Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҳилоли муҳаррам
Ҳилоли муҳаррам баёнгари воқеияти дардноку ғамангез барои мӯъминон ва инсоният аст. Бархе аз бузургон таваҷҷӯҳе, ки ба руияти ҳилоли муҳаррам доштаанд, шояд ба ҳилоли моҳи рамазон ва дигар моҳҳо надошта бошанд. Ин таваҷҷӯҳ реша дар умқи алоқа ба сарвару солори шаҳидон Имом Ҳусайн (а) дорад. Ғаме ки дар Карбало барои Имом (а) расид. Ё шояд ба хотири ривоятҳо ва ҳолатҳое бошад, ки аз дигар имомони Аҳлибайт (а) дар ин моҳ расидааст.
Нақл аст, ки Имоми Содиқ (а) бо дидани ҳилои моҳи муҳаррам ғамгин шуда ва ҳузну андуҳ дар чеҳрааш мушоҳида мешуд ва ҳарчи ба рӯзи ошуро наздиктар мешуд, ин ҳолат дар чеҳрааш бештар ва бештар дида мешуд ва ханда ки ҳеҷ ,лабханд ҳам надоштаанд.
Дидани моҳи муҳаррам зиндакунандаи хотирот ва саҳнаҳое аст, ки бар Аҳлибайт (а) ва хонадони нубувват гузаштааст. Ин моҳ шоҳид саҳнаҳои аст, ки ба ғами олам баробар аст, хуни Имоми уммат ба дасти муддаиёни уммати Паёмбар (с) рехта шуд.
Ин моҳ шоҳиди барпоии хаймаҳои ҳидоят аст, ки ҳар ки дар зери онҳо қарор гирад растагор мешавад, (хаймаҳои Имоми Ҳусайн) ва аз сӯе ҳам шоҳиди барпоии хаймаҳое, ки ғафлатзо ва масх шудани инсониятро ба ҳамроҳ дорад (хаймаҳои Язидиён). Барпои хамаҳои тавҳиди ҳақиқӣ ва хаймаҳои ширку ботил дар либоси дин.
Хаймаҳое ки соҳибонаш ночор маргро барои зиндагибахшӣ ба инсоният интихоб карданд. Дар муқобил хаймаҳое, ки соҳибонаш мурдагонеанд, ки шамшер ба даст бар сари қабрҳои худ нишастаанд. Хаймаҳое, ки нурашон, то арши иллоҳӣ мерасад ва хаймаҳое, ки оташ равшан кардаанд, то пеши пояшонро равшанӣ куанд ва мисдоқи ояти Қуръонанд, ки мефармояд оташ рӯшан мекунанд, то дар равшании он ҳаракат кунанд, амом Худованд онро хомӯш мекунад.
«مَثَلُهُمْ كَمَثَلِ الَّذِي اسْتَوْقَدَ ناراً فَلَمَّا أَضاءَتْ ما حَوْلَهُ ذَهَبَ اللَّهُ بِنُورِهِمْ وَ تَرَكَهُمْ في ظُلُماتٍ لا يُبْصِرُونَ»
"Мисоли онон ҳамонанди мисоли касест, ки оташ афрӯхт ва ҳамин ки [оташ] атрофашро равшан сохт, Худо нурашонро бурд ва дар торикиҳо раҳояшон кард, дар ҳоле ки намебинанд."(Сураи Бақара, 17)
Мардоне, ки ояндаи таърихро мебинанд ва ба ҷойгоҳи худ дар биҳишт огоҳанад, дар муқобил мардоне, ки дил ба сиккаҳои пешвои золимашон бастаанд ва пеши пой худро ҳам намебинанд.
Дар ҳар ду хаймаҳо хариду фурӯш ва муомила доғ аст, яке бо Худо муомила мекунад ва муштарияш Худованд аст ва дигари бо шайтон ва пешвои залолат муомила мекунад.
Худованд харидор аст, аммо ҷуз аз мӯъминон намехарад ва чи харидори беҳтар аз Худованд:
»انَّ اللَّهَ اشْتَرى مِنَ الْمُؤْمِنينَ «
"Ҳамоно Худо аз мӯъминон... харидааст;" (Сураи Тавба,11).
Худованд аз мӯъминон мехарад, нақд ҳам мехарад:
... » هَلْ أَدُلُّكُمْ عَلى تِجارَةٍ تُنْجيكُمْ مِنْ عَذابٍ أَلِيمٍ تُؤْمِنُونَ ... وَ تُجاهِدُونَ«
"Оё шуморо бар тиҷорате роҳнамоӣ кунам, ки шуморо аз азоби дарднок наҷот диҳад? ...имон биоваред... ва ҷиҳод кунед;..."( сураи Сафф, 10ва 11).
Ва ба яке аз ду равиш ки ҳарду сӯдманд аст роҳнамоӣ мекунад.
«هَلْ تَرَبَّصُونَ بِنا الَّا احْدَى الْحُسْنَيَيْنِ»
"«Оё барои мо ҷуз яке аз ду некӣ [пирӯзӣ ё шаҳодат]-ро интизор доред?" (Сураи Тавба,52).
Аммо шайтон ва пешвои залолат ваъдаи хариди пурсӯд медиҳад, на ин ки нақд нест, балки фиребе беш нест.
Зулмат ва торикии ба вуҷуд овардаи пешвоёни залолат дар моҳи муарам бо шӯълаҳои оташи ҳидояти Ҳусайнӣ бар дилҳои хуфтаи башарият афрӯхта мешавад ва нури он хаймаҳо то рӯзи қимат дар диҳои мӯъминон рӯшан аст, ин аст ки ба ҳилоли моҳи муҳаррам чунин ҷойгоҳе бахшидааст.