Ҳукумати Толибон: ДИИШ душмани муштараки Эрон ва Афғонистон аст
 
Ба гузориши хабаргузории Форс :
Рӯзи 8-январ Муҳаммад Абдулкабир-муовини сиёсии раиси кабинаи ҳукумати Толибони Афғонистон дар дидор бо Ҳасани Козимии Қумӣ-сафир ва намояндаи вежаи Эрон дар Кобул, бо таслияти шаҳодати даҳҳо эронӣ дар ҳамлаи террористӣ дар вилояти Кирмони Эрон, ки ДИИШ масъулияти он инфиҷорҳои террористии Гулзори шуҳадои Кирмонро бар уҳда гирифта буд, гуфт: Ҳадафи гурӯҳаки террористии ДИИШ ба унвони душмани муштарак, ноамнсозии минтақа ва куштани афроди бегуноҳ аст.
 
  Абдулкабир бо қадрдонӣ аз кӯмак ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон афзӯд, Афғонистон хоҳони тавсеа ва таҳкими равобит бо Эрон ва тамоми кишварҳои ҳамсоя аст ва сиёсати Кобул равшан аст, ки ҳеҷ таҳдиде аз Афғонистон мутаваҷҷеҳи дигарон нашуда ва талош мекунад дар амният ва суботи минтақа, нақши мусбат ифо кунад.
 
Сафири Эрон дар Афғонистон таъкид кард, ишғолгарони дирӯзи Афғонистон намехоҳанд як равобити мантиқӣ дар чорчӯби манофеъ ва масолеҳи ин кишвар бо кишварҳои ҳамсоя шакл бигирад.
 
Козимии Қумӣ гуфт, агарчӣ ишғолгарони дирӯз ҳузури низомӣ дар Афғонистон надоранд, аммо ҳамчунон талош мекунанд дар ин кишвар тавтеа кунанду тақвияти ҳузури гурӯҳҳои такфириву террористие монанди ДИИШ дар Афғонистон яке аз ин тавтеаҳост, ки амрикоиҳо дунбол мекунанд.
 
Намояндаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умури Афғонистон таъкид кард: Суботу амнияти минтақа дар гарави суботу амнияти Афғонистон аст ва агар дар чорчӯби талоши минтақаӣ ба ҳокимони Афғонистон барои беҳбуди амният кумак шавад, дар воқеъ амнияти минтақа беҳбуд меёбад.
 
Гурӯҳаки террористии ДИИШ чанд ҳафта пеш масъулияти инфиҷорҳои террористии вилояти Ҳирот ва таркиши як дастгоҳи микроавтобуси шаҳрӣ дар ғарби шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро бар ӯҳда гирифта буд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст