چاپ

 

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Худованд рӯзирасон аст

(Қисми чаҳорум)

Чаро шайтон инсонро аз гуруснагӣ метарсонад?

             Шайтон инсонро аз фақр ва тангдастӣ метарсонад, ҳамон тавре ки имрӯза баъзеҳо бо равишҳои гуногун инсонро метарсонанд, ки гуруснагӣ дар пеш аст, агар ин корро накуни аз гуруснагӣ нобуд мешави! Бо ин тариқ афродро ба ҳаромхӯри роҳнамоӣ мекунанд, чаро ин шайтон ва шайтонсифатон чунин коре мекунанд? Ҳадаф аз ин тарсондан чист? Шайтон ба дунболи чист ва аз тарсондани инсон чӣ ба даст меоварад? .

              Худованд дар Қуръон мефармояд:

«الشَّيْطانُ يَعِدُكُمُ الْفَقْرَ وَ يَأْمُرُكُمْ بِالْفَحْشاءِ وَ اللَّهُ يَعِدُكُمْ مَغْفِرَةً مِنْهُ وَ فَضْلاً وَ اللَّهُ واسِعٌ عَلِيم»        

             “Шайтон шуморо ваъдаи фақр медиҳад ва ба зиштӣ фармон медиҳад; ва Худо шуморо аз ҷониби Худ ваъдаи омурзиш ва афзунӣ медиҳад; ва Худованд кушоишгари доност”. (Сураи Бақара, ояти268).

          Аз нигоҳи Қуръон шайтон яке аз душманоне аст, ки инсонро аз фақр ва тангдастӣ метарсонад, Инсон дар асари ошуфтагии зеҳнӣ дучори рафторҳои номуносиб мешавад ва сабру бурдубориро аз даст медиҳад ва ба некӣ ва хайр рағбат пайдо намекунад.

             Баҳси ин оят инфоқ ва бахшиш аз моле аст, ки Худо дар ихтиёри инсон қарор додааст. Инсон вақте аз моли худ мехоҳад инфоқ кунад ва дасти бародари нотавони худро бигирад, шайтон монеъ мешавад ва инсонро метарсонад, ки имрӯз дигаронро кӯмак куни фардо фақр ва тангдастӣ ба суроғи худат меояд.

             Бояд гуфт ки бақо ва идомаи зиндагӣ барои шайтон ва шайтонсифатон бар ин аст, ки дар ҷомеа фаҳшо ва беҳаёӣ зиёд бошад, дасти бенавоён аз тарафи афроди тавоно гирифта нашавад. Шайтон бо ҳамроҳонаш ба дунболи камранг шудани инсоният дар ҷомеа аст. Фаҳшо, ҳасад, бухл ва фитна дар ҷомеа зиёд шуд нерӯи шайтонӣ қудрат мегирад. Гӯш додан ба даъватҳои шайтон; яъне канор гузоштани дастуроти Худо ва камранг шудани сифатҳои инсонӣ аст.

             Агар инсон ба сухани шайтон гӯш диҳад, шайтон аз ду тараф ба натиҷа мерасад: 1. Ин ки шуморо ба бухл даъват мекунад ва шумо мепазирӣ ва аз моли худ чизе бахшиш намекунӣ.

«الشَّيْطانُ يَعِدُكُمُ الْفَقْرَ»            

               "Шайтон шуморо ваъдаи фақр медиҳад.

           Ҳамин ки инсон ба Худо гумони бад кунад ва сухани шайтонро гӯш диҳад кифоят мекунад, шайтон натиҷаи дувумро худ ба даст меоварад. 2. Фақироне, ки бояд шумо дасташонро мегирифтед, кутоҳӣ кардед, даъвати онҳо ба фаҳшо ва фасод осон мешавад ва шайтон барои ин кӯмаки шумо ба худаш аз шумо ташакур мекунад.   

