Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Худо рӯзирасон аст

Қисми аввал

Чаро аз тарси ин ки гурусна монед фарзандонатонро мекушед?

Инсон агар ба ризқу рӯзӣ нигоҳи дуруст он гуна ки дин ва шариати Ислом гуфтааст надошта бошад, мепазирад ки ҳатто аз тарси гуруснагӣ фарзанди худро, ки аз ҳама бештар дӯсташ медорад ба қатл мерасонад. Чаро ки тарс аз гуруснагӣ аз худи гуруснагӣ ба инсон зарба мезанад ва ваҳшате ки инсонро фаро мегирад, зеҳнаш аз тафакур мемонад, лизо даст ба чунин ҷинояте мезанад. Қуръон мефармояд:    

«وَ لا تَقْتُلُوا أَوْلادَكُمْ خَشْيَةَ إِمْلاقٍ نَحْنُ نَرْزُقُهُمْ وَ إِيَّاكُمْ إِنَّ قَتْلَهُمْ كانَ خِطْأً كَبِيراً»

"Ва фарзандонатонро аз тарси тангдастӣ макушед; Мо онҳо ва шуморо рӯзӣ медиҳем; ҳамоно куштани онҳо гуноҳи бузургест." (Сураи Исро ояти 31)

нуктаҳо

  • Дар ин оят арабҳое, ки чунин рафтореро бо фарзандони (маъмулан фарзанди духтар) худ мекарданд, мавриди хитоб қарор мегиранд ва Худованд ҳам бо қотеият наҳй мекунад аз ин рафтор "وَ لا تَقْتُلُوا أَوْلادَكُمْ".
  • Худованд дар ин оят ба як нуктаи муҳим ишора кардааст, он ҳам ин ки мефармояд: Онҳо аз тарси гуруснагӣ фарзандони худро мекуштанд, на аз худи гуруснагӣ, тарс аз гуруснагӣ бо худи гуруснагӣ ду чизи аз ҳам ҷудо ҳастанд "خَشْيَةَ إِمْلاقٍ" аз тарси тангдастӣ.
  • Ин рафтори зишт ва палид бархоста аз як баварӣ буд, ки имрӯза ва дар замони мо ҳам тарафдорани зиёде дорад, ин ки инсон фикр мекунад рӯзидиҳандаи фарзандонашон онҳо ҳастанд на Худованд. Ба инхотир Худованд мехоҳад ин бовари ғалатро аз зеҳну фикри инсон берун кунад.

"وَ لا تَقْتُلُوا أَوْلادَكُمْ خَشْيَةَ إِمْلاقٍ نَحْنُ نَرْزُقُهُمْ وَ إِيَّاكُمْ"

"Ва фарзандонатонро аз тарси тангдастӣ макушед; Мо онҳо ва шуморо рӯзӣ медиҳем;"

Шарҳу тафсир

Инсон дар асари беимонӣ нисбат ба Худованди Мутаол ва бетаваҷҷӯҳӣ ва бедиққатӣ ба ин ки ӯ танҳо васила ва воситае аст, ки Худованд ба дасташ– дасти падар ـба фарзанд рӯзӣ мерасонадро фаромӯш кард ва бар асари ғафлат худро мустақил донист ва барои худ истқлол қоил шуд; фикр кард ки рӯзии худро худ медиҳад ва аз занашро ҳам ки худаш медиҳад, ба ин хотир нигарон шуд, ки фарзандашро аз куҷо рӯзӣ бидаҳад? Танҳо роҳаш инаст, ки фарзанд надошта бошад, ҳол ки фарзанде шудааст, беҳтар аст ки ӯро кушта ва ба қатл бирасонад, то худ гурусна намонад.

Ин бовар ҳарчанд бисёр ғалат дар тӯли таърих тарафдороне дошта ва дорад ва ҳар кадом ҳам бо равиши худ ба ин эътиқод амал мекунад. Дар гузашта ва дар миёни араби ҷоҳил бо зери хок кардани фарзандон ба ин ақида амал мекарданд ва имрӯза аз он хушунат ва ваҳшати амал кам шуда ва бо равишҳои дигар анҷом мешавад, ҳарчанд Қуръон гуфтааст, хато ва гуноҳи бузург аст.

"إِنَّ قَتْلَهُمْ كانَ خِطْأً كَبِيراً" ҳамоно куштани онҳо гуноҳи бузургест.

Ин навъ боварҳо чи дар гузашта ва чи дар ҳоли ҳозир аз васвасаҳои шайтон буда ва ҳаст, чи шайтон аз навъи инсон бошад ва чи аз ҷин. Ин як навъ таҳлили ғалат аз рӯзӣ додан ба фарзандон аст.

«الشَّيْطانُ يَعِدُكُمُ الْفَقْرَ وَ يَأْمُرُكُمْ بِالْفَحْشاءِ وَ اللَّهُ يَعِدُكُمْ مَغْفِرَةً مِنْهُ وَ فَضْلاً وَ اللَّهُ واسِعٌ عَلِيم»

“Шайтон шуморо ваъдаи фақр медиҳад ва ба зиштӣ фармон медиҳад; ва Худо шуморо аз ҷониби Худ ваъдаи омурзиш ва афзунӣ медиҳад; ва Худованд кушоишгари доност”.(сураи Бақара, ояти268)

Ва дар поён бояд гуфт: Боварҳои ғалати инсон аст, ки боиси бадтарин рафторҳо мешавад, инсон ва ҷомеае ки боварҳои ғалат дар зиндагӣ дошата бошанд, табиӣ аст, ки аз онҳо чунин рафторе сар бизанад, ҳуввияти як ҷомеа ва шахсияти як инсонро боварҳо ва андешаҳояш рақам мезанад, вақте ҷойгоҳи Худованд дар ҷаҳони ҳастӣ фаромӯш шуд ва бовари ин ки фарзандон ва ҷомеаро мо рӯзӣ мерасонем, дар зиндагӣ ҳоким шуд, фарзандро мекушанд. Вале агар падар дар хона ва ҳокимон дар ҷомеа бидонанд, ки онҳо воситаи рӯзирасонӣ ба хонавода ва ҷомеа ҳастанд, дигар ин мушкилот пеш намеояд ва дасти падар ба қатли фарзандаш хунолуд намешавад ва ё ҷомеа аз таваллуди фарзандон монеъ намешавад, ҳамон тавре ки имрӯза дар баъзе аз кишварҳо ҷилавгирӣ аз доштани фарзандони бештар роиҷ аст.

Идома дорад....

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст