ аз аъмоқи ҷонашон мебарояд, ки:
“Ва аз сари амд, мадҳи васиро вониҳодам, чун фазилате баркашида ва густарда буд. Ва чун чизе боло кашид, бар пои худ меистод ва тавсифи нури хуршед беҳуда аст.
Он ки дар бораи мавло ва волоиҳои ӯ оҳанги сухан дорад, дармемонад, ки чӣ бигӯяд. Ба ростӣ сухани устувор ва шоиста ва муносиб, дар бораи ин падидаи шигифти ҳастӣ, барои ҳар кас ва бо ҳар истеъдоду заминае, фурӯмонда ва гирифтори ҳайрат аст.
Бегумон Абӯисҳоқи Низом, аз паси тааммулҳо ва дарнигаристанҳои бисёр, дар бораи Мавло ва абъоди шахсиятии ӯ гуфтааст: Ҳазрати Алӣ (рз) озмуни суханвар аст: агар ҳаққашро адо кунад, гӯё ки ғулув карда ва агар кам гузорад бад кардааст.
Ҳазрати Алӣ (рз) размовардтарин настуҳи овардгоҳҳои разм, нармхӯтарин чеҳраи саҳнаи зиндагӣ, дилдодатарин парастандаи дили шаб, меҳрубонтарин инсон дар баробари мардум дар густараи замин, инъитофнопазиртарин ҳақгузоор, саҳнаҳои ҳақгузорӣ ва ҳақмадорӣ ва суханвартирин ва чиратирин балиғон дар водии офариниши шукӯҳзодтарин суханҳо, хитобаҳо ва ғайра аст. Ба гуфтаи сарояндаи алавиандеше:
“Оё метавон бар маъбари таърих истод ва ин волотарин намоди ишқу ибодат, ҷиҳоду шаҳомат, исору садоқат, имону ҷалолатро надид? Оё мешавад, ки қаламзане сафаҳотеро дар мавзӯе рақам занад ва бо ҳамаи вуҷуд таманнои атрогин сохтани хомаро бо ному ёди мавло ва гузориши волоиҳо ва арҷмандиҳои зиндагии саросар иқдом, шӯр ва ҷиҳоду исор ва сифоти дигари ӯ надошта бошад?
Ба пиндорам, ҳама, ҳамаи онон, ки андешидаанд ва воқеияти содиқи ин падидаи аҷиби ҳастиро дарёфтаанд, бар ин боваранд, ки чӣ гуна қатраро шояд, ки дар санои уқёнус сухан гӯяд ва зарраро ояд, ки дар фазли хуршед, ҳамоса сарояд...
Таваллуд
Бо Аббос писари Абдулмутталиб ва гурӯҳи дигар рӯ ба рӯи Хонаи Худованд нишаста будем.
حاکم نیشابوری:
 «... فَقَدْ تَوَاتَرَتِ الْأَخْبَارِ أَنَّ فَاطِمَةَ بِنْتَ أَسَدٍ وَلَدَتْ أَمِيرَالْمُؤْمِنِينَ عَلِيَّ بْنَ أَبِي طَالِبٍ كَرَّمَ اللَّهُ وَجْهَهُ فِي جَوْفِ الْكَعْبَةِ»
 سبط ابن جوزی:
«وروي أن فاطمة بنت أسد كانت تطوف بالبيت وهي حامل بعلي (علیه السلام) فضربها الطلق ففتح لها باب الكعبة فدخلت فوضتعه فيها
Фотимаи духтари Асад ба сӯи Хонаи Худо пеш омад, истод ва чунин гуфт:
“Худовандо, ба ту, паёмбаронат ва китобҳояшон имон дорам. Гуфтори Иброҳим(а), бобои худро рост медонам, ҳамон, ки ин хонаро ба фармони ту бино кард...
Туро ба ӯ ва ба ин кӯдак, ки бо худ дар шикам дорам, савганд медиҳам, ки зоданашро ба ман осон кун!”
Дар ҳамин ҳангом ба чашми хеш ҳама дидем, ки девори Хонаи Худованд аз ҳам шикофт, он бонуи гиромӣ по ба дохил гузошт ва девор дубора ҷои худро гирифт…
Шитобон бархостем, то дари хонаро боз кунем, аммо дар боз нашуд... ва донистем, ки дар ин кор ҳикмати Худованд аст…
Чаҳор рӯз баъд он бонуи азиз бо кӯдаке дар оғуш, ки ба ӯ меболид аз хона по берун ниҳод ва гуфт, ки паёме аз ғайб шунидам номашро “Алӣ” бигзор.
Ин воқеа рӯзи ҷумъаи сездаҳуми моҳи раҷаб, сиюми “омулфил” (бисту се сол пеш аз ҳиҷрат) буд.