« وَ يَأْمُرُكُمْ بِالْفَحْشاءِ»          

                "Ва ба зиштӣ фармон медиҳад;"

             Шайтон ҳам ту ва ҳам бародари фақири туро, ки кӯмакаш накардӣ ба даст меоварад. Шайтон бо тарсондани инсон боис мешавад ки ӯро аз кӯмаки бенавоён дур кунад ва дар натиҷа инсони бетафовут ба фуқарои ҷомеа шавад, ки ҳадафи асоси шайтону шайтонсифатон аст. Инро шайтон дар қалби шумо меандозад ва ӯ ҷуз ба ботил ва гумроҳӣ роҳнамоӣ немекунад.

        Вале Худованд бо ин бахшиш ва кӯмак барои бародари мӯъминат мехоҳад дастатонро бигирад ва ба суи мағфират ва инсоният бибарад.

«وَ اللَّهُ يَعِدُكُمْ مَغْفِرَةً مِنْهُ وَ فَضْلاً وَ اللَّهُ واسِعٌ عَلِيم»

"ва Худо шуморо аз ҷониби Худ ваъдаи омурзиш ва афзунӣ медиҳад; ва Худованд кушоишгари доност."

Ин бовар, ки чаро Худованд бахшиш аз моли ва дорои худ ба фуқароро барои мо дастур додааст, магар худаш наметавонад, ки дасти онҳоро бигирад? Сухан ва бовари мунофиқон аст. Мунофиқон ва яҳудиён фикр мекарданд ки Худо хазинааш холӣ шудааст, лизо аз мо кӯмак мехоҳад!

 Дар оятҳои дигар ба ин таъкид шудааст, ки мунофиқон ин бовари худро ошкор карданд ва ба касоне, (ҳамфикронашон) ки дорои амвол буданд, насиҳат мекрданд, ки аз моли худ ба фақирон кӯмак накунанд, то аз дини Худо берун шаванд ва атрофи Пайғамбар (с)- ро холӣ кунанд, то онҳо ба ҳадафҳои палиди худ даст ёбанд.

            «هُمُ الَّذِينَ يَقُولُونَ لا تُنْفِقُوا عَلى‏ مَنْ عِنْدَ رَسُولِ اللَّهِ حَتَّى يَنْفَضُّوا» 

"Онон касонеанд, ки мегӯянд: «Ба касоне, ки назди Паёмбари Худо ҳастанд, инфоқ накунед, то пароканда шаванд»,"

Мунофиқон ба мусалмонҳои тавоно чунин мегӯянд, то ҳам аз инфоқи онҳо монеъ шаванд ва ҳам битавонанд Пайғабар (с)- ро шикаст бидиҳанд. Худованд барномаи онҳоро баҳам мерезад ва як нуктаи муҳимро дар идомаи оят меоварад, ки ин инфоқи шумо барои наҷот ва рушди худи шумост, вагарна Худо бениёз аз кӯмаки шумо аст.

«وَ لِلَّهِ خَزائِنُ السَّماواتِ وَ الْأَرْضِ وَ لكِنَّ الْمُنافِقِينَ لا يَفْقَهُون»

"дар ҳоле ки хазинаҳои осмонҳо ва замин аз они Худост, валекин онҳо хуб намефаҳманд". (Сураи Мунофиқон,ояти 7).

Худованд мехоҳад шумо ҷомеа ва фақиронро фаромӯш накуед ва бо дастгирии онҳо аз худ ҳам ғофил нашавед, ҳамон тавре ки Худо шуморо рӯзии фаровон додааст, метавонад фуқаро ва бечорагонро низ бидиҳад, хазинаҳои осмонҳо ва замин аз они Худост. Аз ин барнома, ки аз амволи худ бахшиш кунед ва дасти фақиронро бигиред, Худованд манзур даорад, ки тарси аз фақр ва даъватҳои шайтон боис нашавад, ки шумо аз ёди бародаронатон ғофил шавед, ҷолиб аст, ки шаайтон тарс аз гуруснагиро дар замони дороӣ ба инсон ёдоварӣ мекунад на замони ки фақир аст.

Идома дорад....

زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 548