Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари олии инқилоби исломии Эрон, дар паёме ба муносибати ҷамъомади азим ва пуршукӯҳи Ҳаҷ, «гӯстараи инсонӣ» ва «қӯввати омили маънавии Ислом»-ро ду ҷониби фаризаи Ҳаҷ хонд ва бо ишора ба фаҷиаи ваҳшатноки Ғазза, ки дар таърихи муосир беназир аст, таъкид карданд: Бароат аз режими саҳюнистии Исроил ва ҳомиёнаш ба хусӯс Амрико, имсол бояд фаротар аз мавсим ва миқоти Ҳаҷ, дар кишварҳо ва шаҳрҳои мусулмон нишин, дар ҳамаи ҷои ҷаҳон идома ёбад ва дар миёни тамоми мардӯм паҳн шавад.
Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари олии инқилоби исломии Эрон дар ин паём бо ишора ба абъоди маносики бузӯрг ва печидаи Ҳаҷ, онро барои мусулмонон қуввати қалб ва барои бадхоҳон ҳаросангез ва пурҳайбат донист ва хотир нишон кард: Қуръон зимни баёни роз ва рамзҳои таркиби печидаи Ҳаҷ, онро мазҳари оромиши ахлоқӣ ва созиши мусулмонон ва мазҳари безорӣ ва ҷабҳагирии муқтадирона дар баробари душманон муаррифӣ мекунад ва ҳаҷгӯзорон бояд андеша ва амали худро ба ин маорифи пурфурӯғ наздиктар кунанд ва ҳуввияти бозёфта ва омехта бо ин мафоҳими мутаолиро ба унвони савғотии арзишманди сафари Ҳаҷ ба хона баргардонанд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари олии инқилоби исломии Эрон бо ишора ба ҷиноёти режими бераҳм ва албата рӯ ба заволи режими саҳюнистии Исроил дар Ғазза афзӯд: Масаълаи бароат, имсол барҷастатар аз гӯзашта аст зеро фаҷиаи Ғазза ҷои ҳечгӯна мулоҳиза ва мумошот (бетафовутӣ ва сустӣ) барои ҳар фарду ҳизбу давлату фирқаи мусулмонон боқӣ нагӯзоштааст ва ин бароат ва безорӣ бояд дар қавл ва амали миллатҳо ва давлатҳо хӯдро нишон диҳад ва майдон ва арсаро бар ҷаллодон(хӯнхорон) ва ҳомиёнашон танг кунад.
Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари олии инқилоби исломии Эрон дар поёни паёми хӯд бо таҷлил аз муқовимати пӯлодини Фаластин ва мардӯми сабӯр ва мазлӯми Ғазза, таъкид кард: Бояд аз ин муқоввимат пуштибонии ҳама ҷониба шавад.
Матни паёми Раҳбари олии инқилоби исломии Эрон ба ҳоҷиҳои Байтуллоҳилҳаром ба ин шарҳ аст:
Бисмилоҳир-раҳмонир-раҳим
و الحمد للّه ربّ العالمین و الصّلاة و السّلام علی خیر البریّة سیّدنا محمّدٍ المصطفی و آله الطّیّبین و صحبه المنتجبین و من تبعهم باحسان الی یوم الدّین..
Оҳанги дилнавози иброҳимӣ, ки ба фармони Худо, ҳамаи инсонҳоро дар ҳамаи давронҳо, дар мавсими Ҳаҷ ба Каъба фаро мехонад, имсол низ дилҳои ҷамъе аз мусулмононро аз саросари ҷаҳон, маҷзӯби ин пойгоҳи тавҳид ва ваҳдат кард ва ин анбӯҳи пуршукӯҳ ва мутанаввеъи мардумиро падид оварда ва гӯстараи инсонӣ ва қуввати омили маънавии Исломро ба рӯхи хеш ва бегона кашидааст.
Иҷтимои азим ва маносики печидаӣ Ҳаҷ, ҳар гоҳ бо чашми тадаббур(таақул) дида шавад, барои мусулмон, қувати қалб ва сарчашмаи итминон аст ва барои душман ва бадхоҳ, ҳаросангез ва пурҳайбат.
Ҷои таъаҷҷуб нест агар дӯшманон ва бадхоҳони уммати исломӣ, ин ҳар ду ҷониби фаризаи Ҳаҷро омоҷи тахриб ва тардид созанд, чӣ бо барҷастасозии муғоиратҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ ва чӣ бо фурӯ бурдан аз ҷанбаҳои қудсӣ ва маънавӣ(бо таҳриф).
Қуръони Карим, Ҳаҷро мазҳари убудият ва зикр ва хушӯъ, мазҳари каромати инсонҳо, мазҳари сомонёбии зиндагии моддӣ ва маънавии башар, мазҳари баракату ҳидоят, мазҳари оромиши ахлоқӣ ва созиши амалӣ миёни бародарон ва мазҳари безорӣ ва ҷабҳагирии муқтадирона дар баробари дӯшманон муаррифӣ мекунад.
Тадаббур дар оёти марбут ба Ҳаҷ ва диққат дар аъмол ва маносики ин фаризаи бемисол, инҳо ва розу рамзҳое аз қабили инҳоро дар таркиби печидаи Ҳаҷ ба мо нишон медиҳад.
Шумо бародар ва хоҳари ҳаҷгӯзор, акнун дар арсаи тамрини ин ҳақоиқ ва маорифи пурфурӯғ қарор доред. Андеша ва амали хӯдро ба он наздик ва наздиктар кунед ва ҳӯвияти бозёфта ва омехта бо ин мафоҳими мутаолиро ба хона баргардонед. Ин ҳамон савғотии арзишманд ва ҳақиқии сафари ҳаҷҷи шумо аст.
Имсол масъалаи бароат барҷастатар аз гӯзашта аст. Фаҷоеъ ва ҳаводиси Ғазза, ки дар таърихи муосири мо беназир аст ва гӯстохии режими бераҳм ва мазҳари қасоват ва шақоват ва албата рӯ ба заволи саҳюнист, ҷои ҳеҷ гӯна мулоҳиза ва мумошот(бетафовутӣ ва сустӣ) барои ҳар фард ва ҳизб ва давлат ва фирқаӣ мусулмон боқӣ нагӯзоштааст. Бароати имсол бояд фаротар аз мавсим ва миқоти Ҳаҷ, дар кишварҳо ва шаҳрҳои мусулмон нишин дар ҳамаи ҷои ҷаҳон идома ёбад ва фаротар аз ҳаҷгӯзорон, ба тамоми мардӯм пахш шавад.
Ин бароат аз режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш ба хусӯс давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд дар қавл ва амали миллатҳо ва давлатҳо хӯдро нишон диҳад ва арсаро бар золимон танг кунад.
Муқовимати пӯлодини Фаластин ва мардӯми сабӯр ва мазлӯми Ғазза, ки шукӯҳи сабру муқоввиматашон, ҷаҳонро ба таҳсин ва такрим водоштааст, бояд аз ҳама ҷиҳат пуштибонӣ шаванд.
Аз Худованд барои онон пирӯзии комил ва оҷил хосторам ва барои шумо ҳуҷҷоҷи мӯҳтарам, Ҳаҷҷи мақбӯл масъалат мекунам.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ
Сайид Алии Хоманаӣ
4 Зулҳиҷҷа 1445