Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Фурсатҳои моҳи мубораки Рамазон
Фурсати Рамазон дар ҳоли гузар аст, мисли абри баҳорӣ, деҳқон дар баҳор дер биҷунбад, фурсатро аз даст додааст. Бояд барои зинда мондани худ ва чаҳорпоёнаш дасти гадоӣ ба деҳқонҳое, ки фурстро ғанимат шумурдаанд, дароз кунад. Инсонҳо ҳамагӣ монанди деҳқон ҳастанд, моҳи Рамазон ҳам фурсате барои ҷамъоварии маҳсулот, ки дар тӯли сол инсонро бениёз кунад, аст. Моҳи Рамазон моҳи бедорӣ аз ғафлатҳо ва наҷот ёфтан аз саргармиҳои беҳуда аст.
Бузургон ва орифони мусалмон дар равиши тарбиятии худ, аввалин қадамро бедор шудан аз хоби ғафлат медонанд, то инсон шурӯъ кунад ба тарбияти нафси худ. Орифон истилоҳе доранд ба номи "яғза" яъне бедор шудан аз хоби ғафлат ва хаёлот ва ислоҳи боварҳо аст. Инсон бо андешаҳо ва афкораш зиндагӣ мекунад, лизо бояд онҳоро хуб павариш диҳад, то аз гумроҳӣ ва саргардонӣ наҷот пайдо кунад, дар назар бигиред як инсонеро ки биноияш кам аст ва айнак мегузорад, то беҳтар бибинад, ӯ бахотири ин ки хуб бинад, мураттаб шишаҳои айнакашро тамиз мекунад. Боварҳо ва нигоҳи инсон ҳам чунин аст, бояд мураттаб парвариш дода шаванд, ислоҳ шаванд, то ҳақоиқро беҳтар ва он гуна ки ҳаст бибинад.
Гардҳои рӯи айнак монеъ аз диди инсон мешавад, лизо бояд тамиз шавад, боварҳо ҳам чунин аст, гардҳои мисли: кинаҳо, ғафлатҳо, ҳасодатҳо ва худфаромӯшиҳо боис мешавад, ки инсон ҳақ ва маорифи диниро хуб набинад. Рамазонро ки Худованд моҳи раҳмат ва мағфират аз гуноҳон гуфтааст, дарк накунад ва нафаҳмад, аз канораш бетафовут бигзарад, моҳи раҳматро моҳи сахтгирӣ аз ҷониби Худо медонад. Дар ин моҳ бояд талош кард, ки чизҳои ғайри зарурӣ, моро ба худаш машғул накунад. Ба чизҳои хуб ва андешаҳои мусбат фикр кунем. Гумонҳо ва афкори манфӣ набояд барои инсон бузург шаванд. Ҳуснизан нисбат ба дигарон дошта бошем ва афкори палидро берун бирезем.
Хоҷа Ҳофиз мегӯяд, муратаб дилро посбонӣ мекунам, то дил маро машғули корҳои ғалат накунад.
Решаи бадбиниҳо ва афкори манфӣ ба хотири ҳамнишини бо афроди манфибоф ва бадбин аст. Лизо ин моҳ фурсат эҷод мекунад, ки ба фикри худ бошем ва аз нишасту бархост бо афроди манфибоф дурӣ кунем ва ба ҷойи он бо олими динӣ ва аҳли маърифат нишасту бархост дошта бошем, то ба маърифат ва огоҳиямон изофа шавад.
Нишасту бархост бо афроди манфибоф инсонро ба ҳар гуноҳ ва ба ҳар пастие мебарад. Бародарони ҳазрати Юсуф (а) ҳамааш бад набуданд, балки чанд нафаре аз онҳо бад буд, ки фикри манфиро дар зеҳнашон қарор доданд ва дар ниҳоят як амалеро анҷом доданд, ки ҳайвон ҳам чунин бераҳмиро нисбат ба ҳамнавъи худ намекунад, чи бирасад ба инсон нисбат бо бародараш! Чаро чунин карданд? Чаро кор ба инҷо кашида шуд, ки онҳо даст ба чунин кори бад ва хатарнок заданд? Бахотири ин ки дар ҳасодат ва бераҳмӣ гирифтор шудаанд, бародари худро зери чоҳ андохтанд, вақте Худо аз чоҳ наҷоташ дод, ба хотири ин ки фикрашон палид шуда буд боз ҳам нафамиданд, қудрати Худоро надиданд, дубора омаданд ва ба пули ночизе бародарашонро фурухтанд, онҳо ҳар рӯз медиданд, ки падарашон бо чи садои нола мезанад дар фироқи Юсуф, аммо ба қадри аз инсоният дур шуда буданд, ки ҳеҷ раҳме ба падари пири худ накарданд, ҳатто он касоне ки дар рӯзи аввал ҳақро пушониданд ва сукут карданд, натавонистанд ба инсонияти худ баргарданд. Рости чишуд ки пайғамбарзодаҳо ба чунин пасти ва бемаърифати расиданд, ки дар ҳақи падар ва бародарашон ин корро карданд?
Ҷуз ин аст, ки дар ғафлат ва хиёлҳои ботил ба сар мебурданд? Инсон агар аз фурсатҳо истифода накунад ва худро фаромӯш кунад, дар дасти шайтон гирифтор мешавад, шайтон ки ба пайғамбарзода ҳам раҳм намекунад, ӯ аз Худо изни инҳирофи инсонро гирифтааст, Худо ҳам ба ӯ иҷозат дод, аммо ба инсон чизҳое дод, ки метавонад шайтонро ноумед кунад. Моҳи Рамазон аз ин фурсатҳо аст, дасту пои шайтон баста аст. Дар ин моҳ изни гумроҳ карданро надорад, магар ин ки инсон худ аз ихтиёраш истифода карда ба хонаи қалбаш даъваташ кунад. Дар ин моҳ бо саҷдаҳои тулонӣ, андеша ва тафаккур, дурӣ аз гуноҳ, худро парвариш бидиҳем ва рӯҳу ҷонамонро аз пастӣ ва палиди наҷот диҳем:
Гар бихоҳи маърифат дар рӯҳу ҷон ё дар вуҷуд
Гар бихоҳи иззату рушду таоли, кун суҷуд
Касби рӯзӣ кун ҳалолу тарки ҳар гуна гуноҳ
Мебарад боло туро, аз пастию аз ҳар рукуд.