Кӯдакӣ ва домони Паёмбар(с)
Имом Алӣ (рз) хӯд аз ин рӯзгорон чунин ҳикоят мекарданд:
“Ҳангоми кӯдакӣ Паёмбари Худо(с) маро ба домон мегирифт, ба сина мечаспонид, таомро мехоид ва ба даҳонам мегузошт ва аз бӯи хуши худ ба машоми ҷонам мебӯёнид. Ӯ дар гуфторам дурӯғ ва дар кирдорам иштибоҳу нодонӣ наёфт.
Худованд Паёмбар(с)ро пас аз ширхорагӣ бо бузӯргтарин фариштагон ҳамроҳ кард, то шабу рӯз ӯро дар роҳи бузургвориҳою некиҳои ҷаҳон раҳнамун бошад. Ман низ аз Паёмбар(с) пайравӣ мекардам чунон ва чандон, ки кӯдаки ширхора аз модар.
Ҳамарӯза фармон медод, ки аз кирдорҳои ӯ пайравӣ кунам. Ҳар сол ба “Кӯҳи Ҳиро” мерафт ва дар ин ҳангом ҳеҷ кас ҷуз ман ӯро намедид...
Дар он айём, ки Ислом ҳанӯз дар ҳеҷ хона роҳ наёфта буд ва фақат Паёмбар(с) ва ҳамсараш Хадича мусулмон буданд, ман сеюмин мусулмон будам... Нури ваҳй ва рисолатро медидам ва бӯи паёмбариро мебӯидам”.
Паёмбари гиромӣ пас аз беъсат ба муддати се сол аз Худо фармон наёфт, ки Исломро ошкор кунад ва дар ин муддат чанд нафаре ба ӯ имон оварданд, ки нахустин кас аз мардон Алӣ буд.
Вақте, ки ояти «Хешони наздикатро бим деҳ» нозил шуд, ҳазрати Алӣ (рз) ба фармони Паёмбар(с) чиҳил нафар аз хешовандонро меҳмон кард, аз ҷумла: Абӯлаҳаб, Аббос ва Ҳамзаро. Таоме, ки барои беш аз як нафар кофӣ набуд, омода шуд ва ба иродаи Худованд ҳама аз он сер шуданд ва аз он чизе кам нашуд. Вақте Паёмбар(с) хост, то ононро ба Ислом даъват кунад, Абӯлаҳаб гуфт: “Муҳаммад шуморо афсун кардааст”! Ин сухан сабаб шуд, ки ҷамъомадагон пароканда шуданд ва ҷаласа таътил шуд.
Паёмбар(с) ногузир рӯзи дигар ба ҳамон тарз меҳмонӣ дод ва баъд аз хӯрдани таом оғози сухан кард:
“Эй фарзандони Абдулмутталиб! Дар ҷавонони араб касеро суроғ надорам, ки беҳтар аз он чи ман бароятон овардаам, оварда бошад. Ман некию хубии ин ҷаҳон ва ҷаҳони дигарро ба армуғон овардаам. Худо бароям фармон додааст, ки то шуморо ба сӯи ӯ даъват намоям. Пас, кадоме аз шумо дар ин роҳ маро ёварӣ хоҳад кард, то ӯ бародар, васӣ ва ҷонишини ман гардад?”
Паёмбар(с) ин тақозоро се бор такрор кард ва ҳар бор танҳо ҳазрати Алӣ (рз) бархост ва омодагии худро иброз дошт...
Он гоҳ Паёмбар(с) фармуд:
“Ин бародар, васӣ ва ҷонишини ман аст, суханашро бишнавед ва ӯро фармон баред”.
Алӣ (рз) дар нахустин шаби ҳиҷрат
Бо иброз ва ошкори Ислом, Паёмбар(с)  аз назари қурайш хатарнок шинохта шуд.
Сарони қурайш дар Доруннадва гирд омаданд ва дар қатли Паёмбар(с) ба машварат нишастанд. Саранҷом қарор бар он шуд, ки аз ҳар қабила як нафарро интихоб кунанд, то шабона ба хонаи Паёмбар(с) ҳуҷум намуда, ҳама бо ҳам ӯро бикушанд.
Паёмбар аз сӯи Худо огоҳ шуд ва фармон ёфт, ки он шаб дар ҷои худ нахобида, шабона ҳиҷрат кунад.
Паёмбар(с) фармони Худоро ба Алӣ (рз) гуфт ва ба ӯ дастур дод, ки ба ҷои вай дар бистараш бихобад, ба гунае, ки касе надонад ӯ ба ҷои Паёмбар(с) хобидааст. Алӣ (рз) бо ҷонбозии худ ҷони Паёмбари гиромиро ҳифз кард ва хатарҳои ин кори бузургро бар худ гирифт. Ин кор чунон чашмгир буд, ки Худованд ояте дар ин мақом нозил кард:
“Аз гурӯҳи мардум касе аст, ки ҷони худро дар роҳи ризояти Худованд мефурӯшад ва Худо бар бандагон меҳрубон аст”.
