Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ӯ омад
Мавлуди Пайғамбар (с) барои ҳамаи башарият боарзиш аст, зеро рисолати он Ҳазарт (с) тамоми башариятро ба сӯи нур ва ба сӯи ҳидояте, ки бархоста аз фитрат ва рӯҳашон аст даъват мекунад. Даъват ба ин ки худро пайдо кунед ва бидонед, ки чӣ ҳастед ва кӣ ҳастед? Аз куҷо омадан ва ба куҷо рафтани худор бидонед, зеро агар инсоне надонад аз куҷо омадааст, наметавонад, бигӯяд ки ба куҷо меравад. Ӯ омад, то ба башарият биомӯзад, ки худатон бидонед ва ҳаракат кунед, вагарна дигарон ба ҳар куҷо, ки хостанд шуморо ба ҳаракат дармеоваранд. Ӯ омад, то башарро ба ҷое бирасонад, ки шоир мефармояд:
Рӯзҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам
Ки чаро ғофил аз аҳволи дили хештанам
Киـ з куҷо омадеам? Омаданам баҳри чи буд?
Ба куҷо меравам охар нанмои ватанам?!
Мондаам сахту аҷаб к-аз чи сабаб сохт маро?
Ё чи будаст муроди вай аз ин сохтанам?.
Ҳазрати Али (рз) фармуданд:
«إن لم تعلم من أين جئت لم تعلم إلى أين تذهب»
"Агар надони аз куҷо омадаӣ, намедони ба куҷо биравӣ." (Ибни Абилҳадид, шарҳи Наҳҷулбалоға,ҷ 20, саҳ 292.)
Ӯ наомад, ки башарро сеҳру ҷоду кунад, то дар ҳадафи худ ҳидояташон кунад, балки омад сеҳрҳо ва ҷодуҳои шайтонҳо ва золимони замонро аз сари миллатҳо бардорад. Ӯ омад, ки бори дигар башар дар фиреби Фиръавонҳи замона ва Сомироҳои асри худ гирифтор нашаванд. Ӯ омад, то инсоният қадру манзалат пайдо кунад ва аз дасти ситамгарон наҷот ёбад. Ӯ омад, то башарро аз торикие, ки ситамгарон ба вуҷуд оварда буданд, раҳоӣ бахшад, то бигӯяд, ки танҳо сарпарасти шумо Худованд аст, ки офаридгори шумост, на дигарон ва бидонед, ки ҳар вақт касоне шуморо аз Худои Мутаол ҷудо кунанд, мехоҳанд худ сарпарастӣ ва пешвоиятонро бар ӯҳда гиранд, дар ин сурат шуморо ба торикиҳои рӯзгор мебаранд ва аз аслу асоси худатон ҷудоятон мекунанд:
«اللَّهُ وَلِيُّ الَّذِينَ آمَنُوا يُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُماتِ إِلَى النُّورِ وَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَوْلِياؤُهُمُ الطَّاغُوتُ يُخْرِجُونَهُمْ مِنَ النُّورِ إِلَى الظُّلُماتِ أُولئِكَ أَصْحابُ النَّارِ هُمْ فِيها خالِدُون»
"Худо сарпарасти касонест, ки имон овардаанд, онҳоро аз торикиҳо ба сӯи нур берун меоварад. Ва касоне, ки куфр варзидаанд, сарпарастонашон тоғутанд, ки ононро аз нур ба сӯи торикиҳо мебаранд; онҳо аҳли дӯзаханд, онҳо дар он мондагоранд." (Сураи Бақара, 156).
Ӯ омад, то ба башарият биомӯзад, ки огоҳ бошед, то замоне, ки куфру тоғут, ситамгар ва золим шуморо ба ҳадде аз куфр дар боварҳо нарасонад ва дар зиндагӣ дар торикии аз ҷаҳлу хурофот, ҳайрату саргардони қароратон надиҳад, аз шумо наметавнад, сӯи истифода кунад, пас огоҳ бошед ва фириеби шайтонро дар ҳар либосе бошад, нахуред.
Ӯ омад, то ғулу занҷирро аз гардани башар бардорад, инсониятро ба башаре, ки фаромӯш карда буд биомӯзад.
الَّذِينَ يَتَّبِعُونَ الرَّسُولَ النَّبِيَّ الْأُمِّيَّ الَّذِي يَجِدُونَهُ مَكْتُوباً عِنْدَهُمْ فِي التَّوْراةِ وَ الْإِنْجِيلِ يَأْمُرُهُمْ بِالْمَعْرُوفِ وَ يَنْهاهُمْ عَنِ الْمُنْكَرِ وَ يُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّباتِ وَ يُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبائِثَ وَ يَضَعُ عَنْهُمْ إِصْرَهُمْ وَ الْأَغْلالَ الَّتِي كانَتْ عَلَيْهِمْ
"[Ҳамон] Касоне, ки аз ин фиристода, паёмбари дарс нахонда пайравӣ мекунанд, ки ӯро назди худ дар Таврот ва Инҷил, навишташуда меёбанд, дар ҳоле ки ононро ба маъруф амр мекунад ва ононро аз мункар наҳй мекунад; ва покизаҳоро барояшон ҳалол мекунад ва палидиҳоро бар онҳо ҳаром месозад ва бори сангини онҳо ва занҷирҳоеро, ки бар онон буд, аз онҳо бармедорад;"(Аъроф,157).
Ӯ омад, ба зиндагӣ маъно дод ва зиндагии маънодорро барои башарият омӯхт, башаре, ки ба ҳукми шаҳват зиндагӣ мекард, на ба дастури дину ақл, ҳатто фитрате, ки ӯро аз пастиҳо ва гумроҳиҳо наҷот диҳад, поймол карда буд. Ӯ омад, то дилҳои мурдаи башарро дубора зинда кунад ва онҳоро аз саргардонӣ ва ҳайрату нодонӣ наҷот диҳад ва заиндагии поку солимро ба башарият армағон диҳад:
«مَنْ عَمِلَ صالِحاً مِنْ ذَكَرٍ أَوْ أُنْثى وَ هُوَ مُؤْمِنٌ فَلَنُحْيِيَنَّهُ حَياةً طَيِّبَة»
"Ҳар кас аз мард ё зан кори шоиста анҷом диҳад, дар ҳоле ки мӯъмин бошад, пас, қатъан ӯро ба зиндагии покизае зинда медорем;" (Сураи Наҳл,97).
Ӯ омад, то ба башар ёдоварӣ кунад, ки шумо боарзиш ҳастед, худро дар чизҳои пасту ҳақир хулоса накунед, аз куҷо омадан ва ба куҷо рафтни худро бидонед. Касоне, ки ба суханонаш гӯш фаро доданд, натанҳо худро пайдо карданд ва ёфтанд, балки барои бедор карадни дигарон аз хоби ғафлат аз ҳамдигар сибқат гирифтанд ва ба тамоми нуқоти ҷаҳон ин паёмро расониданд. Миллатҳо вақте ин паёмро шуниданд, бо ишқу алоқа пазируфтанд ва фаҳмиданд, ки ончиро инҳо дар зиндагӣ кам доштанд, он чизе нест, ки ситамгарон барои онҳо ваъда медиҳанд, балки он чизе аст, ки Расули Худо (с) оварадааст, ниёз ва гумшудаш аст, ки мо ба дунболаш будем.
Ӯ омад....!