Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Худо рӯзирасон аст
Қисми дуввум
Рӯзии ҳаром, ҳамон рӯзии ҳалол аст, ки ҳаромаш мекунем!
Инсон он рӯзииро мехурад, ки Худоанд бароияш тақдир кардааст ва бештар аз он наметавонад чизе бихурад ва аз неъмати рӯзӣ истифода кунад. Савол ва шубҳа дар инҷо мараҳ аст, ки касони ки дар зиндагияшон моли ҳаром мехуранд чигуна аст? Оё он моли ҳаром рӯзии онҳо ба шумор меравад ё на? Магар Худованд рӯзӣ ҳаромро барои инсон тақдир мекунад ё на? Посух ин пурсишҳо чист?.
Дар посух ба ин савол ва шубҳа, аввал бояд диққат дошт, ки ҳар моли ки дар даст ва тасаруфи инсон бошад, чи аз роҳи ҳалол ба даст оварда бошад ва чи аз роҳи ҳаром, рӯзӣ ӯ ба шумор намеравад, шахси омад наздияке аз авлиёи иллоҳи мехост ӯро ба тамасхур бигирад, дар даст себи дошт рӯ ба он марди иллоҳи карду гуфт: Ин рӯзӣ ман аст ё на? Он марди тамасхургар бо худ андешида буд ки агар ин марди Худо бигӯяд бале рӯзӣ шумост онро дур меандозам, вале агар бигӯяд он рӯзӣ шумо нест онро мехурам, дар ҳар ҳол ҳадафаш тамасхур буд. Вале бо посухи хирадмандонаи рӯбарӯ шуд ки интизор надошт. Он марди Худо посух дод ки агар онро хурди ва аз галуи ту поён рафт рӯзӣи шумост ва агар чунин набошад рӯзӣ шумо нест. Ин посух боиси шуд ки он марди тамасхургар сарафканда шавад ва даст аз тамасхур бардорад. Посухи дода шуд як паёми муҳим доарад, он ҳам ин ки ҳар чизе дар даст ва тасаруфи инсон бошад ба ин маъно нест ки рӯзӣ ва ризқаш аст, шояд балои бошад бар ҷонаш ва рӯзӣ фарди дигари бошад.
Дар инҷо ду ҳадисеро ки ба ин пурсиш посух медиҳанд меоварем, то барои рушан шудани матлаб кумак кунад. Аз Ҳазрати Пайғамбар (с) ҳадис аст ки фармуданд:
«... أَلَا إِنَ الرُّوحَ الْأَمِينَ نَفَثَ فِي رُوعِي أَنَّهُ لَا تَمُوتُ نَفْسٌ حَتَّى تَسْتَكْمِلَ رِزْقَهَا فَاتَّقُوا اللَّهَ عَزَّ وَ جَلَّ وَ أَجْمِلُوا فِي الطَّلَبِ وَ لَا يَحْمِلَنَّكُمُ اسْتِبْطَاءُ شَيْءٍ مِنَ الرِّزْقِ أَنْ تَطْلُبُوهُ بِشَيْءٍ مِنْ مَعْصِيَةِ اللَّهِ فَإِنَّ اللَّهَ تَبَارَكَ وَ تَعَالَى قَسَمَ الْأَرْزَاقَ بَيْنَ خَلْقِهِ حَلَالًا وَ لَمْ يَقْسِمْهَا حَرَاماً فَمَنِ اتَّقَى اللَّهَ عَزَّ وَ جَلَّ وَ صَبَرَ أَتَاهُ اللَّهُ بِرِزْقِهِ مِنْ حِلِّهِ وَ مَنْ هَتَكَ حِجَابَ السِّتْرِ وَ عَجَّلَ فَأَخَذَهُ مِنْ غَيْرِ حِلِّهِ قُصَّ بِهِ مِنْ رِزْقِهِ الْحَلَالِ وَ حُوسِبَ عَلَيْهِ يَوْمَ الْقِيَامَة» الكافي ج5 ؛ ص80
"Огоҳ бошед ки Ҷабрайл (а) дар рӯҳи ман дамид(бар ман фуруд омад), ки ҳеҷ кас намемирад магар ин ки рӯзияшро ба таври комил ба даст меоварад. Пас тақвои иллоҳиро баргузинед ва дар талаби рӯзӣ, ҳарис набошед ва дер расидани рӯзӣ, шуоморо барои ба даст овардани он ба маъсият ва гуноҳ (аз роҳои ҳаром ба даст овардани рӯзӣ) нисбат ба Худо наандозад, чаро ки ончи дар назди Худои мутаол аст ба даст намеояд магар ба итоат. Ҳақиқат ин аст ки Худованд рӯзиро байни халқаш тақсим намуд, пас ҳаркаси ба ҳарими иллоҳи беҳурмати кунад ва шитоб намояд ва аз роҳи ғайри ҳалол онро ба даст оварад, рӯзӣ ҳалолаш қатъ мешавад дар ҳоле ки ҳисоби он рӯзӣ ҳаромро бояд дар қиёомат пас диҳад."