Шаб фаро расиду ҳама ҷоро зулмонӣ кард ва маъмурони қатл гирдогирди хонаи Паёмбарро иҳота карданд...
Паёмбар(с) дар ҳоле, ки оёте аз сураи “Ёсин”-ро мехонд, аз хона берун омад ва аз бероҳа ба сӯи ғори Савр дар беруни Макка шитофт...
Қотилон бо шамшерҳои бараҳна ба бистари Паёмбар(с) ҳамла бурданд... Алӣ (рз) аз ҷо бархост ва дар бистар нишаст…
Қотилон бо ҳолати барошуфта пурсиданд: Муҳаммад куҷо рафт?
Магар ман маъмур ва масъули нигаҳдошти ӯ будам?!
 Алӣ(рз)-ро бо зану кӯб ба Масҷидулҳаром бурданд ва пас аз андаке нигаҳдоштан, ӯро раҳо сохтанд.
 Алӣ (рз)  амини Паёмбар (с)
Паёмбар(с) амини қурайш буд ва тамоми амонатҳо назди ӯ буд. Вақте Паёмбар(с) маҷбур шуд ба Мадина ҳиҷрат кунад, дар хона ва қабилааш касеро аминтар аз Алӣ (рз) наёфт. Аз ҳамин сабаб ӯро ҷонишини худ кард, то амонатҳои мардумро ба соҳибонашон баргардонад, инчунин қарзҳояшро бидиҳад ва духтарону занонашро ба Мадина расонад…
Ҳазрати Алӣ (рз)пас аз анҷоми ҳамаи ин корҳои муҳим, ба ҳамроҳии Фотима (модари худ), Фотима (духтари Паёмбар(с)), Фотима (духтари Зубайр) ва дигарон ба сӯи Мадина роҳ пеш гирифт. Дар роҳ ҳашт нафар аз кофирони Маккаро, ки роҳи ӯро баста буданд, пароканда кард ва замоне ки ба Мадина расид, Паёмбар(с) ӯро ба хонаи худ бурд.
 Ҳазрати Алӣ (рз) ва ҷиҳод дар роҳи Худо
Ислом дини оштӣ ва зиндагӣ буда, бо одамкушӣ мувофиқ нест. Барои он касе, ки қасдан ва беҷиҳат инсони боимонеро бикушад, азоби ҷовидона муқаррар карда аст.
Ислом ба ҷиҳати ҷомеият ва ҳамаҷониба будан, як дини ҷаҳонӣ аст ва ҳамаи мардум бояд ба он гараванд, пас ниёз ба даъват аз дигарон ва таблиғ дорад.
Ошкор аст, ки аз ҳамон қадамҳои нахустин касоне, ки манфиатҳои шахсии худро бо пазириш ва ҳатто густариши ин дин дар хатар медиданд, ба мухолифат бархостанд. Дар ҳамин ҷо қонуни Ислом ҷиҳоди муқаддасро, вазъ ва ташриъ кардааст, то касонеро, ки бо Ислом душманӣ меварзанд, аз миён бардорад.
Инчунин дифоъ ба ҳукми ақл дар ҷое, ки бегонагон ба мусулмонон ҳамла оваранд, зарурӣ мегардад. Ба ҳамин ҷиҳат дифоъ ва пешгирӣ аз ҳуҷуми бегонагон аз шохаҳои ҷиҳоди исломӣ аст, ки ақл, фитрат ва инсоф ба дурустии он ҳукм мекунанд...
Бештарин, балки ҳамаи ҷангҳои Паёмбари Ислом(с) аз навъи “дифоъ” будааст. Ҳазрати Алӣ (рз) дар бештари ҷангҳо ҳозир мешуд ва аз ҳеҷ чиз ҷуз аз Худо наметарсид. Ӯ дар пайкор ҷасур, нотарс, ягона ва парчамдор буд...
Чун шер меғуррид, чун абр ғуввос мезад ва лашкари душманро чун гирдбод ҳалқа мекард, мепечонд ва нобуд месохт.
Зиреҳаш пушт надошт, ҳаргиз аз майдон намегурехт ва пушт ба душман намекард...
Зарбаи шамшери обдораш марги муҷассам ва ҳалоки қатъӣ буд...
Зарбаташро ниёзе ба зарбаи дуюм набуд...
