Дар солҳои гузашта хабарҳои даҳшатноке аз кушторҳои ваҳшатноки гуруҳҳои такфирӣ дар садри ахбори ҷаҳон гирифт. (Албатта набояд қатли омҳо ва ваҳшигариҳои қудратҳои бузург ва мустакбири ҷаҳон мисли Амрико дар ишғоли Афғонистон ва Ироқро аз ёд бурд. Нуктаи муҳимми дигар ин аст, ки тамоми мухолифони Ислом мутаассифона роҳро барои таблиғу тарвиҷи саҳнаҳои дилхароши гуруҳҳои ҷинояткори такфирӣ боз ва ин ҳама ҳайвонияти онҳоро ба номи "Давлати Исломӣ" дар ҷаҳон пахш карданд то Исломро бо неруҳои дар зоҳир муҷоҳид бадном кунанд.) Куштани 1700 инсони бегуноҳ дар Мавсели Ироқ, сар буридани 21 масеҳӣ дар Либия, куштани 12 корманди маҷаллаи фаронсавӣ, дуздидани 200 духтари дар ҳоли таҳсил дар Ниҷерия ва даҳҳо ҷинояти дигар натиҷаи тафаккури такфирии Ибни Таймия ва пайравони он аст, ки гоҳ ба номи Ваҳҳобият ва гоҳ ба номи ал-Қоида ё ДИИШ ошкор мешавад.
Дар даҳаи ахир ба вижа се даҳаи гузашта гуруҳҳои зиёде зоҳир шудаанд, ки ҷуз куштор, хушунат ва бадном кардани чеҳраи раҳмонии Ислом самаре надоштанд. Ин гуруҳҳои ифротӣ мисли ваҳҳобият бо кӯмаку пуштибонии истикбор ва истеъмор пояҳои худро қавӣ карданд ва акнун ин тафаккур ба номи Исломи салафӣ ба куштори дигарон хоҳ мусулмону хоҳ масеҳӣ пардохта на танҳо дунболи оташафрӯзӣ ва ҷанги шиаву суннӣ аст, балки ҷанги Ислом ва масеҳиятро шуълавар месозад.
Тафаккури кури салафигарӣ ба маънои хоссаш аз куҷо ба вуҷуд омад ва чигуна рушд кард? Ҷараёнҳои гуногуни он чист ва бо ҳам чӣ ихтилофе доранд? Ва саволҳои зиёди дигаре, ки зеҳни мусулмонони бедору ҳушёрро ба худ машғул кардааст, ки дар чанд қисмат пешкаши шумо мегардад. Умед аст бо шинохти беҳтар худро аз гирифторӣ дар доми ин гуна ҷараёнҳои зиёнбор дар амон нигаҳ дорем. Ба тавфиқу ёрии Худо.