Нуктаҳои ҳадис
Ин ҳадис нуктаҳо зиёде доррад ки қобили диқат аст, чанд маврид аз онҳо зикр мешавад:
- Чизҳое назди Худо ҳаст, ки шарти расидани онҳо ба бандагон итоат аз Худованд аст ва риоят накардани ҳалолу ҳаром боиси берун шудан аз итоати Худованд мешавад.
- Ҳар андоза ки инсон аз рӯзии ҳаром масраф кунад, ба ҳамон андоза аз рӯзии ҳалолаш кам мешавад.
- Масраф кардан аз рӯзии ҳаром, рӯзии ҳалоли шуморо аз байн мебарад. Пас ба ин маъно нест, ки хурдани моли ҳаром ишколе надорад, балки бояд посухи он рӯзии ҳаромро инсон бидиҳад.
Дар ҳадиси дигар аз Ҳазрати Имом Ризо (а) аст, ки он ҳам ба ин нукта ишора дорад, ки мефармояд:
وَ اتَّقِ فِي طَلَبِ الرِّزْقِ وَ أَجْمِلْ فِي الطَّلَبِ وَ اخْفِضْ فِي الْمُكْتَسَبِ وَ اعْلَمْ أَنَّ الرِّزْقَ رِزْقَانِ فَرِزْقٌ تَطْلُبُهُ وَ رِزْقٌ يَطْلُبُكَ فَأَمَّا الَّذِي تَطْلُبُهُ فَاطْلُبْهُ مِنْ حَلَالٍ فَإِنَّ أَكْلَهُ حَلَالٌ إِنْ طَلَبْتَهُ مِنْ وَجْهِهِ وَ إِلَّا أَكَلْتَهُ حَرَاماً وَ هُوَ رِزْقُكَ لَا بُدَّ لَكَ مِنْ أَكْلِه «الفقه المنسوب إلى الإمام الرضا عليه السلام؛ ص251»
"Имом Ризо (а) мефармояд: Ва дар талаби рӯзӣ тақворо риоят кун ва ба рӯзии кам розӣ бош ва дар касби мол миёнаро интихоб кун ва бидон ки рӯзӣ ду навъ аст; рӯзие, ки ба дунболи ту аст ва рӯзие, ки ту ба дунболи он ҳастӣ, пас он рӯзие, ки ту ба дунболи он ҳастӣ, аз тариқи ҳалол онро дунбол кун, ки агар онро аз роҳи дуруст дунбол карда бошӣ бароят ҳалол аст ва агар онро аз роҳи ҳаром ба даст оварда бошӣ, истифода аз он барои шумо ҳаром аст, ҳарчанд ки он рӯзии ту аст-чи ҳалол ва чи ҳаром- ва ҳатман ту аз он истифода хоҳи кард."
Дар поёни ҳадис такид шудааст, ки ҳарчанд онро ба ҳаром масраф кардаи ҷуз рӯзӣ худат нест, ва ту ки онро ба ҳаром масраф кардаӣ, пас бояд посух бидиҳӣ.
Гоҳе инсон рӯзиро бо роҳи ҳалол ба даст меоварад, аммо дар роҳи ҳаром масрафаш мекунад. Ба ин хотир бояд инсон дар ба даст овардани рӯзияш эҳтиёт кунад ва коре накунад, ки рӯзии ҳалолаш қатъ шавад ва ӯ аз роҳи ҳаром рӯзӣ бихӯрад.
Ҳар ду ҳадис ба ин нукта таваҷҷӯҳ карданд, ки инсон набояд дар ҷаҳони ҳастӣ ва зиндагӣ ҷойгоҳи рӯзирасонии Худовандро фаромӯш кунад. Чаро ки фаромӯш кардани Худо ва ба даст овардани рӯзӣ аз роҳи ҳаромро бояд дар назди Худованд посух бигӯяд.
Идома дорад....