Шамшераш чун фурӯд меомад, ҷуз бо ҷони душман бар намехост... Акнун бо таърих, ба тамошои бархе аз пайкорҳои ӯ бинишинем:
Ҳазрати Алӣ (рз) дар ҷанги Хандақ
Душманони Ислом аз ҳизбҳою дастаҳои гуногун ҳама даст ба даст доданд, то бо ҳам якбора бар Мадина битозанд ва Исломро нобуд кунанд.
Паёмбар(с) ба пешниҳоди Салмони Форсӣ фармон дод, то гирдогирди Мадинаро хандақ кананд…
Ду лашкар рӯ ба рӯи ҳам истоданд.
Амр ибни Абдивад - ҷангҷӯи ҳаштодсолаи номдори араб аз лашкари душман таъриф мекард, ҷавлон медод, хурӯш мекард ва мубориз металабид.
Ҳазрати Алӣ (рз) қадам ба пеш ниҳод.
Амр гуфт: Баргард, дӯст надорам туро бикушам!
- Ту бо худоят паймон доштӣ, ки ҳар мард аз қурайш ду ҳоҷат аз ту бихоҳад, яке аз онҳоро пазиро шавӣ.
- Оре, ҳоҷати ту чист?
- Нахустин он ки ба Ислом бигаравӣ, ба сӯи Худо ойӣ ва ба Паёмбар(с) имон оварӣ.
- Ба онҳо ниёзе надорам.
- Пас омодаи корзор шав!
- Баргард, миёни ману падарат дӯстӣ буд, дӯст надорам туро бикушам!
- Аммо ман савганд ба Худо, ки дӯст дорам то ҳангоме ки ту аз ҳақ канора меҷӯӣ, туро бикушам.
Амр аз асп пиёда шуд ва бо шамшер зарбае ба сӯи Алӣ (рз) зад. Ҳазрати Алӣ (рз)  сипар пеш овард ва шамшери Амр ба сипар бархӯрд ва чизе нашуд...
Он гоҳ Алӣ (рз) бо зарбае ӯро аз по афтонд ва сипас ӯро кушт...
Вақте дигарон чунин диданд, аз пеши Алӣ (рз) гурехтанд.
Ҳазрати Алӣ (рз) пирӯзмандона баргашт. Паёмбар(с) ба ӯ фармуд:
“Офарин бар ту Алӣ! Агар пайкори имрӯзи туро бо ҳамаи корҳои писандидаи уммати Ислом бисанҷанд, ин кори ту бартар аст, зеро дар асари он ҳеҷ ҷойгоҳ аз кофирон боз намонд, магар ки сустию зиллат онро анбошт (пур кунад) ва низ ҳеҷ ҷойгоҳ аз мусулмонон нест, магар, ки иззат ва бартарӣ дар он ҷойгузин хоҳад шуд”.
Ҷанги Хайбар
Паёмбар(с) ба сӯи “Хайбар”- қароргоҳи яҳудиён шитофт.
Дар ин пайкор Ҳазрати Алӣ (рз) ба сабаби чашмдард, дар ҷанг ширкат надошт. Паёмбар(с) Абӯбакри Сиддиқро даъват кард ва парчамро ба ӯ супорид. Абӯбакр бо сипоҳе аз муҳоҷирин ба ҷабҳа рафт, вале пирӯзӣ наёфт ва баргашт. Рӯзи дигар Умари Форуқ ба ҳамон тартиб рафт ва бенатиҷа баргашт.
Паёмбар(с) фармуд:
- Алиро биёваред ва парчамро ба ӯ супоред!
Ба ҳазрат гуфтанд:
- Ӯ чашмдард аст.
Фармуд:
- Ӯро биёваред. Ӯ мардест, ки Худо ва Паёмбараш ӯро дӯст доранд ва ӯ низ Худо ва Паёмбарашро дӯст дорад.
Ҳазрати Алӣ (рз)-ро оварданд.
- Паёмбар(с) фармуд:
- Алӣ аз чӣ нороҳатӣ дорӣ?
 - Аз чашмдард ва сардард.
Паёмбар(с) ӯро дуо кард ва аз оби даҳон бар сару чашми ӯ кашид. Дард аз байн рафт ва Ҳазрати Алӣ (рз)  парчами сафедро барафрошт ва дар даст гирифт. Паёмбари Худо(с) бар ӯ фармуд: “Ҷабраил ҳамроҳи туст ва Ҷабраил бо туст, Худо дар дили онон тарсу бим афканда аст ва бидон, ки онон дар китоби худ ёфтаанд, ки: номи касе, ки мағлубашон месозад, Илиё (Алӣ) аст. Вақте ба онон расидӣ бигӯ, ки номи ман Алӣ аст, ба иродаи Худованд хор хоҳанд шуд”.
Ҳазрати Алӣ (рз) ба майдон тохт.
Нахуст бо бузурги яҳуд, ки Марҳаб ном дошт, рӯёрӯ шуд. Ҳазрати Алӣ (рз) бо ӯ гуфтушуниде кард ва саранҷом ба теғаи шамшер ӯро ба хок афканд. Яҳудиён ба даруни қалъа паноҳ бурданд ва даррро бастанд. Ҳазрати Алӣ (рз) пушти дар омад ва онро, ки бист нафар мебастанд, яктана кушод, аз ҷо канд ва бар хандақи қалъаи яҳудиён афканд, то мусулмонон аз он гузаштанд , ба қалъа даромаданд ва пирӯз шуданд.
Дониши Алӣ (а)
Аз Ибни Аббос нақл шудааст, ки беш аз 300 оят дар мадҳи Алӣ (рз) нозил шудааст.
Ибни Аббос аз Паёмбар(с) нақл мекунад, ки:
“Алӣ донотарини уммати ман ва дар доварӣ бар ҳама бартар аст”.
Ва инчунин гуфтаи Паёмбар(с) аст, ки:
“Ман ба гунае шаҳри донишам ва Алӣ (рз) ба манзалаи дари он. Ҳар кас дониш биҷӯяд, бояд аз Алӣ (рз) фаро гирад”.
Паёмбари Аъзам(с) фармуд:
یا علی انت منی و انا منک
Эй Алӣ, ту аз ман ҳастӣ ва ман аз ту ҳастам!
Саҳеҳи Бухорӣ,ҷ.4,с.208(с)
Ибни Масъуд низ мегӯяд:
“Паёмбар(с) Алӣ (рз)-ро талабид ва бо ӯ ба хилват нишаст, чун боз омад, пурсиданд, ки чӣ мегуфтед?
Фармуд: Паёмбар(с) ҳазор дар аз дониш бар ман кушод, ки аз ҳар дар ҳазор дари дигар боз мешавад”.
Боре ҳазрати Алӣ (рз) аз болои минбар фармуд: “Эй гурӯҳи мардумон! Аз ман бипурсед, пеш аз он ки маро аз даст диҳед. Аз ман бипурсед, барои он ки дониши гузаштагон ва ояндагон пеши ман аст. Савганд ба Худо, агар маснади қазоват бигустаранд, барои яҳудиён аз китоби худашон, барои пайравони Инҷил аз ҳамон китоб, барои пайравони Забур аз ҳамон ва барои аҳли Қуръон аз Қуръон доварӣ хоҳам кард... Савганд ба Худо, ман аз ҳама ба Қуръон ва таъвили он донотарам”.
Он гоҳ бори дигар фармуд:
“Аз ман бипурсед, пеш аз он ки маро аз даст диҳед. Агар аз якояки ояҳои Қуръон суол кунед, посухатон хоҳам гуфт, аз ҳангоми нузули он, аз ин ки дар бораи чӣ касе нозил шуда, инчунин метавонам аз носих ва мансух, хос ва ом, муҳкам ва муташобеҳ, маккӣ ва маданӣ будани оятҳо ва ... хабар диҳам”.
Паёмбари гиромии Ислом(с) бар асоси ҳамаи фазилатҳои Алӣ(а) аз сӯи Худо фармон дошт, ки васоят ва ҷонишинии ҳазрати Алӣ (рз)-ро ба мардум расонад. Ин амрро дар мавридҳои гуногун аз ҷумла дар рӯзи Ғадири Хум анҷом дод. Паёмбари Ислом(с) дар соли даҳуми ҳиҷрат роҳии Макка шуд, то фаризаи ҳаҷро анҷом диҳад. Ҳамроҳони Паёмбар(с)ро дар ин сафар то саду бист ҳазор нафар навиштаанд. Ҳангоми бозгашт чунин ҷамъияте ҳамроҳи Паёмбар(с) буданд ва рӯзи ҳаждаҳуми моҳи зулҳиҷҷа наздики нимрӯз дар саҳрои Ҷӯҳфа ба Ғадири Хум расид. Дар ин ҳангом азони намоз эълон шуд, мардум бо имомати Паёмбар(с) намозро анҷом доданд. Баъд аз фориғ шудан аз намоз онон аз бору банди шутурон маконеро омода карданд. Паёмбари Ислом(с) бар болои он баромад ва пас аз ситоиши Худованд чунин фармуд:
- Ману шумо ҳарду масъул ҳастем, чӣ мегӯед?
- Гувоҳем, ки моро таблиғ кардед, дар ин роҳ бисёр кӯшишу заҳмат кашидед, Худо туро беҳтарин подош диҳад!
- Оё ба ягонагии Худованд ва паёмбарии бандааш Муҳаммад(с) гувоҳӣ намедиҳед ва ба дурустии биҳишт, дӯзах, марг, растохез ва зиндагии пас аз марг иқрор нестед?
- Гувоҳӣ медиҳем.
