Иди Қурбон ҷилвае аз тақарруб, фидокорӣ ва таслим
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Калимаи “ид” дар луғат ба маънои “бозгаштан” ва дар истилоҳ ба маънои бозгаштан ба сӯи Худои Мутаол аст.
Қурбонии ҳазрати Иброҳим (а)
Худованд ба ҳазрати Иброҳим (а) дастур дод, ки фарзанди азизу дилбандаш ҳазрати Исмоил (а)-ро қурбонӣ кунад. Вақте ҳазрати Иброҳим фармони Худоро ба фарзандаш расонд, ҳазрати Исмоил (а) гуфт: “Падарҷон, ҳар чи дастур дода шудаӣ анҷом бидеҳ, ба хости Худо маро аз сабркунандагон хоҳӣ ёфт.” Исмоил даст дар дасти падар дар саҳрои Мино ба сӯи қурбонгоҳ мерафт ва хушҳол буд, ки Худованд ӯро барои қурбонӣ баргузидааст. Иброҳим пешонии фарзандро бар хок ниҳод ва кордро бар гулӯи фарзандаш гузошт. Корд хеле бурранда буд, вале камтарин асаре дар гулӯи Исмоил нагузошт. Аз ин ҳолат Иброҳим дар ҳайрат фуру рафт ва чандин бор кордро ҳаракат дод, аммо нидо омад: “Эй Иброҳим, ту аз ин имтиҳон пирӯзу сарбаланд берун омадӣ! Пас дӯстии Худованд муборакат бод!
Иди Қурбон ҷилваи тақарруб ба Худо
Иди Қурбон мазҳари бандагии Худо, наздикӣ ба ӯ ва таслими фармонаш будани иброҳимиён аст. Ин рӯз замони наздикии мусулмонон ба Худои Мутаол дар сояи бандагӣ бо қурбонӣ кардани азизҳо ва чизҳои боарзиши худ ба даргоҳи “азизтарин”, яъне Худои Мутаол аст.
Ҳар касе ризояти худро фидои ризояти Худо кунад, аз доштаҳояш барои иҷрои фармони Худо бигузарад ва аз хостаҳои дили хеш дар роҳи ирода ва хости Худо чашм пӯшад ба Худо наздик мешавад.
“Қурбонӣ” василаи қурб ба Худо ва иди Қурбон рӯзи фидокорӣ, ихлосу ишқ ва наздикӣ ба Парвардигор ва озод шудан аз вобастагиҳои шахсӣ ва дунявӣ дар пешгоҳи иродаи Аллоҳ аст.
Ҳазрати Иброҳим аз имтиҳони Худо сарбаланд берун омад ва ҳозир шуд фарзанди дилбандашро дар роҳи ризои Худо қурбонӣ кунад. Ислом низ хостааст, ки мусулмонон ҳар сол иди Қурбонро ҷашн бигиранд, то ин аслу арзишҳои муқаддасро ҳамеша дар назар дошта бошанд ва барои иҷрои фармонҳои Худои Мутаол ва ба даст овардани ризояти Аллоҳ омодаи ҳар гуна фидокорӣ ва аз худгузаштагӣ бошанд.
Иди Қурбон нишонае аз таслими комил
Иди Қурбон бо ёдоварии хотираи ҳазрати Иброҳим ва Исмоил (а), нишона ва самбуле аз таслими маҳзу комил барои иҷрои фармони Худоро пеши рӯи муъминон ба намоиш мегузорад ва ба мусулмонон меомӯзад, ки на танҳо бояд фақат бо забону гуфтор, ваҳдонияту ягонагии Худовандро тасдиқ кунанд, балки бояд бо тамоми вуҷуди хеш, таслими маҳзу комили Худо ва ҳаққу ҳақиқат бошанд.
Ҳоҷиён низ бо анҷоми аъмоли Ҳаҷ таслими маҳзу комил будани худро дар баробари Худованд эълон медоранд ва бо Иброҳими Халилуллоҳ (а), раҳбари таслимшавандагони маҳз дар баробари дастуроти Илоҳӣ ҳамроҳ ва ҳамзабон мешаванд.