Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Фикру андеша
Кадом фикру андеша инсонро наҷот медиҳад ва ба растагорӣ мерасонад?
Фикр ба таври кулли инсонро наҷот намедиҳад, балки фикру андеша бояд инсонро ба ҳақиқат бирасонад, то боиси наҷоташ шавад. Дар Қуръон омадааст, ки баъзеҳо фикру андеша карданд, то бар зидди дини ҳақ мубориза кунанд.
Дар достони сураи Муддассир мехонем, ки марде аз бузургони Қурайш ва яке аз касоне, ки мардум барои машварат ба ӯ муроҷиат мекарданд. Рӯзе ба назди ӯ омаданд ва дар мавриди дини Ислом ва иддаои Расули Худо (с) маслиҳат мепурсанд ва интизор доштанд, ки мисли ҳамеша онҳоро роҳнамоӣ кунад. Ӯ фикр кард ва тақдиру андоза гирӣ кард ва ба ин натиҷа расид, ки кори Муҳаммад ҷуз сеҳр чизи дигаре нест.
«إِنَّهُ فَكَّرَ وَ قَدَّرَ، فَقُتِلَ كَيْفَ قَدَّرَ، ثُمَّ قُتِلَ كَيْفَ قَدَّرَ»
"Ҳамоно ӯ фикр кард ва андозагирӣ кард, Пас, мурда бод! Чӣ гуна андозагирӣ кард? Сипас, [боз] мурда бод! Чӣ гуна андозагирӣ кард? "(Сураи Муддассир, 18 то 20).
Пас аз фикру назар эълон мекунад, ки суханони Муҳаммад ҷуз сеҳр нест:
«فَقالَ إِنْ هذا إِلاَّ سِحْرٌ يُؤْثَر»
"Пас, гуфт: «Ин ҷуз сеҳре ки [аз гузаштагон] нақл мешавад нест;"(Сураи Муддассир, ояти 24)
Ин шахси мушрик бо фикр ба ин натиҷа мерасад, ки дар муқобили ҳақ биистад ва нисбати нораво ба Паёмар (с) бидиҳад.
Пурсиш инҷо ин аст, магар намегӯем, ки инсон қабл аз ҳар чизе бояд фикру андеша кунад? Пас чи шуд, ки фикру андешааш ӯро дар муқобили Расули Худо (с) қарор дод? Магар дар аҳодис надорем, ки як соат фикр чи қадар аҷру подош дорад ва аз ҳафтод сол намози бидуни фикр боарзиштар аст? Чӣ шуд ки ӯро фикраш дар муқобили Паёмбар (с) ва дини ҳақ қарор дод?
Дар посух ба ин пурсиш бояд гуфт: Тафаккури танҳо ҳеҷ касро ба саодат намерасонад. Ин бовар ғалат аст, ки баъзеҳо мегӯянд, агар мардум тафаккур кунанд, ҳамаи мушкилот ҳалу фасл мешавад. Фикр монанди шамшери дулаба аст, ки заррае хато дар он дастро аз ду тараф мебурад. Фикр бояд бар мадори ақли салим ҳаракат кунад ва ончиро ки мехоҳад, таҳлилу барраси кунад. Бояд рабти воқеаҳоро дуруст дар назар бигирад ва нагузорад, ки бо шаҳвату ҳавои нафс омехта шавад. Фикр бояд матолибро бар асоси қавонини ҳастӣ ва ҷаҳонбинии тавҳидӣ таҳлил кунад.
Фикре, ки ақли салимро ҳамроҳи худ надошат бошад, соҳибашро ба поёнтарин дараҷа ва аз ҳайвон ҳам пасттар мекунад.
Қуръон достони он марди мушрик ва дигаронро ишорат карда аст, ки онҳо бо худ фикр карданд ва бадтарин корро анҷом доданд.
Бародарони Юсуф (а) фикр карданд, ки бародари худро бикушанд ва ё ба чоҳ бияндозанд, назди падар маҳбуб мешаванд, лизо бар асоси ин фикри ғалат чунин тасмимиро гирифтанд, ки дар натиҷа на ин ки маҳбуб нашуданд, балки манфури падар ва боиси зулму ситам бар ду паёмбари илоҳӣ шуданд. Онҳо фикр карданд, ки пас аз он ки назди падар маҳбуб шуданд, ба даргоҳи Худо ҳам тавба мекунанд, то Худо ҳам аз гуноҳашон бигузарад. (Сураи Юсуф дар чандини оят инро баҳс кардааст).
Дар таърих ҳам омадааст, ки қотили Имом Ҳусайн (рз) Умар ибни Саъд ибни Абивақос, мегӯяд, як шабонарӯз фикр кардам, ки бо Имом Ҳусайн (рз), чӣ кор кунам? Дар ниҳоят ба ин натиҷа расидам, ки бо Ҳусайн ибни Али (рз) меҷангам, агар Ҳусайн (рз) бар ҳақ бошад баъд аз ҷанг истиғфор мекунам.
Фикре, ки ӯро ба ин натиҷа расонд, ки дар муқобили Фарзанди Расули Худо (с) биҷангад ва агар ҳам бар фарз Ҳусайн ибни Али (рз) дар ин ҷанг бар ҳақ бошад тавба ва истиғфор мекунад.
Пас фикр ба танҳои кифоят намекунад, бояд фикр холи аз ҳавову ҳаваси шаҳвонӣ бошад, зеро фикри олуда ба палидиҳо инсонро дар муқобили ҳақ қарор медиҳад. Фикри бояд инсонро ба анҷоми корҳои дуруст роҳнамоӣ кунад ва дар доираи ҳақ ҳифз кунад. Агар бо ҳавову ҳавас ҳамроҳ шуд, ҳамон кореро мекунад, ки бардарони Юсуф (а) карданд, ки дар доми шайтон гирифтор шуданд. Ва ё мисли Муғайра, ки фикр мекунад, то ҳақро ботил ва сеҳр нишон диҳад, то худ ва дигаронро аз нури Ислом бебаҳра кунад, ва ё мисли Умар ибни Саъд ибни Абивақос, ки имоми ҳақро сар мебурад ва бар ин фикр аст, ки дар оянда тавба мекунад.
Хотимаи баҳс
Достони бародарони Юсуф (а) ва Умари ибни Саъд, ки ҳар ду дар зоҳир муваҳид ва яктопараст буданд, ояндаро барои истиғфор дар назар мегиранд ва фикр мекунанд, ки дар оянда истиғфор мекунанд, то омурзида шаванд, ҳол бояд ба дунё бирасанд. Аммо он шахси кофир фақат барои дунёи худ чунин фикре мекунад ва намехоҳад ҷойгоҳи худро аз даст диҳад.
Фикру андеша барои ин ки инсонро наҷот диҳад бояд аз қалби солим аз ҳар гуна инҳирофу каҷандеши берун омада бошад, дар ғайри ин сурат на ин ки боиси наҷоти инсон мешавад, балки сабаби дур шудан аз ҳақ мешавад.