- Худоё гувоҳ бош. Он гоҳ рӯ ба сӯи мардум кард ва боз фармуд:
- Мардум! Ману шумо канори ҳавзи Кавсар якдигарро хоҳем дид, ҳушёр бошед, ки пас аз ман бо ду (гавҳари гаронбаҳо) чӣ гуна хоҳед буд?
- Эй Паёмбари Худо(с), он ду чист?
- Китоби Худо ва “Аҳли Байт”-и ман. Парвардигори ман хабар додааст, ки ин ду аз ҳам ҷудо намешаванд, то канори (ҳавзи) Кавсар бар ман ворид шаванд... Аз онон пешӣ маҷӯед, ки ҳалок хоҳед шуд ва ҳам ақиб намонед, ки сабаби ҳалокат аст. Дар ин ҳангом дасти Амири мӯъминон Алӣ (рз)-ро боло кард, то ҳамаи мардум ӯро бинанд ва шиносанд, пас он гоҳ дар ҳамон ҳол фармуд:
- Мардум, чӣ касе ба мӯъминон аз эшон сазовортар аст ва бар онон вилоят ва сарпарастӣ дорад?
- Худо ва Паёмбараш донотаранд.
- Худо бар ман вилоят дорад ва ман бар мӯъминон, ман бар гаравидагон аз худи онон сазовортарам, пас:
- Ҳар касро ман валӣ ва сарпарастам, Алӣ (рз) сарпараст ва валии ӯст.
Худои ман! Дӯстонашро дӯст дор ва бо душманонаш душман бош!
Ёрӣ кун ҳар ки ӯро ёрӣ кунад ва кайфар деҳ онро ки бо вай ситезад...
Ҳон! Ҳар ҳозире бояд ба ғоибон ин паёмро расонад.
Ҳанӯз мардум пароканда нашуда буданд, ки ин оят нозил шуд:
“Имрӯз динатонро комил ва неъматро бар шумо тамом кардам ва розӣ шудам, ки Ислом дини шумо бошад”.
Баробарӣ дар ҳуқуқ
Ҳазрати Алӣ (рз) ҳангоми ба даст гирифтани ҳукумати исломӣ бар минбар рафт ва пас аз ситоиши Худованд фармуд:
“Савганд ба Худо, то замоне, ки як нахл дар Мадина дошта бошам аз байтулмол чизе бар намедорам. Дуруст андеша кунед, ки оё вақте ман худ аз байтулмоли мусулмонон ба худ саҳме намедиҳам, метавонам онро ба шумо диҳам?”
Ақил бархост ва гуфт: “Маро бо сиёҳпӯсте, ки дар Мадина аст баробар мегузорӣ?”
Фармуд:
“Бинишин бародар, магар ҷуз ту касе дар ин ҷо набуд, ки сухан гӯяд. Ту бар он сиёҳпӯст ҳеҷ бартарӣ надорӣ, магар аз ҷиҳати имон ва ё парҳезкорӣ”.
Бархе аз пайравонаш назди он ҳазрат гуфтанд: “Эй Амири мӯъминон! Агар аз байтулмол нахуст саҳми бештаре ба саркардагон медодӣ, то ҳукумат ба по истад, баъд аз он ба адолат байни ҳама ҳукумат мекардӣ, беҳтар набуд?”.
Ҳазрати Алӣ (рз) фармуд:
“Дареғо! Шумоён аз ман мехоҳед, то пояҳои ҳукумати худро бар ситам ва бо беадолатӣ нисбат ба мусулмонон устувор гардонам. Ҳаргиз, савганд ба Худованд, ки ҳеҷ гоҳ чунин коре аз ман сар нахоҳад зад, савганд ба Худованд, ки агар амволи мусулмонон низ аз они худам мебуд, боз миёни эшон ба баробарӣ рафтор мекардам, чӣ расад, ки амвол аз они худи онон аст”.
 
Адолат ва додхоҳӣ
Пас аз шаҳодати ҳазрати Алӣ ибни  Абӯтолиб (рз), рӯзе Суда - духтари Аммор, ки аз қабилаи Ҳамдон буд, бар Муовия ворид шуд.
Муовия фаъолият ва кӯшишҳои зиёди Сударо, ки дар ҷанги Саффайн ба фоидаи ҳазрати Алӣ (рз) ва дар сипоҳи он гиромӣ анҷом медод, ба ёд овард ва ӯро сарзаниш кард... Он гоҳ аз ӯ пурсид:
- Барои чӣ ин ҷо омадаӣ?
