27 Раҷаб солрӯзи беъсати пурхайру баракати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ба паёмбарӣ дар ғори Ҳиро бар ҳамаи мусулмонону озодагони ҷаҳон муборак бод! Умедворем бо шинохти Расули Худо с ва Қуръони Карим пайрави шоиста барои он ҳазрат бошем!
Рӯзи беъсати Расули Худо(с) иди ҳама аст, на фақат иди мусулмонон. Таваллуди ҳар пайғамбаре ва бурузи ҳар беъсате ид ва рӯзи нав барои ҳамаи башарият аст. Пайғамбарони илоҳӣ ҳар кадом, ки омаданд, қофилаи саргардони башариро ба сӯи камол, илму ахлоқ ва адолат ронданд ва онҳоро як қадам ба мароҳили камоли инсонӣ наздик карданд. Ҳамаи хирадварзиҳои башар дар тӯли таърих аз таълимоти пайғамбарони Худо сарчашма мегирад. Ахлоқи инсонҳо - ки қудрати идомаи ҳаётро барои онҳо фароҳам мекунад - ва фазоили ахлоқӣ, ҳама таолими пайғамбарон аст. Андешаи тавҳид ва бандагӣ дар пешгоҳи Худо, дарси пайғамбарон аст. Онҳо зиндагиро барои инсонҳо омода карда ва онро ба майдони рушду ҳаракат ва такомул табдил карданд. Ва ҳазрати Муҳаммади Мустафо (Саллаллоҳу алайҳи ва Олиҳ) хотами пайғамбарон ва оварандаи сухану қонуни ниҳоӣ ва комилу тамом барои ҳидоят ва саодати башар аст.

Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд
Дили рамидаи моро анису мунис шуд
Нигори ман ки ба мактаб нарафту хат нанавишт
Ба гамза масъалаомузи сад мударрис шуд