Тафаккури кури салафигарӣ ба маънои хоссаш аз куҷо ба вуҷуд омад ва чигуна рушд кард? Ҷараёнҳои гуногуни он чист ва бо ҳам чӣ ихтилофе доранд?
Дар посух бояд гуфт, ки ҳеҷ асаре аз ин тафаккур дар қарнҳои нахустини таърихи Ислом нест ва танҳо аз қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ аст. Ин тафаккур бо зуҳури фарди ҳанбалимазҳаб ба номи Ибни Таймия шакл гирифт, аммо дар ҳамон замон низ бо мухолифати бузургони Аҳли тасаннун рӯ ба рӯ шуд ва ба фаромӯшӣ супорида шуд, то ин ки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар қарни дувоздаҳуми ҳиҷрӣ онро бо таъсиси ваҳҳобият дубора эҳё кард.
Ин масъаларо метавон бо руҷӯъ ба китоби миллатҳо, фирқаҳо ва мазҳабҳои мухталиф дарёфт, ки то зуҳури Ибни Таймия (вафот 728 ҳ.қ.) мазҳабе бо номи салафия дар таърих набуда ва ӯ муассиси ин мазҳаб аст. Аммо аз он рӯ ки бардоштҳо ва тафсирҳои нави худро ба саҳоба ва тобеон нисбат дод, масъала барои бисёре аз аҳли тасаннун ва бархе нависандагони ташайюъ муштабаҳ шуд ва нависандагони зиёде эҷоди мазҳаби салафиро ҳамон тавр ки Ибни Таймия меписандид то даврони саҳоба пеш бурданд ва дар амал ба густариши андешаҳои ӯ ва салафия кӯмак карданд. Аммо ончӣ имрӯз ба унвони тафаккури салафия баён мешавад ҳамон тафсирҳо ва бардоштҳои иштибоҳи Ибни Таймия аз мафоҳиме ҳамчун "тавҳид ва ширк", суннат ва бидъат ва мафоҳими дигар аст, ки мутаассифона ба исми салаф (саҳоба ва тобеон) гуфта мешавад.
Бинобар ин бояд мактаби салафияро мактаби Ибни Таймия номид, зеро ончӣ имрӯз ба унвони афкори салаф ва мазҳаби салафия дар манобеъ ва расонаҳо матраҳ мешавад ҳамон афкори Ибни Таймия аст, ки ба номи салаф (саҳоба ва тобеон) ба зеҳну рӯҳи миллатҳо расонда мешавад, аммо мутаассифона бао дар назар гирифтани шароити сиёсӣ ва иҷтимои минтақа ва ҷаҳони Ислом мухолифатҳои аҳли тасаннун бо Ибни Таймия камранг шуда ва пули Арабистон низ ба ин масъала кӯмак мекунад.