Гуфт:
- Эй Муовия! Худо туро барои аз байн бурдани ҳуқуқи воҷиби мо бозхост хоҳад кард. Ту пайваста фармондороне бар мо мефиристӣ, ки моро чун маҳсулоти расида дирав мекунанд, чун донаҳои испанд поймол намуда ва маргро бар мо мечашонанд. Инак Буср ибни Артотро фиристодаӣ, ки мардони моро мекушад ва амволи моро мебарад. Агар намехостем аз ҳукумати марказӣ пайравӣ кунем, худ акнун дорандаи иззату қудрат будем, агар ӯро аз вазифа барканор кунӣ чи беҳтар вагарна мо худ қиём хоҳем кард...
Муовия барошуфт ва гуфт:
- Маро аз қабилаи хеш метарсонӣ? Туро бо бадтарин ҳолат назди ҳамон Буср мефиристам, то бо ту ҳар чи раво мебинад анҷом диҳад.
Суда андаке хомӯш монд, гӯё дар зеҳни худ хотираҳои бошукӯҳи гузаштаро мековид, он гоҳ ин шеърҳоро хонд:
- “Дуруди Худованд бар он равон, ки дар гӯр хуфт ва бо марги ӯ адолату додгарӣ ба хок супорида шуд. Ӯ ҳампаймони ҳаққу ростӣ буд ва ҳақро бо ҳеҷ чиз иваз намекард, ҳақ ва имон дар ӯ як ҷо фароҳам омада буд”.
Муовия пурсид:
- Ин чӣ касе аст?
Суда посух дод:
- Ҳазрати Алӣ ибни  Абӯтолиб(рз). Ба ёд дорам, ки назди ӯ рафтам ва мехостам аз маъмури ҷамъоварии закот шикоят кунам. Вақте назди ӯ расидам, барои намоз хондан бархоста буд, чун маро дид, намозро шурӯъ накард ва бо рӯи кушода ва меҳрубонӣ фармуд:
-Оё ҳоҷате дорӣ?
Гуфтам:
- Оре. Ва шикояти худро баён кардам.
Ҳазрати Алӣ (рз) ҳамчунон, ки бар остонаи намози хеш истода буд, гирист ва он гоҳ ба Худованд гуфт: Худоё, ту огоҳу шоҳид бош, ки ман ҳаргиз фармон надодаам, ки ӯ (маъмури ҷамъоварии закот) ба бандагонат ситам кунад. Он гоҳ ҳазрат бедиранг қитъаи пӯстеро овард ва баъд аз номи Худо ва ояте аз Қуръон чунин навишт:
“... Он гоҳ, ки номаамро хондӣ, дасту болатро ҷамъ кун, то касеро бифиристам онҳоро аз ту таҳвил бигирад...” ва номаро ба ман дод. Савганд ба Худо, ки на он номаро баст ва на мӯҳр кард, номаро ба он маъмур додам ва ӯ аз мансаб барканор гардид ва аз назди мо рафт...
Муовия пас аз шунидани ин достон ноилоҷ фармон дод, ки ҳар чи мехоҳад барои ӯ бинависанд!
Шаҳодати Ҳазрати Алӣ (рз)
Дар соли чилуми ҳиҷрат бархе аз хавориҷ, дар Макка гирдиҳам омаданд ва тарҳи дасисаро афканданд, ки Алӣ, Муовия ва Амри Осро дар Кӯфа, Шом ва Миср дар вақти муайян ба қатл расонанд. Шаби нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон ба унвони замони қатл интихоб шуд. Иҷрокунандагони ин сӯиқасд ба ин қарор муайян шуданд: Абдураҳмон ибни Мулҷам - қотили ҳазрати Алӣ (рз), Ҳаҷоҷ писари Абдуллоҳи Сураймӣ - қотили Муовия ва Амр писари Бакри Тамимӣ - қотили Амри Ос.
Ибни Мулҷам ба ҳамин манзур ба Кӯфа омад ва ҳеҷ касро аз нияти палиду шуми хеш огоҳ насохт... Ӯ дар хонаи яке аз хавориҷ ба Қутом, ки зани бисёр зебову дилрабо буд во хӯрда, дил ба ӯ бохт ва ба фикри издивоҷи ӯ афтод. Вақте аз ӯ хостгорӣ кард, Қутом гуфт:
“Маҳрияи ман се ҳазор дирҳам пул, як банда ва низ куштани Алӣ ибни  Абӯтолиб аст”. Қутом аз пеш ба хотири ҳалокати падару бародараш дар ҷанги Наҳравон ба дасти ҳазрати Алӣ (рз) бо он имоми гиромӣ кина меварзид ва ба ӯ душмании зиёд дошт. Ибни Мулҷам назди Қутом фош кард, ки иттифоқан барои ҳамин кор ба Кӯфа омадааст. Ба ин тартиб ибни Мулҷам дар тасмими қаблии худ, ба ҳавои комҷӯӣ аз Қутом мусаммамтар шуд...
Саранҷом он шаби шум фаро расид...
