Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Худованд рӯзирасон аст
(Қисми панҷум)
Эй Пайғамбар (с) бигӯ ба мардум, чӣ касе аз осумону замин ба шумо рӯзӣ мерасонад?
Инсон табиатан аз ин ки намедонад рӯзияш аз куҷо ба дасти ӯ мерасад нороҳат аст. Ин нигаронӣ замоне дар инсон бештар ва баештар мешавад, ки нигоҳи дини ба ҷаҳони ҳастӣ надошта бошад. Андеша ва нигаронӣ барои рӯзӣ ҳамеша дар инсон будааст, лизо Худованд бо бартараф кардни он мехоҳад инсонро аз ин ҳама саргардонӣ наҷот диҳад ва ба воситаи рӯзӣ таваҷҷӯҳашро ба Худо ҷалб кунад.
قُلْ مَنْ يَرْزُقُكُمْ مِنَ السَّماءِ وَ الْأَرْضِ أَمَّنْ يَمْلِكُ السَّمْعَ وَ الْأَبْصارَ وَ مَنْ يُخْرِجُ الْحَيَّ مِنَ الْمَيِّتِ وَ يُخْرِجُ الْمَيِّتَ مِنَ الْحَيِّ وَ مَنْ يُدَبِّرُ الْأَمْرَ فَسَيَقُولُونَ اللَّهُ فَقُلْ أَ فَلا تَتَّقُونَ
"Бигӯ: «Чӣ касе аз осмону замин шуморо рӯзӣ медиҳад? Ё чӣ касе молики гӯш ва чашмҳост? Ва чӣ касе зиндаро аз мурда берун меоварад ва мурдаро аз зинда берун меоварад? Ва чӣ касе корро тадбир мекунад?» Пас, ба зудӣ мегӯянд: «Худо»; ва бигӯ: «Пас, чаро тақво пеша намекунед?»" (Сураи Юнус, ояти 31)
Нукта:
Худованд аз миёни тамоми аъзои бадани инсон ба чашм ва гӯш таъкид кардааст, шояд бахотири он бошад, ки дар миёни аъзои бадан, коромадтарин қуваҳо ин ду бошанд, чаро ки бештарин иттилооте, ки дар зеҳни инсон вуҷуд дорад аз ин ду тариқ аст.
أَمَّنْ يَمْلِكُ السَّمْعَ وَ الْأَبْصارَ
"Ё чӣ касе молики гӯш ва чашмҳост?"
Паёмҳои оят:
1. Шеваҳои савол ва водор намудани инсонҳо ба тафаккур ва ирҷоъ ба фитрати худ, аз вазифаҳои мураббиёни осмонӣ аст. "قُلْ مَنْ يَرْزُقُكُمْ" "Бигӯ: Чӣ касе шуморо рӯзӣ медиҳад?"
2. Худованд, осмону заминро барои рӯзирасонӣ ба инсон бакор гирифтааст. يَرْزُقُكُمْ مِنَ السَّماءِ وَ الْأَرْضِ "Аз осмону замин шуморо рӯзӣ медиҳад."
3. Рӯзӣ додан, офариниш ва идора кардани ҷаҳони ҳастӣ аз суннатҳои ҳамешагии Худованд аст. Ҳамонтавре ки мегӯяд: рӯзӣ медиҳад, молики гӯш ва чашмҳои шумост, зиндаро аз мурда берун меоварад ва мурдаро аз зинда берун меоварад, тадбир мекунад, намегӯяд, ки тадбир мекард, балки мекунад мегӯяд; яъне Худованд ҳамеша ба шумо рӯзӣ медиҳад.
4. Ҷаҳони ҳастӣ ҳамеша ба тадбир ниёз дорад ва ягонагӣ дар тадбир, нишон аз ягонагӣ дар рубубият аст (парвариш ва тарбият) "مَنْ يُدَبِّرُ" чӣ касе корро тадбир мекунад?.
5. Рӯзии мо, шунидан ва дидани мо, зиндагӣ ва марги мо, ҳама ба дасти Худо аст, ҷуз ӯ касе ва чизе дар инҷо тавоноии ҳокимият надаорад.
"أَمَّنْ يَمْلِكُ السَّمْعَ وَ الْأَبْصارَ... فَسَيَقُولُونَ اللَّهُ"
"Ё чӣ касе молики гӯш ва чашмҳо... Пас, ба зудӣ мегӯянд: Худо."
6. Мушрикон ҳам дар даруни худ, Худоро офаринандаи ҷаҳони ҳастӣ медонанд. "فَسَيَقُولُونَ اللَّهُ " "Пас, ба зудӣ мегӯянд: Худо офаринандаи ҷаҳони ҳастии аст."
7. Бовар ва эътиқод кифоят намекунад, амали солеҳ ҳам лозим аст. "فَسَيَقُولُونَ اللَّهُ فَقُلْ أَ فَلا تَتَّقُونَ" "Пас, ба зудӣ мегӯянд: «Худо»; ва бигӯ: «Пас, чаро тақво пеша намекунед?»"
8. Шинохт ва илм дар инсон заминасози тақво ва парҳезкорӣ аст. "فَسَيَقُولُونَ اللَّهُ فَقُلْ أَ فَلا تَتَّقُونَ" Пас, ба зудӣ мегӯянд: «Худо»; ва бигӯ: «Пас, чаро тақво пеша намекунед?
Идома дорад....