چاپ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Фалсафа ва ҳикмати бало ва имтиҳон

             Карона вирус имтиҳон ва ибтилое аст, ки бо баргашти башар ба фитрати илоҳӣ ва дини ҳақ аз байн меравад ва зарарҳои башарро Худованд худ ҷуброн мекунад.

              Вижагиҳои имтиҳони илоҳӣ ин аст, ки ногаҳонӣ ва бидуни ин ки ба инсон эълон ва гуфта шавад, ба сараш меояд. Гоҳе инсон лаҳза ба лаҳза имтиҳон мешавад, аммо худ бехабар аст. Имтиҳони кӯчак ва бузург.

          Баҳси муҳим дар фалсафа ва ҳадафи имтиҳон ва озмоишҳо чист? Бо ин ки Худованд огоҳии комил ба тамоми ҳастӣ аз ҷумла инсон дорад, боз чаро имтиҳон мекунад? Имтиҳонро касе мекунад, ки намедонад, ки шумо тавоноӣ доред ё на, ҳадаф аз имтиҳон ошкор шудани тавоноии тарафи муқобил аст. Худованд, ки медонад инсонҳо чи тавоноӣ доранд ва дар иддаояш рост мегӯяд ё дуруғ, пас чаро имтиҳон мекунад?

            Нахустин ҳадаф ва фалсафаи ибтило ва гирифториҳо бозгашти инсон ба ҳолати ниёз, тавозуъ ва бандагӣ дар баробари Худованд аст. Бисёре аз инсонҳо муваффақиятҳои худро натиҷа ҳушу талоши худ медонанд ва сармаст аз ин муваффақият ҳастанд, то инҷо дуруст аст, натиҷаи саъю талош муваффақият аст, аммо донистани худ боис мешавад, ки инсон худро саркаш, туғёнгар ва бениёз дар баробари Худо бидонад.  

«كلاَّ إِنَّ الْإِنْسانَ لَيَطْغى‏ أَنْ رَآهُ اسْتَغْنى»       

            "Ҳаргиз чунин нест; ҳамоно инсон туғён мекунад, Ҳамин ки худро бениёз бинад."(Сураи Алақ,5 -6)

          Банда ҳеҷ вақт аз мавлои худ бениёз нест, ҳар вақт ин дуруғро бовар кард ва эҳсос кард, ки бениёз аст, дар ҳамон лаҳза бандаи шайтон ва ё ҳар чизи пасттар аз худаш мешавад. Лизо Худованд намегузорад бандагонаш гирифтори чунин фиребе шаванд ва бандагии шайтонро кунанд, ба ин хотир онҳоро гирифтори бало ва мусибат мекунад, то ба фитарти Худоҷӯӣ ва Худопарастӣ баргарданд.

            Фалсафа ва ҳадафи бисёре аз имтиҳонот ва балоҳое, ки Худованд мефиристад эҷоди эҳсоси тазарӯъ, ниёз ва баргашт ба Худованд аст.

           Инсон дар зиндагии рӯзмарра гирифтори масъалаҳои моддӣ шуда ва худро бениёз аз Худованд медонад, ҳол он ки ӯ шадидан ниёзманди тазарӯъ, фурӯтанӣ ва илтиҷо дар баробари Худованд аст:

«و ما أَرْسَلْنا في‏ قَرْيَةٍ مِنْ نَبِيٍّ إِلاَّ أَخَذْنا أَهْلَها بِالْبَأْساءِ وَ الضَّرَّاءِ لَعَلَّهُمْ يَضَّرَّعُون»             

           "Ва дар ҳеҷ ободие паёмбаре нафиристодем, магар ин ки аҳли онро ба сахтӣ ва зиён гирифтор кардем; то шояд тазаррӯъ кунанд."(Сураи Аъроф,94).

              Инсон ниёзманд аст, ки ба сӯи Худо баргардад, лизо Худованд бало мефиристад, то ӯ баргадад:

«و قَطَّعْناهُمْ فِي الْأَرْضِ أُمَماً مِنْهُمُ الصَّالِحُونَ وَ مِنْهُمْ دُونَ ذلِكَ وَ بَلَوْناهُمْ بِالْحَسَناتِ وَ السَّيِّئاتِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُون‏»            

           "Ва онҳоро дар замин ба гурӯҳҳое тақсим кардем, ки баъзе аз онон солеҳ ва баъзе аз онон ғайри ин ҳастанд; ва онҳоро бо некиҳо ва бадиҳо имтиҳон кардем, то шояд онон бозгарданд." (Суари Аъроф,168).

«و لَقَدْ أَهْلَكْنا ما حَوْلَكُمْ مِنَ الْقُرى‏ وَ صَرَّفْنَا الْآياتِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُون»      

           "Ва ба таҳқиқ он чи аз ободиҳоро, ки атрофатон буд, ҳалок кардем; ва оятҳоро гуногун баён кардем, шояд онҳо бозгарданд." (Сураи Аҳқоф, 27).

          Бар асоси ин оятҳо фалсафа ва ҳикмати ибтилоҳо ва имтиҳонҳои инсон, тавозӯъ ва фурӯтанӣ ба даргоҳи илоҳӣ аст, лизо ҳарчи зудтар ин ҳолат дар мардум ва дар ҷомеа эҷод шавад ва онҳо ба Худо баргарданд, балоҳо ва ибтилоҳо зудтар аз байн хоҳад рафт. Аммо то замоне, ки ин амр (тазарӯъ ва фурӯтанӣ ба даргоҳи Худованд) иттифоқ наафтад, балоҳо идома хоҳад дошт.

             Ончи фасод ва балоҳоро аз байн мебарад

          Бар асоси ривоятҳо, агар уммате пас аз ибтило ва имтиҳони илоҳӣ бо зорӣ ва тавалло ва ниёз ба даргоҳи Худо баргарданд, тамоми ончиро, ки дар он озмоиш ва бало аз даст додаанд, Худованд ҷуброн мекунад ва бар онҳо бармегардонад. Албатта шарташ баргашти содиқона ва ҳақиқӣ бошад, ки аз рӯи шавқ ва ризоятмандона аст, на аз рӯи ҳилла ва найранг ва ё норизоятӣ.

              Ҳазрати Али (к) мефармояд:

  وَ أَيْمُ اللَّهِ ما كانَ قَوْمٌ قَطُّ فِى ‏غَضّ‏ نِعْمَةٍ مِنْ عَيْشٍ فَزالَ عَنْهمْ إِلّا بِذُنُوبٍ ‏اجْتَرَحُوها، لِأَنَّ ‏اللَّهَ‏ ‏لَيْسَ‏ ‏بِظَلّامٍ‏ ‏لِلْعَبِيدِ وَ لَو أَنَّ النَّاسَ- حِينَ تَنْزِلُ بِهِمُ النِّقَمُ وَ تَزُولُ عَنْهُمُ النِّعَمُ فَزِعُوا إِلى رَبِّهِمْ بِصِدْقٍ مِنْ نِيَّاتِهِمْ وَ وَلَهٍ مِنْ قُلُوبِهِمْ لَرَدَّ عَلَيْهِمْ كُلَّ شارِدٍ وَ أَصْلَحَ لَهُمْ كُلَّ فاسِدٍ...  

              Ба Худо савганд, ҳаргиз аз миллате нозу неъмати зиндагӣ гирифта нашуд, магар ба хотири кайфар (ҷазои)-и гуноҳоне, ки анҷом додаанд, чун Худованд бар бандагони худ ситам раво намедорад. Агар мардум ба ҳангоми нузули балоҳо ва гирифта шудани неъматҳо, бо ниятҳои росту содиқонаи худ, дар пешгоҳӣ Худо нолаю зорӣ кунанд ва бо қалбҳои пур аз муҳаббат, аз Худованд дархости бахшиш намоянд, он чӣ аз дасташон рафта боз хоҳад гашт ва ҳар гуна фасоде ислоҳ хоҳад шуд.(Наҳҷулбаллоға, хутбаи, 178).

           Баргашт ба сӯи Худо бояд мондагор бошад

          Инсонҳо гоҳе дар балоҳо баргашт ба сӯи Худо мекунанд, зориву тавало мекунанд, то Худованд аз балоҳо наҷоташон диҳад, аммо ҳамин ки бало бартараф шуд, Худоро фаромӯш мекунанд ва роҳи ширку куфру саркаширо дар пеш мегиранд, Қуръон дар ин маврид мефармояд, ки ҳангоме дар кишти савор мешаванд ва туфони шадид мешавад, ки кишти дар ҳоли ғарқ шудан аст, ҳамаги ба сӯи Худо бар мегарданд, аммо ҳамин ки ба соҳил расиданд ва наҷот пайдо карданд, боз дубора ба ғафлат боз мегарданд.

«فإِذا رَكِبُوا فِي الْفُلْكِ دَعَوُا اللَّهَ مُخْلِصينَ لَهُ الدِّينَ فَلَمَّا نَجَّاهُمْ‏ إِلَى الْبَرِّ إِذا هُمْ يُشْرِكُون»        

         "Ва ҳангоме, ки бар киштӣ савор шаванд, Худоро дар ҳоле ки динро барои Ӯ холис гардонидаанд, мехонанд; ва ҳангоме, ки онҳоро ба сӯи хушкӣ наҷот диҳад, ногаҳон онҳо ширк меварзанд;" (Сураи Анкабут, 65).

          Натиҷаи баҳс

        Имтиҳонҳо ва балоҳое, ки бар сари башар меояд, барои тарбият ва баргашташ ба сӯи Худованд аст. Инсон бояд ҳамеша вазифаи бандагияшро анҷом диҳад ва ҳангоме ки ба чизе ( илму андеша, молу сарват) даст ёфт, саркашу мағрур нашавад, то туғёнгарӣ кунад.

         Башар бояд баргашт ба сӯи Худованд дошта бошад ва итоату бандагии Ӯро баҷо оварад ва ин дар инсон ва ҷомеа мондагор бошад, на ин ки баъд аз балоҳо дубора ба туғён ва саркашӣ шурӯъ кунад.

        Ҳар андоза тавба ва надомат аз саркашию куфру ширк зудтар бошад, бало ва бемориҳо зудтар аз ҷомеа дафъ мешавад. Дар Қуръон омадааст, ки вақте қавми ҳазарти Юнус (а) балоро диданд ва зуд ба тавба ва баргашти ба Худо доштанд, бало пеш аз он ки ворид шавад ва ҷомеаро аз байн бибарад, бартараф шуд.

        Башар барои бартарф шудани карона вирус лозим аст, баргашт ба Худо кунад, ва ин ҳолати бандагиро дар худ ва ҷомеа ҳифз кунад, то аз ин бало наҷот пайдо кунад ва ба балоҳои сахттаре гирифтор нашаванд.

      Иснонҳо бо чашми худ мушоҳида мекунанд, ки кишварҳои сармаст ба қудрати худ ва кишварҳое, ки фикр мекарданд дигар ниёзе ба Худо надоранд ва худ аз паси дафъи ҳар балое бармеоянд, бештар аз ҳар касе дигар гирифтораш шуданд ва дар ин бало ҳатто мӯъминон ҳам гирифтор шуданд.

      Ва агар қудратҳо ва инсонҳо қарор бошад зиндагии дур аз бало ва гирифториҳои ғайри қобили ҷуброн шаванд, бояд ба фитрат ва дини илоҳӣ баргарнад, то ҳам ҷубароне бошад бар ин балои азим ва ҳам дар амон бошанд аз балоҳое, ки дар сурати саркашӣ ва нофармонӣ боз дубора хоҳад омад.

زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 509