Ибни Мулҷам бо як ё ду нафар аз ҳамдастони худ, шаби нуздаҳуми моҳи Рамазонро дар масҷиди Кӯфа бо ин фикри палид ба поён расонд...
Сию чанд сол пеш аз он шаби шум, ҳазрати Алӣ (рз) аз Паёмбар шунида буд, ки дар моҳи Рамазон кушта хоҳад шуд.
Достонро аз забони худи Ҳазрати Алӣ (рз)бишнавед:
“...Вақте Паёмбар(с) он хутбаи машҳурро дар бораи моҳи Рамазон хонд, ман бархостам ва пурсидам: Эй Паёмбари Худо(с) арзишмандтарини кирдорҳо дар ин моҳ чист? Фармуд: парҳез аз гуноҳон, он гоҳ Паёмбар(с) дардмандона гирист ва аз шаҳодати ман дар ин моҳ хабар дод...”.
Аз вазъи рафтору гуфтори ҳазрати Алӣ (рз) низ ошкор буд, ки медонад дар ин моҳ ба шаҳодат хоҳад расид. Ҳамон сол фармуда буд:
“Имсол дар мавсими ҳаҷ дар миёни шумо нестам”.
Инчунин вақте ба ӯ мегуфтанд: Чаро ҳангоми ифтор кам таом майл мекунед? Мефармуд:
Мехоҳам бо шиками холӣ Худоро мулоқот кунам.
Ҳазрати Алӣ (рз) дар шаби нуздаҳум ҳеҷ нахобид ва бисёр мефармуд:
“Ба Худо савганд, дурӯғ намегӯям ва низ дурӯғ ба ман гуфта нашудааст. Ин шаб ҳамон шаби ваъдашуда аст”.
Саранҷом саҳаргоҳи он шаб, ҳангоме ки ҳазрати Алӣ (рз) ба масҷид омад, дар ҳоли адои намози субҳ шамшери заҳрогин ва хуношоми палидтарини мардумон Ибни Мулҷам фурӯд омад..., хуршед дар меҳроби ҳақ гулгун шуд ва ду рӯз баъд дар шаби бисту якуми моҳи Рамазон, дар соли чилуми ҳиҷрат ғуруб кард...
Тани покашро дар хоки муқаддаси Наҷаф ниҳоданд, ки имрӯз каъбаи дилҳои мусулмонон, бахусус шиаён аст.
Имом Алӣ (рз) ҳамонгуна, ки дар ҳамаи умр бо ёди Худо мезист, дар лаҳзаи вуқуи фоҷиа низ ба ёди Худо буд...
Чун шамшери Ибни Мулҷам аз паси пушт пешонии равшани ҳазрати Алӣ (рз)-ро шикофт, нахустин ҷумлае, ки гуфт ин буд:
“Фузту ва раббил каъба, - Ба Худои Каъба савганд, растагор шудам”.
Он гоҳ, он имомро ғарқа дар хуни поки хеш ба хона бурданд…
Ду рӯз дар бистари шаҳодат ҳазрати Алӣ (рз) орамида буд ва дар ҳамаи лаҳзаҳо боз ба фикри салоҳу саломати мардум буд... . Бо он ки масъалаи имомати ҳазрати Имом Ҳасан(а) ва ҳам имомати ҳазрати Ҳусайн ва фарзандони он ҳазрат то имоми дувоздаҳумро Паёмбар(с) ва низ ҳазрати Алӣ (рз) аз пеш такрор ба такрор ёдовар шуда буданд, боз барои итмоми ҳуҷҷат дар лаҳзаҳои охири умри худ, онро бо мардум бозгӯ мекард…
 
Охирин суханон
Дар лаҳзаҳои вопасин ҳазрати Алӣ (рз) ба фарзандон, наздикон ва ба ҳамаи мусулмонон чунин васият фармуд:
“... Шуморо ба парҳезкорӣ супориш мекунам ва ба ин ки корҳои худро муназзам кунед, ҳамеша дар фикри ислоҳ байни мусулмонон бошед...
Ятимонро фаромӯш накунед, ҳуқуқи ҳамсоягонро риоят кунед…
Қуръонро барномаи амалии худ қарор диҳед...
Намозро бисёр гиромӣ доред, ки сутуни дини шумост.
Дар роҳи Худованд бо сарват, баён ва ҷони худ ҷиҳоду фидокорӣ кунед...
Бо ҳам бипайвандед... Амри ба маъруф ва наҳй аз мункарро тарк накунед, чаро ки агар аз ин вазифаи илоҳӣ сар печед, палидони ҷомеа бар шумо ҳукумат мекунанд ва он гоҳ ҳар чи бар зидди онон дуою нафрин кунед мустаҷоб нахоҳад шуд...”


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст