Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Худованд рӯзирасон аст
(Қисми севвум)
Рӯзии ҳаром ва ҳалол
Баъзе аз инсонҳо ба фикри худ мехоҳанд зиракӣ кунанд ва бо молои ҳаром дар роҳи дин хидмат кунанд, то битавонанд бо ин шева миёни дунё ва охират (бо ба даст овардни моли ҳаром дар дунё) ҷамъ карда бошанд. Яъне ду маҳолеро, ки наметавонанд бо ҳам ҷамъ шаванд, ҷамъ кунанд, ин як таваҳҳуми шайтонӣ аст, ки динро мехоҳанд, вале на ба он маъное ки Худо ва Пайғамбараш гуфтааст, ки аз ҳаром даст бикашанд. Ин гуна инсонҳо бояд бидонанд, ки ба амри маҳол такя кардаанд.
Зиндагии ин гуна ашхос бо ҳила ва макр аст, онҳо мехоҳанд бо ин равиш он фитрат ва виҷдони даруни худро қонеъ кунанд, то аз сарзаниши он дар амон бошанд, сарзанишҳои даруниро аз худ дур кунанд, то роҳаттар битавонанд молу сарвати ҳаромро дар зиндагии худ ворид кунанд.
Ин виҷдон ва фитрат то замоне барои инсон ёдоварӣ мекунад, ки ба таври комил хомӯш нашуда бошад, вале он фтирати пок ва виҷодни солиме, ки ба сӯи торикӣ дар ҳаракт аст, то кай метавонад дар баробари туфони шадид ва вайронгар тоқат ва тоб биоварад? Рӯзе аз он ҳам мебурад ва дигар барояш ҳалолу ҳаром фарқе намекунад. Даромад бо ҳар шевае, ки бошад мешавад ҳадаф, ҳарчанд гирифтани нолаи дигарон бо ситам бошад.
Афроде, ки имрӯз дигар ба ҳалолу ҳаром таваҷӯҳ намекунанд, онҳо як шаба ба чунин ҷой нарасидаанд, аз аввал онҳо ҳам муроқибатҳое мекарданд ва дар омадани ҳаром дар хонаашон мувозибат мекарданд, вале дар тӯли мудат ва бо мубориза бо худ аз ҳаром парҳез мекарданд. Дар асари хурдани ҳаром қалб, рӯҳ ва афкорашон зангор гирифтааст ва дигар ойин нест, ки неку бадро барояшон нишон диҳад.
Ин ҳаромҳо боис мешавад, ки инсон худро фаромӯш кунад ва баҷои ин ки худро аз ҳаром ҳифз кунад, ҳамонанди кабк ба ҷое ки худро аз бало ҳифз кунад, ба ғафлат сарашро зери барф мекунад, вақте ғафлат бар инсон ҳоким шуд, таваҳҳум ва фаромӯшӣ дар зиндагияш ҳоким мешавад. Вақте ҳарому ҳалоли Худоро фаромӯш мекунад, Худо низ ӯро фаромӯш мекунад:
«وَ لا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنْساهُمْ أَنْفُسَهُمْ أُولئِكَ هُمُ الْفاسِقُون»
"Ва монанди касоне набошед, ки Худоро фаромӯш карданд, пас, [Худо] худашонро аз ёдашон бурд; онҳо худ фосиқонанд." (Сураи Ҳашр, ояти19).
Шайтон дар инсон моли ҳаромро зинат медаҳад ва дар ниҳоят ин инсон аст, ки дар масири ӯ қарор мегирад. Шайтон бар инсонҳо тасаллут надорад, ӯ танҳо бар фиребхӯрдаҳо фармонравоӣ мекунад, кори ӯ ҷилвагарӣ аст, ин инсон аст, ки ӯро пешво ва роҳбари худ интихоб мекунад.
Идома дорад....