
Раҷаб моҳи Худост ва риояткунандагони ҳурмати ин моҳ ва амалкунандагони ба аъмоли ин моҳро «Раҷабиюн» меноманд. Ҳамоно дар қиёмат фариштае нидо медиҳад: «أین الرّجبیّون» куҷоиянд афроде, ки моҳи Раҷабро мӯҳтарам шумурдаанд?
Моҳи Раҷаб аз он чаҳор моҳи ҳаром аст, ки дар онҳо ҷанг мамнӯъ шудааст. Худованд дар ҳадиси Қудсӣ мефармояд: «Моҳи Раҷабро ресмони миёни худ ва бандгонам қарор додаам; Ҳар кас ба он чанг занад ба висоли ман расад» ва дар ҳадиси Қудсии дигаре мефармояд: «Моҳи Раҷаб моҳи ман; Банда, бандаи ман ва раҳмат, раҳмати ман аст; Ҳар, ки дар ин моҳ маро бихонад, иҷобаташ кунам ва ҳар, ки ҳоҷат оварад, атояш кунам».
Бузургон ва аҳли маъно ва аҳли сулук, моҳи Раҷабро муқаддимаи моҳи мубораки Рамазон донистаанд. Моҳи Раҷаб ва моҳи Шаъбон, як омодагиҳое аст барои инки инсон дар моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи зиёфати илоҳӣ аст, битавонад бо омодагии комил ворид шавад. Омодагӣ ба чист? Дар дараҷаи аввал, омодагӣ ба таваҷҷуҳ ва ҳузури қалб аст."
Ҳазрати Пайғамбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: моҳи Раҷаб моҳи истиғфори уммати ман аст пас дар ин моҳ бисёр талаби омурзиш кунед, ки Худо омурзанда ва меҳрӯбон аст. Раҷабро "Асаб" мегӯянд, зеро ки раҳмати Худо дар ин моҳ бар уммати ман бисёр рехта мешавад, пас бисёр бигӯед:
«أَسْتَغْفِرُ اللهَ وَ أَسْأَلُهُ التَّوْبَةَ»(Астағфируллоҳ ва асъалуҳут тавба)
Расули акрам(с) боз мефармоянд: Раҷаб номи наҳре дар биҳишт аст, ки аз шир сафедтар ва аз асал ширинтар аст. Бинобар ин, ҳар кас як рӯз аз моҳи Раҷабро рӯза бидорад, Худованд аз он наҳр ба ӯ хоҳанд нӯшонд. Барои ин,ки дар ин моҳи мӯборак, ки моҳи нузули раҳмати илоҳӣ аст ҷузви Раҷабиюн қарор бигирем, метавонем аз аъмоли мустаҳабии тавсияшудаи ин моҳ баҳра бигирем.
Дӯое, ки дар моҳи Раҷаб мӯстаҳаб аст баъд аз намозҳои фарз хонда шавад:
بسم الله الرحمن الرحیم
اللهم صل علی محمد و آل محمد
يَا مَنْ أَرْجُوهُ لِكُلِّ خَيْرٍ وَ آمَنُ سَخَطَهُ عِنْدَ كُلِّ شَرٍّ يَا مَنْ يُعْطِى الْكَثِيرَ بِالْقَلِيلِ يَا مَنْ يُعْطِى مَنْ سَأَلَهُ
Ё ман арҷуҳу ликулли хайр, ва оману сахатаҳу инда кулли шарр, ё ман юътил касира бил қалил, ё ман юътӣ ман саъалаҳ,
يَا مَنْ يُعْطِى مَنْ لَمْ يَسْأَلْهُ وَ مَنْ لَمْ يَعْرِفْهُ تَحَنُّناً مِنْهُ وَرَحْمَةً
ё ман юътӣ ман лам ясъалҳу,ва ман лам яърифуҳу таҳанунав ва раҳмаҳ,
أَعْطِنِى بِمَسْأَلَتِى إِيَّاكَ جَمِيعَ خَيْرِ الدُّنْيا وَ جَمِيعَ خَيْرِ الْآخِرَةِ
аътини бимасалати иёка, ҷамиъа хайри дӯнё ва ҷамиъа хайрил охираҳ,
وَ اصْرِفْ عَنِّى بِمَسْأَلَتِى إِيَّاكَ جَمِيعَ شَرِّ الدُّنْيا وَشَرِّالْآخِرَةِ
васриф ъани бимасалати иёка,ҷамиъа шарри дӯнё ва ҷамиъа шаррил охираҳ,
فَإِنَّهُ غَيْرُ مَنْقُوصٍ مَا أَعْطَيْتَ وَ زِدْنِى مِنْ فَضْلِكَ يَا كَرِيمُ
фаинаҳу ғайру манқусин мо аътайд, ва зидни мин фазлика ё карим,
يَا ذَا الْجَلالِ وَ الْإِكْرامِ يَا ذَا النَّعْماءِ وَ الْجُودِ يَا ذَا الْمَنِّ وَ الطَّوْلِ حَرِّمْ شَيْبَتِي عَلَى النَّارِ
ё зал ҷалоли вал икром, ё зан наъмои вал ҷуд, ё зал манни ваттавл, ҳаррим шайбатӣ
аланнор.
Тарҷӯмаи дӯо:
Эй касе, ки ҳар хайреро аз Ӯ умед дорам ва аз хашмаш дар ҳар шарре эминӣ меҷӯям.
Эй касе, ки дар баробари ибодати андак музди бисёр мебахшад. Эй касе, ки ба ҳар кӣ аз ӯ бихоҳад мебахшад.
Эй касе, ки ба ҳар кӣ аз ӯ нахоҳад ва ӯро нашиносад низ аз рӯи меҳрубонӣ ва раҳмат мебахшад.
Хоҳиш дорам аз ту, ҳамаи хайри дунё ва хайри охиратро бар ман ато кун.
Ва хоҳиш дорам аз ту, ҳамаи бадиҳои дунё ва сахтиҳои охиратро аз мо дур бинамо! зеро, ончиро, ки ту ато кунӣ камбудӣ надорад ва аз эҳсонат бар ман бияфзой, эй бахшояндаи беминнат.
Эй соҳиби шукӯҳу бузургворӣ, эй соҳиби неъмату бахшиш, эй соҳиби атову карам, ришу мӯйҳоямро бар оташи дӯзах ҳаром кун!