Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳар рӯз ошуро ва ҳама ҷо Карбалост

            Ин сухан ки «کُلُّ یَوْمٍ عَاشُورَا و کُلُّ أَرْضٍ کَرْبَلاء» ҳар рӯз ошӯро ва ҳама ҷо (рӯӣ замин) Карбалост. Манзур ва маънои ин сухан чист? Баъзеҳо гуфтанд: ҳадисе аз Имом Содиқ (рз) аст ва дар китобҳо омадааст, баъзе дигар ҳадис будани онро напазируфтанд ва далел оварданд, вале мо бо ҳадис будан ё набудани он дар инҷо коре надорем, балки ба дунбли он ҳастем, ки бифаҳмем ва таҳлил кунем, ки ин сухан ба чӣ маъност ва тафсираш чист?.

          Ин ҷумла ду матлабро баён мекунад ва ё беҳраш ин ки ду бахш дорад.

       1- Дар таҳлили ин сухан "کُلُّ یَوْمٍ عَاشُورَا" ҳар рӯз ошӯрост," бояд гуфт: Ишора ба фарҳанг ва суннати илоҳӣ дорад, ки дар зиндагӣ ва рӯзгори инсонҳо ҷорӣ аст. Яъне ҳодисаҳои таърих такрор мешаванд, ҳамон тавре, ки дар Карбало ҳақу ботил дар муқобили ҳам қарор гирифт ва золимон бо тамоми қудрат мехостанд ҳақро нобуд кунанд, имрӯз ҳам чунин аст; лашкари ҳақу ботил дар муқобили ҳам ҳастанд, зулм ба макон ва замони хоссе ҳамонанди Карбало ва ба замони ҳамчун ошӯро маҳдуд намешавад, золимон имрӯз шояд худро дӯстдори Имом Ҳусайн (рз) муаррифи кунанд. Вале касонеро, ки ҳадаф ва шиори Имомро мехоҳанд амал кунанд, ба қатл бирасонанд. Ҳар инсоне бояд бидонад, ки имрӯз чи нақш ва таклифе дорад, агар бидонад ва онро ба дурусти ва дар замони муносиби худ анҷом диҳад, ҳақ ва дини Худо мавриди ситами ситамгарон қарор намегирад.

        Ҳар рӯз ошӯро аст. Магар дар рӯзи ошӯро чӣ иттифоқе афтод? Дар рӯзи ошӯро ҳақ бо тамоми дороӣ дар муқобили ботил истод ва худро фидо кард, то дин бимонад, арзишҳо бимонанд, яктопарастӣ ва тавҳид аз байн наравад.

        Имрӯз ҳам ҳақ ҳақ аст ва ботил ботил, имрӯз ҳам золимон агар тавонистанд динро ба нафъи худ истифод мекунанд, имрӯз ҳам агар инсонҳое ҳамонанди Ҳусайн (рз) дар муқобили ботил наистад мусалмонон хору залил мешаванд ва иззату эҳтироми инсонӣ аз байн меравад; дин бозичаи дасти ситмгароне мешавд, ки барои ҳадафҳои палиди худ истифода мекунанд.

         Бар асоси ҳаидиси Пайғамбар (с) ҳодисаи Карбало дар зиндагии инсонҳо ҷорӣ ва дар таърих мондагор аст. Мо инсонҳо бояд худро дар саф ва гурӯҳи Имом Ҳусайн (рз) қарор бидиҳем, на дар сафи Язидиёни замонамон, то он ҳарорат ва равшаниеро, ки ҳодаисаи Карбало дар дилҳо ба вуҷуд овардааст, эҳсос кунем.

           Расули Худо (с) фармуданд:

«إنَّ لِقَتْلِ الْحُسَیْنِ حَرَارَةٌ فِی قُلُوبِ الْمُؤْمِنِینَ لَنْ تَبْرُدَ أَبَداً»           

     "Ҳамоно дар қатли Имом Ҳусайн дар қалбҳои мӯъминин ҳарорат ва гармое шуълавар мешавад, ки ҳаргиз сард нахоҳад шуд."

        2- Кисмати дувуми ин сухан "و کُلُّ أَرْضٍ کَرْبَلاء" "ва ҳамаи ҷои замин Карбало аст" Ишора ба ин дорад, ки ҳамаи замин бояд ҳамонанди кореро, ки дар Карбало шуд анҷом диҳад ва таклифи худро бишиносад. Замини Карбало дар рӯзи ошуро чӣ кор кард? Ҷуз ин буд, ки Имом Ҳусайн (рз) бо тамоми вуҷуд дар ин макон дар муқобили зулму ботил истодагӣ кард? Ҷуз ин буд, ки ин замин пояҳои ларзони ҳукумати золимони замонаро ба ларза даровад ва заминаи фурӯпошияшро фароҳам кард?. Имом барои мубориза бо золими замони худ ёргирӣ кард ва ба ҳар касе ки эҳтимол ҳамроҳӣ медод, нома навишт ва хутба хонд, мавъиза кард, то ҳақро ёрӣ кунанд ва дар Карбало ҳозир шаванд.

       Карбалои ҳар касе фарқ дорад, шояд имрӯз мо ва шумо дар карбалои худ бошем, қатъан ҳастем, вале онро раҳо кунем ва касонеро ки адолатхоҳ ва ислоҳгар бошанд, танҳо бигӯзорем ва аз таклифе, ки дорем ғофил шавем, ҳамон тавр ки Имомро танҳо гузоштанд, танҳо бигӯзорем ва ё на ҳамонанди Имом Ҳусайн (рз) дар саҳна бимонем ва ҳамонанди ёронаш бо тамоми вуҷудамон аз ҳақ ҳимоят кунем.

        Гӯзашти замон ҳодиса ва ҳадафи карбалоро набояд аз зеҳнҳо бибарад ва инсонҳо фаромӯш кунанд, ки вазифа чист ва бояд чикор кард? Нури ҳақиқат хомӯш намешавад, вале шояд мо дар гурӯҳи ҳақиқатхоҳ ва дар масири дуруст набошем, бадтар аз он дар муқобили ҳақ ва дар гурӯҳи ботилон ва аз касоне бошем, ки бар рӯи ҳақ шамшер мекашанд.

       Пас маънои сухани “ҳар рӯз ошӯро ва ҳама ҷо (рӯӣ замин) Карбалост” ин шуд, ки ҳадаф ва ғарази ошӯро ҳақиқате аст, ки фаромӯш намешавад. Дар замонҳо ва маконҳо ҷараён дорад. Инсон бояд эҳтиёт кунад, ки дар муқобили он қарор нагирад. Ғафлат боис нашавад, ки ҳадафи рӯзи ошӯро ва замини Карбало фаромӯш шавад.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст