Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Муддаиёни дин вале дин надоранд!
Имом Ҳусайн (рз) ҳамон тавре, ки дар баҳсҳои қаблӣ гуфта шуд, барои ислоҳи дар дин қиём карда буд, чаро ки дин, дар миён диндорон ба бозӣ ва масхара гирифта шуда буд. Мардум дар зоҳир диндор буданд, намоз мехонданд ва рӯза мегирифтанд, вале таваҷӯҳи беш аз ҳад ба дунё боис шуда буд, ки аҳкому дастуроти диниро ноқис ва ба таври дилхоҳ амал кунанд, Қуръони Карим вақте яҳудро сарзаниш мекунад; мегӯяд: Шумо ба баъзе аз оятҳо ва аҳкоми Худо пойбанд ҳастед, вале нисбат ба баъзеи дигар кофир шудаед.
«...أَ فَتُؤْمِنُونَ بِبَعْضِ الْكِتابِ وَ تَكْفُرُونَ بِبَعْضٍ...»
“Пас, оё ба қисмате аз Китоб[-и Таврот] имон меоваред ва ба қисмате куфр меварзед?” (сураи Бақара, ояти 85)
Худованд дар инҷо ба мусалмонон ёдоварӣ мекунад, ки чунин набошанд, ки аҳкомро бо дилхоҳи худ амал кунанд ва ҳар кадомеро, ки хостанд бигиранд ва агар нахостанд раҳо кунанд, ҳамонанди қавми яҳуд. Чунин амале нисбат ба дин масхара кардани дин аст.
Имом Ҳусайн (рз) дар суханони худ ба чунин диндороне дар замони қиёмаш ишра мекунад ва дар воқеъ сарзаниш мекунанд мусалмононро, ки чаро чунин шудед? ва фармуданд:
«النَّاسُ عَبِيدُ الدُّنْيَا وَ الدِّينُ لَعِقٌ عَلَى أَلْسِنَتِهِمْ يَحُوطُونَهُ مَا دَرَّتْ مَعَايِشُهُمْ فَإِذَا مُحِّصُوا بِالْبَلَاءِ قَلَّ الدَّيَّانُونَ»
“Мардум бандагони дунё ҳастанд. Дин лақлақаи забони онҳост, то зиндагияшон мечархад дам аз дин мезананд ва чун рӯзи имтиҳон пеш меояд, диндорон кам хоҳанд шуд”.
Мардум бо забон ба диндорӣ ва мутадайин будан эътироф мекунанд, вале дар ҳақиқат динро ба бозӣ ва масхара гирифтанд, то замоне ки дин барои онҳо сӯду манфиати моддӣ дошта бошад диндоранд, вале замоне ки имтиҳон пеш омад диндорон кам мешаванд.
Имом Ҳусайн (рз) ба ин нукта такид мекунад, ки он ҳама эҳтиром ва идаои муҳаббате, ки ба аҳлу байти Пайғамбар (с) мекардед, куҷо шуд? Ҳоло замони пас додани имтиҳон аст, ки набояд имом ва пешвои шумо танҳо монад, вале ин мудаиёни дину диёнат дар сафи душман ва дар муқобили имом қарор гирифтанд; чаро?; Чун бандагони дунё ҳастанд, на бандаи Худо. Онҳо бо ваъдаҳои пӯч ва дуруғини Бани Умая барои қатли Имом Ҳусайн (рз) омада буданд, чун бандаи дунё буданд ва ба имоми худ пушт карданд.